Кампиракҳои тоҷикро кӣ “фанат”-и “фаҳш” мекунад?
Абдулазизи ВОСЕЪ
-Очаи Гулбердиҷон, очаи Биабасон гуфт, худут видиёи нави “Нури наҳзат”-а дорӣ, ростай?
-Ҳо, блутузта ҳуй ку, партомта...
8 нафар аз 11 касе, ки шаҳодат медиҳанд, зани дар навори фаҳшои “Нури наҳзат-8” Ғалатӣ Баротова аст, одамони синнашон ба қавле “ба якҷо расида”-анд. Бар илова шаш тани онҳо намояндаҳои ҷинси латиф мебошанд ва ҳамагӣ таъкид месозанд, видеоро дидаанд.
Чӣ ё кӣ солмандони тоҷик, ба вижа пиразанҳоро маҷбур мекунад чунин наворҳоро тамошо кунанд? Фарзидем тамошо кардан ҳаққи конститутсионии онҳо буд, аммо назди дурбин бешармона ва ҳатто бо як навъ ғурур онро ифшо кардан, хоси модари тоҷик аст? Шояд ин афрод аз рӯи мақоли “гоҳе Худову Расул, гоҳе хандаву усул” кор мегиранд? Аммо аз наворе, ки боло зикраш рафт, мешавад хулоса кард, мардум аз Худову Расул ҳарчӣ дуртар ва ба нағмаву усул ҳарчӣ наздиктар мешаванд.
Дар шароите, ки кишвар мушкили лимит дорад ва барқ танҳо соатҳое равшан мешавад, ки тамоми аъзои оила ҷамъанд, ин афрод чӣ гуна наворро дидаанд? Наход дар ҳалқаи наздикон гирди дастурхон нишаставу тамошо карда бошанд? Ё минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳадде пешрафта аст, ки ҳар мусафеду пиразан планшети ба интернет пайваст дораду даруни ошхона ё таппакхона даромада дарро қулф мезанад ва “секс” мебинад?
Шояд шеваи суҳбатҳои якмарому дилгиркунандаи “занакои лаби об” ҳам тағйир хӯрдаанд. Ба ин мазмун:
-Очаи Гулбердиҷон, очаи Биабасон гуфт, ки худут видиёи нави “Нури наҳзат”-а дорӣ, ростай?
-Ҳо, блутузта ҳуй ку, партомта...
Ҳар чӣ ҳаст, пардаи шарм ба оҳистагӣ аз фазои Тоҷикистон медарад. Шикофи аввал аз ҷониби кӣ ё киҳо буд, маълум нест, аммо нақши телевизионҳои давлатӣ дар ин росто кам нест. Онҳо буданд, ки “секси мулло”-ҳоро ба намоиш гузоштанд. Ҳатто аз намоиши наворҳои фаҳшо дар шабакаи кӯдакону наврасон - “Баҳористон” парҳез накарданд. Ҷои узр хостанд, баръакс худро дифоъ намуда, изҳор доштанд, ба хотири “тарбияи насли наврас” чунин наворҳо ба эфир рафтааст.
Аз чанд соли пеш, дискҳои амри маъруф ва мавъизаҳо аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ бардошта шуд. Шояд фурсате расида, ки наворҳои фаҳшоро дар дискфурӯшиҳо расман иҷозаи фурӯхтан бидиҳанд? Барои “тарбияи ҷомеа”. Ва ё варианти “3 D”-и онро таҳия кардаву дар кинотеатрҳо ба намоиш гузоранд ва барои нафарони синашон аз 40 боло дар дастрас кардани чипта тахфиф эълон шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |