Убайдуллоев дар бораи таъмини мардум бо хона: Кори намешуданӣ нест!
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе аз дастрасии мушкили мардум ба манзилҳои истиқоматӣ нигаронӣ кард. Ӯ аз Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон хост, механизмеро пеш гузорад, то дастрасии мардумро ба қарзҳои ипотекӣ, ки барои сохтмону харидории хонаҳо бо фоизи пасту муҳлати дароз ироа мешаванд, таъмин кунад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 20 ноябр зимни қабули тағийрот ба қонун “Дар боари фаъолияти бонкӣ” дар хитоб ба Абдуҷаббор Ширинов гуфт, “бовар кунед, ҳамин ипотека дар ҷумҳурии мо нест ҳам гӯем хато намекунем. Барои гирифтани ин намуди қарз хоҳишмандон зиёданд, аммо шумо худатон хубтар медонед, ки ба ҳисоби миёна фоизҳои мо аз 24 дарсад зиёд аст. Мардум бо ин фоиз ҷуръати гирифтани қарзро надорад. Ин масъаларо дидан даркор. Айб аст, мақсади мо танҳо қоғази сафедро сиёҳ кардан нест. Бояд коре кард, ки ҳамин ипотека дар Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шавад”.
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мушкили хонаро дар кишвар як масъалаи умдаи иҷтимоӣ хонд, ки метавонад тобиши сиёсӣ низ гирад. Ӯ дар муроҷиат ба Ширинов таъкид намуд, чора андешанду ташаббус нишон диҳанд, ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро дастгирӣ хоҳад кард: “Кори намешуданӣ нест. Агар таҳлили дуруст кунему ба Маҷлиси Миллӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунем, дар доираи буҷетӣ давлатӣ низ ҷудо намудани маблағи муайян барои ипотека имкон дорад. Кори намешуданӣ нест, лекин мутаассифона, ман тайёр нестам, имзо карда наметавонам. Барои ин бояд дақиқ боварӣ дошта бошам, ки натиҷаи мусбат ба даст хоҳад омад.”
Убайдуллоев аз он интиқод намуд, ки “бонкҳои тиҷории Тоҷикистон фоизро ба "осмони ҳафтум" мебардоранд ва натиҷа ин аст, ки амалан дар мо ипотека нест. Мардум метарсад, ки ҳамон қарзи гирифтааш ӯро ба маҳкама мекашад ва ҳам аз ҳамон амволаш бенасиб мемонад.”
Раиси Маҷлиси Миллӣ аз раҳбари Бонки Миллӣ хост то охири соли равон ба ин масъала рӯшанӣ андозад, чун мардум дигар намехоҳад дар хонаҳои Хрушёвӣ зиндагӣ кунанду худашон хоҳони хонаҳои наву барҳавоянд ва дар ин роҳ бояд ба онҳо кӯмак кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |