Бахшҳо

Тазодҳо дар кору гуфтори муфтӣ

Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор

Пас аз даргузашти марҳум Амонулло Неъматзода ва интихоби Саидмукаррам Абдулқодирзода ба мақоми раиси Шӯрои уламои исломӣ интизор мерафт, ки вай ба унвони як фарди дорои таҳсилоти олии исломӣ, барои ислоҳи умури ҷомеаи мусалмонони Тоҷикистон иқдом хоҳад кард. Мутаассифона, дар ин муддат на танҳо ин интизорот бароварда нашуд, балки иқдомоти хилофиисломии ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҳимояти Шӯрои уламои исломӣ шадидтар низ гардид.

Иҷроӣ шудани қонуни "Масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд", ҳазфи дарси "диншиносӣ" аз барномаҳои омӯзишии мактабҳои миёна, аз минбар маҳрум кардани руҳониёни саршинос ва бонуфуз, бастани ҳамаи 6 мадрасаи миёнаи исломии расмӣ ба баҳонаи стандартсозии барномаи дарсии ин мадрасаҳо аз ҷумлаи ин иқдомот мебошад. Ҳол он ки барои як кишваре мисли Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион нафар ҷамъияти мусалмондошта ҳамагӣ 6 мадрасаи исломӣ чӣ маънӣ дорад?

Бояд гуфт, ки Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо маҳрум кардани насли ҷавони кишвар аз рафтан ба масҷидҳо, ба дасти худ заминаи пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ, назири Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)-ро фароҳам меорад. Дар ин нукта тардиде нест, ки яке аз роҳҳои ҷазб ва фиристодани ҷавонони ноогоҳи тоҷик ба Сурия, ҳузури коргарони муҳоҷир дар Русия аст. Зеро донишмандони исломии Русия дар ин замина ҳукумати Тоҷикистонро муқассир медонанд, ки шароити омӯзиши дурусти улуми исломиро барои ҷавонон фароҳам накардааст.

Муфтии мусалмонони шаҳри Маскав, пойтахти Русия эълом кардааст, ки мақомоти ҳукумати ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ омили аслии ноогоҳии насли ҷавони ин кишварҳо аз ислом ва муҷиби гароиши ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд. Шамил Аловуддинов гуфтааст, ки масъулони давлатӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба далели фароҳам накардани заминаи омӯзиши дурусти улуми исломӣ ба насли ҷавони ин кишварҳо муҷиби гароиши онон ба андешаҳои гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Зеро замоне, ки ҷавонони кишварҳои Осиёи марказӣ барои кор ба Русия меоянд, ба иллати надоштани дониши амиқ ва саҳеҳ аз ислом ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ гирифтор мешаванд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи марказӣ дар фикри таъмини амнияти шуғлии коргарони муҳоҷири хеш дар қаламрави Русия нестанд. Ба гуфтаи Шамил Алоуддинов баррасиҳо нишон медиҳад, ки иддае аз ин афрод бо пули қарз барои кор ба Русия меоянд ва нотавонии онон дар бозпардохти қарзи молӣ заминаи ворид шудани мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ва истифода аз ин шароитро барои ҷазби ҷавонони узбак, тоҷик ва қирғиз ба гурӯҳҳои террористӣ ва эъзоми онон ба Сурия ва Ироқ фароҳам месозад.

Мутаассифона, Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо фатвоҳои фармоишии худ инқадр ба эътибору ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ осебу зарба зад, ки дар торих бесобиқа мебошад. Дар кадом кишваре, ки дар муқаддимаи қонуни "Озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ"-аш бар пайравии аксарияти мардуми Тоҷикистон аз мазҳаби имом Абуҳанифа (ра) таъкид шудааст, аз рафтани писарони то 18 сола ва бонувон ба масҷидҳо пешгирӣ мекунанд?
Аммо Ҳоҷӣ ҳусейни Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои исломии вилояти Суғд дар рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи дидори раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи Чорчароғи маркази ин вилоят аз занон хоста буд, ки аз рафтан ба масҷидҳо барои иқомаи намози ҷамоат худдорӣ кунанд.(сомонаи "Озодагон").

Бо ин ҳол баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар чанд соли ахир вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии шаҳрвандон, ба хусус занону духтарон рекорд задааст. Чунончӣ бар асоси гузориши Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд танҳо дар муддати 8 моҳи соли 2013 173 мавриди худкушӣ дар ин минтақа сабт шудааст, ки 87 зан ва 15 ноболиғ дар миёни онон будаанд. Дар ҳоле, ки тайи 8 моҳи соли 2012 дар ин вилоят 187 нафар бо худкушӣ ба зиндагии хеш поён дода буданд (сомонаи "Авесто" 17.08.2013).

Ҳамчунин дар ин вилоят солҳои ахир боздошти афроди муттаҳам ба ифротигарӣ ва шомили ин ё он созмони террористӣ рӯ ба афзоиш аст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки теъдоди фоҳишаҳо дар ин кишвар ба 2,5 ҳазор нафар мерасад, ки дар миёни онон духтарони ноболиғ низ вуҷуд доранд. Аммо Кумитаи умури занон теъдоди фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистонро наздик ба 200 марказ унвон мекунад, ки нисбат ба соли 2013 афзоиш ёфтааст.

Пас бар асоси фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бонувон ба ҳар ҷиноят ва гуноҳе даст зананд, эроду ишкол надорад: худкушӣ, танфурӯшӣ, зино ва ҷурму ҷиноёти гуногун муҷоз аст. Аммо ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд. Дар ҳоле, ки танфурӯшиву фаҳшо ба андозае густариш ёфтааст, ки нерӯҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон маҷбур шудаанд алайҳи гурӯҳҳои фоҳиша вориди амал шаванд. Аммо аз нигоҳи Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мушкили аслӣ рафтани бонувон ба масҷидҳост.

Вақте, ки ҷавонони наврас аз рафтан ба масҷидҳо ва омӯзиши саҳеҳи Қуръон ва улуми исломӣ маҳрум ҳастанд, ки бояд барои ин кор мударрисин иҷозанома дарёфт кунанд, пас бояд дар оянда дар интизори афзоиши теъдоди писарҳои террорист ва духтарҳои фоҳиша ва худкуш буд.

Мутаассифона, Саидмукаррам Абдулқодирзода нисбат ба ин мавзӯъ мавқеи дугона гирифтааст. Вай ба ҷойи эътироф ба ин ки далели аслии гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ набуди имкони ошноии онҳо дар синни наврасӣ бо Қуръон ва улуми исломӣ аст, мегӯяд: "Дар миёни ҷавонон ифротгароӣ афзоиш ёфта, онҳо масир ва тамаддуни миллию ноби худро аз даст дода истодаанд. Ифротгароӣ дар миёни ҷавонон то ҳадде расидааст, ки дар хонавода байни бародарон суитафоҳум пеш омадааст. Дар як оила се бародар, яке шиа, дигарӣ ғайримуқаллид ва саввум ҳанафӣ ҳамдигарро дар масоили эътиқодӣ қабул карда наметавонанд ва гоҳе кори онҳо ба низоу ҷидол мунҷар мешавад".

Вай дар идома гуфтааст: "Роҳи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо танҳо вазифаи имомхатибон нест, балки ҳар касе ақли солим дорад, набояд бетараф бошад. Аммо имомхатибон ҳамин қадар тавоноӣ доранд, ки дар рӯзҳои ҷумъа аз минбарҳои масоҷид зарарҳо ва оқибатҳои бади онро баён намоянд. Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон дар ҳар ҷаласаи худ ба имомхатибон ва имомони масоҷиди панҷвақта тавсия медиҳад, ки дар суханрониҳои худ ҷавононро ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ тарғиб намоянд. Дар ин маврид Раёсати фатвои маркази исломӣ низ фатво содир кардааст". ("Озодагон", 11 ноябри 2014)

Мушкили дигари раиси Шӯрои уламо вобастагии беш аз андозаи вай ба Кумитаи давлатии корҳои динӣ мебошад, ки замоне худ корманди ин ниҳод буда, дар тадвини қонунҳои мухолиф бо шариати иломӣ мушорикат кардааст. Акнун, ки ин кумита ибтикори амалро дар даст гирифта ва матни суханронии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи сартосарии кишварро таҳия мекунад, бар хилофи мамнӯъ будани ситоиши шахсият дар дини ислом, мусобиқаи чоплусиро роҳандозӣ кардааст. Оё Абдулқодирзода намедонад, ки танҳо Аллоҳи ягонаву муқтадир сазовори парастишу ситоиш мебошад? Ё ки аз ҳадиси мубораки ҳазрати Муҳммад Мустафо(с), ки "Ба рӯйи чоплусон хок бипошед" хабар надорад?

Магар рисолати паёмбари бузургвори ислом(с) ин набуд, ки бани башарро аз парастиши ғайри Худованди ягона боз дорад? Агар раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин нуктаро медонад, бар чӣ асос дар роҳи қидосат бахшидан ба шахсиятҳои сиёсӣ қадам бармедорад?

Албатта табиати низомҳои иқтидоргарост, ки аз дин ва рӯҳониёни дарборӣ ба унвони воситаи машруият бахшидан ба ҳукумати худ ва сохтани шахсияти муқаддас истифода мекунанд. Дар Осиёи марказӣ низ ба ғайр аз Қирғизистон, дар дигар кишварҳо исломро ба ҳошия ронда, сирфан ба ибодат маҳдуд кардаанд ва аз Шӯрои уламои вобаста барои тақвияти пояҳои ҳукумати худ истифода мекунанд.

Дар дини ислом асли озодии баён ҳақест, ки аз сӯи Аллоҳ таъоло муқаррар шудааст ва дорои меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавии хос мебошад. Озодии сухан дар ислом бар асоси баҳсҳои гуногун, табодули назари мантиқӣ, андешаҳои воқеъбинона, танқидҳои созанда ва бидуни ғаразҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ шакл мегирад. Аз ин рӯ ҳеч кас ҳақи маҳдуд кардани озодии баён дар ҷомеаро надорад, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода ба ҳомиёни маҳофили сиёсӣ ва ҳукуматӣ табдил шудааст, ки ҳар навъ интиқод аз амалкарди заифи ниҳодҳои давлатиро аз сӯйи васоити ахбори умум, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷиву дохилӣ ба мақсади барҳам задани амну субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аз нигоҳи ислом нораво медонад. (сомонаи "Озодагон", 25 сентябри 2014).

Магар муфтии дини мубин намедонад, ки ислом ибрози андешаҳо ва дидгоҳҳои мутафовит, вуҷуди маҳфилҳои гуногун бо назароти мухталифро рад намекунад. Ба шарте, ки меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ дар ин мубоҳис риоят шавад. Зеро дар ислом асли ибодат ҳамон тафаккуру андеша мебошад, ки Аллоҳ таъоло дар ояи 101 сураи Юнус мефармояд: "бингаред, ки дар осмонҳо ва замин чӣ чизҳоест ва нишонаҳо ва ҳушдорҳо гурӯҳеро, ки имон намеоваранд, суд намебахшад".

Дар торихи ислом ҳодисаи сулҳи "Ҳудайбия" сабт шудааст, ки дар соли 630 мелодӣ иттифоқ уфтод. Мусалмонон бар асоси ин сулҳнома бо Қурайш, аз анҷоми маросими Ҳаҷ худдорӣ карданд, ки ба эътирози баъзе аз ёрон ба ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамроҳ буд.

Ё ки дар ояи 111 сураи Бақара мефармояд: "Ва гуфтанд, ҳаргиз ҳеч касе ба биҳишт намеравад, магар он ки яҳудӣ ё масеҳӣ бошад. Ин орзӯҳои дурӯғини эшон аст. Бигӯ: далели худро биёваред, агар рост мегӯед".

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бояд бидонад, ки ҷомеаи рӯзноманигорони кишвар дар даврони ҷанги дохилӣ наздик ба 100 нафар аз намояндагони худро барои дифоъ аз озодии сухан аз даст дод то фазои нисбии иттилоърасонии феълӣ фароҳам гардад. Аммо эшон танҳо иқдомоти ҳукумат ва манбаъҳои хабарии давлатиро ҳақ медонад, ки бор кардани дидгоҳи як гурӯҳи хос бар ҷомеа аст. Вай намедонад, ки дар Тоҷикистон ҳеч ҳизби сиёсӣ ва чеҳраҳои мухолиф, расонаҳову рӯзноманигорони мустақил хостори эҷоди ноамниву бесуботӣ нестанд. Аммо нотавонии ниҳодҳои ҳукуматӣ дар ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, фақр, гаронӣ, фасоди моливу ришвахорӣ, фурӯпошии бахшҳои саноату кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, мушкили камбуди барқ муҷиб мешавад, ки интиқод аз амалкарди заифи сохторҳои давлатӣ афзоиш ёбад. Чаро ин нуктаро дарк намекунем, ки пазируфта нашудани пешниҳодоти коршиносон барои беҳбуди авзоъи иқтисодӣ дар кишвар сабаби тундтар гардидани лаҳни баёни онон мешавад. Ҳамон тавр, ки аллома Аҳмади Дониш пас аз радди барномаҳои ислоҳоти худ аз суйи дастгоҳи Аморати Бухоро ҳукми шаръӣ алайҳи ҳокимони вақтро содир карда буд: "Дар оянда касоне, ки зиндаанд хоҳанд дид, ки ин саркардагон, охир сарҳои худро ба дор хоҳанд супорид ва амирону волиён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд. Ба ин фармонфармоён, ки ҳоло мо "ҳазрати амир" ва "ҷаноби вазир"-аш мехонем, ба далели аҳкоми шаръӣ ҳар соате чанд мартаба азли эшон зоҳир мегардад ва касеро инқиёди ҳукми эшон лозим ҳам не". (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Душанбе, соли 1988, саҳ-413-414).

