Бахшҳо

Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!

Як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот нашри матлабҳои зиддинаҳзатиро аз ҷониби худ тасдиқ карда, афзудаанд, ки ин вазифаи онҳост. Дар изҳороти ин гуруҳ, ки аз ҷониби Шодибой Атоӣ, як масъули Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улум нашр шудааст, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки ҲНИТ баробари ДИИШ ва Толибон барои ҷомеа хатар дошта, бояд аз байн бурда шавад. Ба иддаои онҳо хатари ҲНИТ рӯзафзун аст, чун вақтҳои охир дар худи Академия низ ҷонибдорони сиёсати Кабирӣ пайдо шудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳар ҳарфашон омодаанд, дар додгоҳ посух диҳанд.

Кормандони Академия бо нашри изҳорот тасдиқ кардаанд, гуруҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мавриди назар қарор додааст, онҳо мебошанд.

Дар изҳороти кормандони ин бахши академия, аз ҷумла омадааст, “муҳтарам Кабирӣ, як гурӯҳе, ки дар назар доред, кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошанд. Мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”

Кормандони Академияи улуми Тоҷикистон иддао доранд, ки “ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем.”

Пажуҳишгарони равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар таҳияи наворҳои зиддинаҳзатӣ даст надоранд ва танҳо матолиберо нашр мекунанд, ки асоси илмӣ доранд. Онҳо мегӯянд, омодаанд, ки ба ҳарфҳои худ дар додгоҳ посух диҳанд: “Тӯли моҳҳои охир мақолаҳое, ки кормандони ин марказ навишта бо чоп расониданд, моҳияти илмӣ-оммавӣ дошта, фақат дар натиҷаи омӯзишҳои илмӣ омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон ҳизбу ҳаракате ҳам вобаста нестанд. Онҳо ҷаҳонбинии илмиро тарғиб мекунанд ва соҳиби унвон ва ихтирооти илмӣ ҳам ҳастанд.”

Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест: “Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад. Ҳизби Шумо таҷассумгари симои миллати тоҷик нест ва дар оянда ҳам нахоҳад буд.”

Масъулини Академия аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хостаанд, аз омезиши дин бо сиёсат ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, вақтҳои охир дар Академияи улуми кишвар, аз ҷумла дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷонибдорон ва таблиғгарони идеологияи пешгирифтаи Муҳиддин Кабирӣ пайдо шудаанд, ки “ба ҷои таҳқиқоти илмӣ дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон ба тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби “Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен” тарғиб ва фазосозӣ мекунанд. Муаллифони изҳорот барои мисол, маҷмӯаи мақолаҳои Н. Одилов, Р. Назаров, К. Олимов, А. Шамолов, Х. Зиёев ва дигаронро бо номи «Ҳикмати таҳаммул» зикр кардаанд, ки аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии Марказ тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Бори аввал дар бораи чунин як маркази масъул мешунавам. Ба Шумо барор мехохам, агар панч сол пеш ин изхорот мешуд, аллакай самар меовард. Ба хар хол холо хам дер нашудааст, муваффакият!

Илхоми - Душанбе
хизби нахзати исломи аз худо нест ва Худованд якто асту ба хизбу хизббози ниёз надорад. Худованд барои бандагонаш куръонро офаридааст ва он бояд рахнамои хар нафар бошад. Ба хизб аъзо шудан маънои наздиу будан ба Худоро надорад, бояд бо дил ба Худо наздик шуд. Барои мисол: ман ба хизби нахзати ислом ниёз надораму нахохам дошт ва бояд бо дил ба Худованд наздик бошам.

Офарин, Устод гапи хака навиштан аз ин нахзатихо бояд эхтиёт шуд, чунки онхо фикру андешаи дуняви надоранд, ва худашон намедонан чи кор мекунанду чи максад доранд!

БЛЭЙД
агар ман 2 баробар пул дихам ба шумо, ххдт-ро танкид мекунед?? чанд сум фурухтед вичдонро??

Мухтарам "олимон" ! ПИВТ ягон бор фазосозии гайримилли ва гайридуняви накардааст ва ингуна савсатахоро илтимос нанависед, айб аст. Мардум куру кар нест ва тарики расонахо ва интернет мебинад, ки ПИВТ чи гуна амал мекунад ва шумо чи гуна амал мекунед. Офарин огои Кабири, шумо хакатан марди зираку доно хастед ва имруз барои Точикистон мисли шумо одамони болаёкат ва дурандешу ватандуст заруранд.

Озод
Ягон андешаи созанда надоранд ин чавонони ватан, афсус. Ба чойи акли худро истифода бурданд, бо бовархои куркуронаи худ ба акли арабхо кор мекунанд. Аз хоб хезед, аклро ба кор гиред!

Академикхои мухтарам шархи шумо ба суханони як олими масехи,ки гуфта аст,;Дар чамъияте,ки конунхои ислом риоя мешаванд,чамъияти идеали хохад буд;,чист?

Академикхо,шархи шумо ба суханхои як олими масехи,ки гуфта аст,;Дар чамъияте,ки конунхои шариати ислом риоя мешаванд,чамъияти идеалист,;,чист?

54
Чавоби булачабе наход ки илми точик инкадар хор шудааст ки академисюн ба хизбу нафарон кордор бошад,ин чигуна мулохизарони аст ки бар зидди точики худаш ин гапхоро роич донистаанд.О бародаро аъзоени хизби номбурда ва Кабири из марс нестандку ин хо хам точики худамон хастанд хайр акидаашон дигар будааст баъд чи ?демократия гуфта чор задем инкадар курбони додем боз яккафикри ба гузарем чунин аст максади унхо?

додгар
Агар инҳо АКАДМИК бошанд МУЛО НАСРУДДИН ФАЙЛАСУФ аст
кори ин академикҳоро агар аз наздик бинед ҳам механдед(ба ҳоли худашон) ҳам гиря мекунед(ба ҳоли миллат)
аз субҳ то зуҳр корашон сигареткаши ва дар фазои пур аз дуду буй шашкабозиву шахматбозӣ. Зуҳр ки шуд аввал баррасӣ мекунанд ки дар куҷо маросим ё худоӣ ё ягон тую хурдани бепул аст агар набуд пул ҷамъ карда ягончи абед мекунанду баъдаш полни бак арақ хурда мераванд ба хонаҳояшон.
агар бовар намекунед як руз рафта то абед ҳамроҳашон шинед албатта агар он фазову он дуду буйро таҳамул карда тавонед
озодагон агар ғамхори миллат боши чоп кун Шуморо ба Худо қасам

Хами ХНИТ исломи хубро сиеси карда мусулмононро чанг дохтанияй чи? Главни мо мусулмонем, ба нахзату пахзат мухточ нестем. Дар масчид мерави амри маъруф хаст, ягон кас аз ончо пеш намекунад, бахазур намозатро мехони, боз чи мефоратта.Токи дори, риш дори, дар хонаат занату духтарат сатр дорад, рузаю намозата бахазур ичро мекуни, хамин аст мусулмони. Кабири мулло бошад, равад дар масчид расман суханхои диниашро бигуяд.

Антигург
тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби “Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен -агар хамин рост бошад мубаллигонро бояд абадан ба хабс махкум кард ё ба чубаи дор овехт .зеро хатто нобтарин дин хам бо тафаккури турки ва узбаки омехта гар шавад тахрибкор фитнаангез ва зиддиинсони мешавад ва мохияти Худомехварии худро мебозад..инро ману мое на балки торихи чандасра ва чандхазорсолаи башар собит карда на далели академикро мехохад ва на фатвои муллоро, вассалом

ШУМО ХАМОН, ЯК ГРУХ АКАДЕМИ
КХО НАБУДЕД,КИ ТЕСАКИ ФАШИСТРО
БА ХОКИ ВАТАН ДАВАТ КАРДА БУДЕД?
ЧОМА ХАМ,ПУШОНДЕД. ДАР ЮТУБ
( ТЕСАК В ТАДЖИКИСТАНЕ) ФИКР ХАМ
НАКАРДЕД ,КИ АЗ ХИСОБИ ОН ШАХИДОН
МУХОЧИР МАОШ ХАМ МЕГИРИФТЕД
БАРОИ МИЛАТИ БО НОМУСИ ТОЧИК
МАЛУМ АСТ ИН ШАРМАНДАГИ.

Асотид
Омили аслии ин вокунишхо на ояандабини балки хостахои хукумат аст. Кор то хадест, ки нахзатситези дар бархурди манфиатхои пучи хизби хоким ба исломситези мубаддал гаштааст. Бояд мкрор шуд агар Нахзат то бадин хад мебуд Кабири Турачон дар конфронси зиди такфирии Техрон машорикат намекарданд ва сиёсати "Хаирадмандона"-и хизби хоким ягона ракибро дар нахзатихо мебинад ва кушиш решакандани нро дорад дар мачму касе набояд аз качихои сохтори феъли лаб кушояд барои онхо тамаллукгарон лозим аст. Бо навишти ин харфхо ироа мекунам нахзати нестам ва ин хизбро кабул надорам аммо барои махдуд кардани хостахои хукумати "Ухдабароёнаи" кунуни ракибе лозим

2
Это серьёзное обвинение!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)