Бахшҳо

Вазири тоҷик: Аз дурӯғу ҳақиқати Эрон то мубориза бо бадномсозиҳои Ислом

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, тоҷикон танҳо баъд аз фурӯпошии ҳукумати 70-солаи коммунистии шӯравӣ тавонистанд, аз ҳақиқати таърих ва дини мубини Ислом, ки наздик ба 99%-и аҳолии кишвар пайрави онанд, огаҳӣ ёбанд.

Орумбекзода, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Теҳрон қарор дорад, дар суҳбат бо хабаргузории “Ирна” гуфтааст, “давоми 70 соли ҳукумати коммунистии шӯравӣ таблиғоти манфӣ алайҳи Эрон ва Ислом ба ҳадде сахт буд, ки мо ин давлатро як кишвари мусулмононишини ифротӣ ва мутаассиб медонистем.”

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз раҳо шудани тоҷикҳо аз банди коммунизм ва огаҳӣ ёфтани онҳо аз ҳақиқати таърих, арзишҳо тағйир ёфта, дигар баҳсу ихтилофҳои бемаънои “Фирдавсӣ аз кӣ асту Рӯдакӣ мутааллиқ ба кадом кишвар аст?” поён ёфтаанд: “Эрон ва Тоҷикистон аз лиҳози динӣ, забонӣ ва қавмӣ бисёр ба ҳам наздиканд. Тоҷикҳо форсизабон, ориёӣ ва 99% мусулмонанд.”

Ӯ дар идома аз расонаҳои ҷаҳони Ислом даъват кардааст, дар баробари таблиғоти густурдаи дурӯғини Ғарб алайҳи ин дин ба муаррифии ҳақиқати Ислом ва омӯзаҳои он пардозанд: “ВАО-и кишварҳои исломӣ бояд дар баробари баъзе ворунасозиҳои Ғарб, ҳақиқати Исломро, ки ҳамон сулҳу созандагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ қоил аст, баён кунанд.”

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар Ғарб баъзеҳо талош доранд, аз Ислом як дини хушунатгарову таассуби кӯркурона ва нақзкунандаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон нишон диҳад: “Ислом волотарин ва нобтарин омӯзаҳоро барои тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон дар ҳама давру замонро ироа мекунад. Аммо душманон аз ҷаҳлу нодонии худи пайравони ин дин, ки решаи аслии мушкилот ва нокомии онҳо дар он аст, сӯиистифода карда, манофеи худро пиёда мекунанд. Арзиш ва таълимоти китоби Қуръон роҳи расидан ба як инсони комилро нишон медиҳад, адабу хирад, бузургдошти донишмандон, амалу афкори созанда ва пӯёро барҷаста мекунад.”

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар мавриди гуруҳҳои ДИИШ ва ал-Қоида изҳор доштааст, ки амали онҳо ҳеч рабте ба Ислом надорад ва китоби Қуръону равиши зиндагии паёмбар Муҳаммад (с) олитарин намуна ва беҳтарин далел барои исботи дини муҳаббату сулҳофар будани он аст.
Мӯҳр
Исфара
Як вактхо чаноби оли дар минбари смм аз ислом пуштибони карда буд баъдтар конуни манъи чавонон аз масчидро содир кард инхо хама комунистанд инхоро бовар кардан нашояд инхо маккоранд!

Шамсиддин, Акнун дуруст нигох кунегуфт вазир гуфт диишу алкоидав рабте ба Ислом надорад. Хамон хнит хам алкоидаву дииши дигар аст охир, маьнои сухани вазир яьне ифротгароен аз ислом нестанд.

saidzoda
точикхо аз бародарони Ирон садсолахо кафо мондаги
аз як ирони пурси ахвол то 30 намуди чавоб пешниход мекунад - агар аз як точик пурси - 1 е 2 чавоб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)