Мутаассифона, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо ангезаҳои худхоҳона ва худсарона талош мекунад, ки мардумро ба сӯйи гумроҳӣ бикашонад. Вақте, ки зиёраткунандагони хонаи Худо дар рӯзи 10 –уми зулҳиҷҷа аз эҳром берун меоянд, мӯи сари худро метарошанд, қурбонӣ мекунанд ва ҳоҷӣ мешаванд. Он рӯз дар сартосари ҷаҳони ислом Иди сайиди Қурбон аст, ки Абдулқодирзода фардояшро рӯзи ид эълом мекунад. Дар ҳоле, ки ба ғайр аз чанд кишвар ва минтақаҳои таҳти назорати баъзе гурӯҳҳои сиёсиву динӣ, ки сирфан бо ангезаи сиёсӣ ва мухолифат бо Арабистони Саудӣ як рӯз дертар ид мекунанд, баҳонаҳои раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар бораи рӯзи ид бо ҳеч мантиқе созгор нест.

Абдулқодирзода аз мардум мехоҳад, ки ба фарзандон аз синни 7 солагӣ намоз биёмӯзанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7 солагӣ таъкид кард. Вай ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт. Абдулқодирзода бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: "Ба фарзанд аз 7 солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10 солагӣ танбеҳ кунед". ("Озодагон", 28.03.2014)

Аммо намегӯяд, ки фарзандони 7 соларо чӣ тавр бояд намозхониро биёмӯзанд, ки дари масҷидҳоро бар рӯйи онон бастаед? Наздик ба 2 миллион нафар падарону бародарони ин фарзандон дар хориҷ ба дунболи ризқу рӯзӣ мебошанд. Кӣ наврасони онҳоро намозу Қуръон меомӯзад? Бархе кормандони идораҳо ва марказҳои ҳукуматӣ нисбат ба ислом, Қуръон, ҳиҷоб, намоз ва руҳониён, танаффури ботинӣ доранд ва либос, риш, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, мавъизаҳои исломиро мавриди таҳқиру тавҳин қарор медиҳанд. Пас фарзандони 7 сола аз чӣ касоне намоз биёмӯзанд?

Абдулќодирзода замоне гуфта буд, мамнуияти рафтани занон ба масҷидҳо муваққатӣ мебошад ва бо фароҳам шудани шароит дар ин ҳукм бознигарӣ хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки дар ин замина коре накард ва хилофи ваъда амал кардани ӯ ғайри қобили инкор аст.

Оё мо ин воқеиятро мепазирем, ки бо бастани дари масҷидҳо бар рӯи бонувон ва писарони то 18 сола ва мамнуияти омӯзиши Қуръони карим ва улуми исломӣ, ба дасти худ заминаи кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Сурия ва худкушии занону духтарон дар дохили кишварро фароҳам меорем?

Оё Шӯрои уламои исломӣ омодаи пазириши ин масъулияти сангин ҳаст, ки посухи ин пурсиш дар охират барои аъзои ин шӯро боз ҳам сахттар хоҳад буд?

Ҳар касе навори видеоии баргузории намози Иди сайиди Қурбон дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб(масҷиди марказӣ)-и шаҳри Душанберо дида бошад, холӣ будани сафҳои охирро дар дохили ин макони ибодӣ мушоҳида мекунад. Агар раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба ҷойи хушхизматӣ ба Кумитаи давлатии умури дин дар фикри дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон ва арзишҳои эътиқодии исломӣ иқдом накунад, он рӯз дур нест, ки аз пушти сараш афроди ангуштшуморе намоз гузоранд.
Мӯҳр
dustdori haqiqat
rahmat ba padaru modarat barodari Aziz. az khondani in maqola umed dar khudam paido kardam ki dar tojikiston hanuz vijdon zinda budaast,

muslim
Асалому алайкум бародарои мусулмон чавонони имруза шукри Аллоh эмондоран ва мехоханд пайрави хакикии ислом ва мазхаб бошанд вакте ки онхо мехоханд риш гузоранд ё ки занхо хичоб тибки сунати занхои паёмбар дошта бошанд ва дар масчидхо дар намозхои чамоат иштирок кунанд фарзандонашон таълими дини гиранд ва бо хичоб озодона дар мактабу донишгохо дарс хонанд ва кор кунанд аммо давлат ин озодиро аз онхо мегирад баъд як гурухе ба онхо пешниход мекунад ки хамаи ин хостахои шумо Дар Ирак ё Сурия метавонад амали шавад онхо хатман кабул карда ба он чо мераванд хозир замони интернет дигар хакикатро бачо карда намешавад вакто ки муфти хакикатро монда ба таърифу тавсифи шахсиятхои хоким мегузарад мардуме ки бо чашми сар мебинан ки хокимони имруза киянд албата дилашон хунук шуда тарки ватан мекунанд

мирзо кулоб
салом бародари журналисти хакгу аз алох тамано дорем дар дунёву охират саодатманд бошед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)