Бахшҳо

Пешниҳод барои гузоштани як кӯча ба номи Раббонӣ ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи Масъуд

Як донишҷӯи тоҷик пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад.

Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябр ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ, райисиҷумҳури собиқи Афғонистон ва донишгоҳи ҳарбии назди Вазорати дифои кишвар ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодии он кишвар гузошта шавад. Ӯ мегӯяд, “нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон беандоза аст ва бо номгузории як кӯча ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи эшон аз ин абармардон мешавад, қадрдонӣ кард”.

Ин донишҷӯи тоҷик меафзояд, дар Афғонистон ҳудуди 14 миллион тоҷик умр ба сар мебарад ва шахсиятҳои бузург ҳам чун Масъуду Раббонӣ ҳамеша худро тоҷик муаррифӣ кардаанд, “вале муттасифона имрӯз дар Тоҷикистон аз онҳо чандон қадрдонӣ намешавад. Ҳатто дар донишгоҳ боре шоҳид набудам, ки бо баргузории чорабиние аз чунин нафарон ёд карда бошанд”.

Шоҳрух Каримов мегӯяд, хизматҳои холисонаи ин афрод дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро наметавон нодида гирифт. Ба гуфтаи Шоҳрух Каримов идеяи пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як донишогоҳ дар Душанбе ба номи Раббонӣ ва Масъуд баъд аз мутолиаи китоби Мирзо Шукурзода - “Размоварони ҳиндукуш” пайдо шудааст, ки дар мавриди ин мардони асил қисса мекунад.

Ин донишҷӯи тоҷик дар охир изҳори умед кард, пешниҳодаш ба шаҳрдории Душанбе ва ба ҳукумати Тоҷикистон мерасад ва ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як муассисаи таълимӣ ба номи Раббониву Масъуд дар ҳолест, ки Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик соли сипаришуда дар як маҳфили ёдбуд аз Аҳмад Зоҳир, овозхони саршиноси афғон гуфт, зиёд мехоҳад дар Душанбе баробари хиёбонҳои Рӯдакиву Шерозӣ хиёбоне бо номи Аҳмад Зоҳир пайдо шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бобоев Кудрат
Пешниходат хуб бачем лекин

Озодагон гузаронде, хамин донишчуя соли таваллудаш чанд бошад, о и таъриха аз кучо медона. Азягон донишманд,шахси ба синну сол, айбай.
Аз инхо факат хониша, дарса пурсидан даркор набалки сиёсатро.

Jamshed
eeee Hub bemane bdai. Bra ai pai donishomuzi shav Jurajon.

Бисёр пешниходи хуб аст.Мо точикон на бояд махалгарои бикунем,баръкс бояд ахл бошем.Бояд яке аз кучахои Душанбешахр ба номи профессор Раббони номгузори бишавад.Ва номи генерал Масъудро низ номгузори бикунанд.Зеро ки ин шермардони бо ору номуси миллати мо буданд....

Точик
Аз коментариянависихои баъзе аз нафарон бармеояд, ки умуман хамчун точик ва мусулмон бузургони худро намешиносанд. Ахмадшох нафарест, ки тамоми чахон бузургияшро эътироф кардааст, хатто русхо, ки бо у чангида буданд ва бо гузарондани 9 спецоперация куштанаш натавонистанд, ба истеъдоди чангии у коил шуданд. (дар ин бора чанд филм ба навор гирифтаанд). Ба номи Ахмадшох гузоштани куча ё донишкада муттахидии миллати точикро нишон дода, факат душманони миллати точикро хуш намеояд. Имруз агар ягон духтари точик бо тани нимбарахна хам дар филмхои Гарб накш бозад "У точик аст" мегуянд. Хатто агар он нафар дар бораи точик буданаш сухан хам нагуфта бошад. Ахмадшох тамоми хаёт ва истеъдоди худро фидои миллату дину ватанаш кард. Офарин бар ин донишчуи миллатдуст, пешниходи хеле дуруст.

бисёр пешниходи хуб инро касе мефахмад ки нихоят хисси милли дорад ман сад дар сад тарафдор зинда бош эй Точикистон ва миллати ман

манучер
меарзад,,пешниходи хуб

пешниходи хуб,,офарин

Аброр
Бародари ахли Ислом. То чое ки ман медонам ягон кучае дар Афгонистон ба номи ягон точик гузошта нашудааст. Ту бо кадом акл ин "ИДЕЯРО" пешниход карди? Дар даврони шурави хамин кумандонхо касам хурда буданд, ки агар замоне шаваду точик ба Афгонистон ояд "ахташ" мекунанд. Так что "точики нав" Точикназвози кун.

Мехр
Ифтихор бояд кард аз пешниходи донишчу. Шохрух Каримхо- барои хозира ва ояндаи миллати мо зарур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)