Ибни Синоро нашинохтани туркҳо Эрдуғонро нороҳат кардааст
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия даъват намудааст, ки барномаи мактабӣ дар кишвараш иваз карда шавад. Ӯ аз он изҳори норизоӣ намудааст,ки мактаббачагони турк олимони маъруфи ғарб - монанди Алберт Эйнштейнро мешиносанд, аммо аз олимони мусалмон ва шинохтаи турк огаҳӣ надоранд. “Агар шумо пурсед, ки Эйнштейн кист, қариб ҳар нафаре бароятон посух мегӯяд. Вале чун бипурсӣ, ки Ибни Сино кӣ аст, аксар хомӯшанд”, изҳор намудааст Урдуғон зимни баргузории 19- умин Шӯрои миллӣ оид ба маориф дар музофоти Анталия.
Вақти маърӯзаи хеш, президенти Туркия ҳамчунин ба масъалаи фарҳанги ғарб дар ин кишвар дахл карда, аз он таассуф хӯрдааст, ки наврасону ҷавонони турк ситораҳои санъати эстрадаи ғарбро қариб ном ба ном медонанд. Вале аз саромадони фарҳанги турк бехабаранд. “Мо бояд аз ин ҷавонон ин масъаларо бипурсем. Онҳо метавонанд Бетҳовенро гӯш кунанд, аммо дар бораи Итри ва Деде эфендӣ (классикони мусиқии турк) низ маълумот дошта бошанд”,- баён доштааст президенти Туркия.
Ба андешаи роҳбари Туркия барномаи таълимӣ дар мактабҳо бояд барои рушди ҳисси эътимод ва тавозӯъ дар байни ҷавонони турк мусоидат намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |