Бахшҳо

Зинда бод миллати бемору ғариб!

Файзинисо ВОҲИДОВА

Зиндагие ки имрӯз мардуми тоҷик дорад, таҳқири миллат мебошад. Шароите ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон таҳаммул мекунад, шояд аз бешаю биёбони Тайга тафовуте надошта бошад. Шояд ҷонсахттарин миллати рӯи дунё тоҷик бошад, ки дар як шабонарӯз бо се соат барқ - саҳару бегоҳ қаноат мекунад. Бо фурӯзонакҳои каммасрафи чинӣ, ки ҳеч равшанӣ ва нур надорад, ҳукумат шояд тасмим гирифтааст, миллатро куру нобино кунад. Дар 23 сол ин миллати азияткашида кару гунг буд, чун ситоиши сунъии лаганбардоронро намешуниду аз камбудии масъулин эрод намегирифт. Чун ин амалу рафтори мардум ба ҳукуматиҳо писанд омад, акнун вақти он расидааст, миллат нобино бошаду аз зулму ситами иҷтимоӣ лаб накушояд!

Аз дуди ғализи шамъи чинӣ мардум касалу дардманд, дар кӯчаю бозор, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳама месулфад. Аз дуду бӯи ангишт мардум дарди сар, фишори хун баланд, бемори қалб... Заҳролудшавии одамон аз дуди ангишт, фавти шаҳрвандон ва ин ҳама дар қарни 21. Чанд сол қабл вақте ки ба фурӯзонакҳои каммасраф гузаштем, ҳукумат ваъда дод нерӯи барқ сарфа шуда, лимит сабуктар мегардад. Аммо бо гузашти чанд сол шоҳиди он гардидем, ки ҳеч беҳбудии назаррасе дар ин самт нест. Имсол лимити барқ дар вилояти Суғд аз моҳи сентябр оғоз гардида, як ҳафта мешавад, дар шаҳрҳои марказӣ низ ҷорӣ шудааст. Чунин маҳдудият шояд қабл аз ин набуд. Ҳатто дар беморхонаҳои ҷамоатҳо рӯзона пурра нерӯи барқ қатъ мегардад. Ман ин ҳамаро таҳаммул мекардам, агар дар хонаҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят низ баробари мардуми оддӣ лимит вуҷуд медошт.

Абдураҳмон Қодирӣ баробари таъин шуданаш ба симмати раиси вилоят аввалин коре, ки кард роҳи хонаашро аз шаҳр то ҷамоат мумфарш намуд ва мутмаинам дар ҳавлиаш шояд шабона на камтар аз 150 адад фурӯзонак рушан бошад. Ӯ ҳамчун инсон қабл аз ҳама барои худ ва аҳли байташ шароити иҷтимоии беҳтар дуруст кард. Пас, мардуми вилоят инсон нестанд? Ё мо бачаҳои ҷайра ҳуқуқ ба рӯзгори обод надорем? Барои як каф хоки Камоли Хуҷандӣ бо сарфи маблағи ҳангуфти давлат ба Эрон рафт. Оё имкон надошт, ки дар фасли зимистон бо ин маблағ каме ҳам бошад, шароити иҷтимоии сокинони вилоятро беҳтар созад? Як каф хоки Камол заруртар аз ҷони чандин инсон аст, ки аз дуди ғализи ангишт мемиранд? Аз Камол-ку шояд устухон ҳам боқӣ намонда бошад, аммо хубтар нест, ки ба зиндаҳо ғамхорӣ шавад? Дар замонаш Камоли бузургро дар дарбори давлати тоҷикон азият карданду аз Ватан ронданд ва дар ҳичрат “во ғарибӣ, во ғарибӣ” гуён ҷон дод, имрӯз як каф хоки қабристони Камол ӯро зинда мекунад ё зулму ситами нисбат ба ӯ раво дидаро ҷуброн месозад? Ё мо миллате мебошем, ки танҳо баъди ҷабру ситам ва мурдан аз мо ёд мекунанд? Имрӯз ҳоли ин миллати кару гунг, куру нобино, бемору беҳуқуқ аз Камол бадтар аст.

Маълум аст, ки тоҷик ҷонсахттарин миллати рӯи олам мебошад, аммо чиновникҳои ҳукуматӣ боре ҳам фикр карда бошанд, ки ин ҳама оқибат миллатро ба нестӣ мебарад? Мисли Камол дар ғарибӣ мемирему Ватанро ба ихтиёри чиновникҳои бевиҷдону беимон мегузорем. Зиҳӣ миллати тоҷик, миллати бемор, миллати нобино, миллати ҳайрону сарсон, миллати ғариб!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Зихи модари синачоку пуралами точик. Худованд миллати моро аз ин балои ба сар омада дар амон нигох дор!

Муҳаммад
Tojik,
ту ТОҶИК нести агар ҳам бошӣ ҳама вижагиҳои тоҷикита аз даст додаӣ! вагарна интавр бе ҳамачизи лаганбардор намешудӣ

ЗИХИ ФАЙЗИНИСОИ ВОХИД, ДУХТАРИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ.

Мухочир
Миллати точик модарони бочуръат дораду аммо афсус! Зинда бошед модарчон!

Дуруст кайд кардаед муаллима. Маро боз сафари мансабдорони мо ба Русия ба ташвиш даровард. Барои чи ин тоифа зуд-зуд ба Маскав мерафта бошад? Ба фикрам аз пушти мо инхо Точикистонро ба Русия "сливать" карданианд?

Камол
о дар замонхои кадим хам свет ва барк набуд рушду нумуъ доштем ку, э монедэ Файзихонум

Ламрочкахои каммасраф монда, барки эконом шудагиро ба хорич мефурушанд.

Калам харом аст барои бардоштани халли ин масъала, чунки ба гуши кар азон харом аст бехтараст аз Худо кумак талабед то рузи киематро тезтар биорад ки чомеа тоза гардад.

Апаи Файзинисо ташаккур ба Шумо,ки зани нотарсу далер хастед.Хаккикати гапро хама вакт мегуед нотарсона,хамчун мард.

Тарафдор
Офарин ба мардуми мазлуми точик, ки бо инашам шукрона мекунад

Эхё намудани шахсиятхо кори хуб аст. Дустон ба васвасахои файзинисо дода нашавед. Ина барои кимкадом чинояташ чарима кардааанд аламаш зурай. Ин хелихо гами мардума не гами худаша мехурад. Хамин ба як мансаб диханд тамошо кунед чан градус тов мехура

Мехр
Апаи Хайринисо Шумо модаред ва сабрро бояд пеша кард. Масъалахое, ки Шумо мебардоред ба хар як шахрванд чумхури маълум аст. Ва аз ин барои худ пиар чур накун. Чунки ин проблема ба таври табии зухур дорад ва барои халли он на он кадар вакт мондааст. Локин оиди масъалаи доимо фурузон будани хонахои рохбарон дар фасли зимистон, фасли нангу номус ва шарик будан дар гармию хунуки бо миллат, ХАМФИКРАМ.

Муалимаи азизи шумо хато кардед. Рохеки шумо мегуед хануз дар давраи раиси Кохир Расулзода соли 2012 мумфарш шуда буд. Абдурахмон кодири давоми он рохро то кучахои дохилии чаомати унчи дар доираи соли роххои обод мумфарш кард. дар хамон минтакаи хайдар усмон бисер роххо тангучахои дехаи румон, ундчи, махаллаи пуличукур пурра мумфарш шуд ки мардум аз ин кор бе нихоят шод аст. Имсол дар вилоят хеле кучахо обод шуд. Лекин шумо яктарафа гаразнок барои худнамои пеш аз хама худатон ин харфхоро навиштет. Худатон дар давоми умри тулонитон барои чамъият чи кор кардед. Гайр аз дузду мутахамро сафед куни дигар кор надоред

Бо хамон командировочнии сафари кори агар холати барк бехтар гардад ман омода хастам онро ба шумо дихам малима. Лекин чи хел холати барка шумо бехтар мекунед бад аз шумо мепурсем. Мо шуморо зани босавод гуфта фикр мекардем аммо бади хондани ин макола фикрам дигар шуд. Шумо хеле хуб медонед ки дар асл чунин нест. Лекин барочи шумо зиди овардани хоки камол хастет ман намедонам. Мумкин шумо туркнажод хастет ё барзиди хештаншиносии милли фаъолиятаторо бо супориши хочагонатон ба рох мондед. лофи гамхори мардум назанед шумо барои манфиат аз мусибат истифода кардани хастет. Лекин ба максад ноил намешавед. Шаъну шараф ба милати Точик!!!!

зинда бош файзинисо зинда бош бо ин миллати гарибу нотавон.

Файзинисо ба чашми мардум хок мепошад ва мехохадки у
аз бесветии мардум фоида бинад. Ба максадхош бирасад. Чи хеле ки монанди у донохо Укарианро ба чи хол оварданд бо супориши хочахо дар Точикистон он икдомхоро тачриба карданияанд. Касе ки намехохад эёгаридани милата хамин хел гайбат мекунад. О ту намебини ки чи кадар куча асфалт шуд чи кадар мардум агар ту хукук шинос боши сохиби якумраи замин шуд. кай шуда буд ин корхо бе пул ба дари хонат омада мулката ба дастат давлат супорида бошад. Ки кард Кодири ислохот кард. Муалимаи хукудон бошад ба манфиати киссаш раиси колхозоя химоя мекунад. Онхоеки хуни мардума макиданд хамаро сарсаон карданд. Бо нивштахо акун сиёх карданиед. Халк медонад ки кисту ки чист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)