Бахшҳо

ВИДЕО: Суҳбати ошкорои Убайдуллоев: Аз ишқи Раҳмон то ҳушдор ба мухолифон

Дар шабакаи интернет навори 10 дақиқаинаи суҳбати ошкорои Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав нашр шудааст, ки аз меҳри раисиҷумҳур нисбат ба давлат то ба забонбозиҳои мухолифону хандахариши тоҷиконро фаро гирифтааст.

Убайдуллоев, ки ахиран дар садри як ҳайати волоқмақоми давлатии Тоҷикистон дар Маскав қарор дошт, дар оғози суҳбат бо зикри ашъори бузургони адабиёти тоҷик муҳоҷиринро ба муттаҳидӣ ва эҳтироми миллатҳои дигар даъват намуд: “Сарфи назар аз минтақа бояд бо ҳам бародар бошем, вагарна боиси хандахариши дигарону таги пои онҳо мемонем, ки мегӯянд, инҳо ҳатто бо якдигар забон намеёбанд. Баробари ин бобоёни мо гуфтаанд, ки шаҳри якчашма рафтӣ, якчашма шудан даркор. Аз дигарон худамонро боло нагирем ва мо ҳам ҳеч вақт намегузорем, ки моро паст зананд.”

Раиси Маҷлиси Миллӣ илова намуд, ки дар мулоқот бо мақомдорони Русия низ таъкид намудааст, ки ягон давлат ҳаққи фармонравоӣ болои дигар давлатро надорад: “Мо дуруст фаҳмондем, ки мо дар як давлат будем, агар мо камбудӣ дошта бошем, камбудии шумо низ ҳаст. Аз як нигоҳ раҳмат гуфтан даркор, агар Русия набошад чӣ? Куҷо меравем ягонтои мо на Арабистони Саудӣ ва на ба ягон давлати дигар рафтан наметавонем.”

Ӯ дар идома муҳоҷиратро як раванди маъмулӣ дар ҷаҳон хонда, илова намуд, ки “ягон давлати абарқудрати дунё наметавонад ҳамаи шарвандонашро ба ҷойи корӣ, ба шароит мувофиқ таъмин намояд. Ин хел давлат нест. Бинед, ки дар Душанбеи мо амрикоӣ ҳам, бритониёӣ, хитоӣ ҳам омада кор кардааст. Сад шукри Худо, ки имрӯз тоҷикони мо дар тамоми дунё кору фаъолият мекунанд, фарзандонамон мехонанд. Мо аввал бояд, ки Худоро шукр кунем.”

Инчунин Убайдуллоев ба масъалаи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дахолат карда, афзуд, ки мухолифин гуфтанӣ гап нест дар кишвар ва даъват намуд, ки ба забондарозию забонбозии бархе афрод дода нашаванд: “Он нафароне, ки Тоҷикистонро танқид мекунанд, нону намаки Тоҷикистон онҳоро кур мекунад. Ягон қувва ба умед нашавад, ки сулҳу оромии ҷомеаи моро халалдор месозад, ки ҷаноби олӣ ва мо ду-се нафар аз рӯзи аввал барои он кӯшиш кардем. Мо ҳам метавонистем мисли шумо соҳибкор шавему рузи худро мегузарондем. Фарзандонамро медонед, ки ҳамаашон магистр, номзади илм, рӯзашонро мегузаронанд.”

Убайдуллоев таъкид намуд, ки зимомдорони феълӣ дар Тоҷикистон аз даруни обу оташ гузаштаанд ва ҳокимиятро ба роҳҳои ғайриқонунӣ намедиҳанд. Ӯ ҳушдор дод, ки мо намегузорем, ягон қувва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ғасб кунад, хобашро равад дар об гӯяд, то рӯзе, ки мо ҳастем: “Касе хоҳиши ҳокимиятро дорад равад, ҳизб ташкил кунад, мардум интихоб кард, ошаш шавад. Мо аз даруни обу оташ гузаштаем, ҳамаи мо Тоҷикистонро дуст медорем ва ҳамаи мо бо ин миллат зиндаем ва Худованд насиб гардонад баҳри Тоҷикистон то рӯзе ҳастем хизмат мекунем, зеро назоратчии ҳар инсон баъд аз Худо, худи ӯ ва имону қалби ӯст.”

Убайдуллоев илова намуд, ки дар ягон давлат баъд аз Худо, ягон кас аз роҳбари давлат дида, давлаташро зиёд дуст намедорад: “Шахсан роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои беҳбуди зиндагӣ дар Тоҷикистон андешида истодааст. Мо бузургем, барои он, ки Худо дорем, мо соҳибдавлатем, камбудӣ ҳам дорем, бекамбудӣ кист? Ман боз ҳам таъкид мекунам, роҳбарияти имрӯза тамоми талошашро барои беҳбудии ҷомеаи имрӯза равона мекунад.”

Дар ниҳоят раиси Маҷлиси Миллӣ бо зикри гуфтаи бузургон-“Даст ба кору дил ба ёр, Ёр кист? Парвардигор!” аз ҳозирин даъват намуд, ки “ҳамеша дар забонатон номи Оллоҳ бошад, такя ба Худо кунед, ба ҳама чиз мерасед.”




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Статус кво-и Точикистон иншоллох халалдор нахохад шуд то даме, ки сари кудрат сиёсатмадорони варзида мисли Убайдуллоев хастанд. Хулласи гап ахсант ба ин мард, ки сафедро сафеду сиехро сиех мегуяд яъне бо ваъдахои дуругин майнаи халкро гич намекунад.

Ташнаи Адолат
Сатхи андеша,сухан,тамоман паст!!! хандаам меояд,кахрам меояд,чунин шахси мансабдори воломаком,чунин харф занад!!!
Идора кардани мардуми бесавод аз босавод осонтар аст. Гуфтааст касе...Моро бесавод гардониданд ва бо чунин сухаанхо идора мекунанд!!!

Ташнаи Адолат
Ха ногуфта намонад, Зайд хизб ташкил карду пас чаро ба бало гирифтор кардед уро??? Боз мегуи касе мехохад омада хизб ташкил кунад angry

М. Убайдулоев рахмат бар падаратон худовнд нигахбонатон.

Барово, респект чаноби Убайдуллоев! Мо бо шУМО МУФТАХТРЕМ, КИ ХАМЕША КОМАТИ ЧАНОБИ ОЛИРО РОСТ НИГОХ МЕДОРЕД! АЗ ИН ТУДАИ ШАГОЛОН НАХАРОСЕД! ЗИНДАГИ МУБОРИЗА АСТ! ХАР БЕАДАБ ЧЕНИ АКЛИ ТИРААШ ЛОФИ БЕМАСЪУЛИЯТИ МЕЗАНАД, ФАКАТ РУХАФТОДА НАШАВЕД! МО ШУМОРО ДУСТ МЕДОРЕМ ВА ИФТИХОР МЕКУНЕМ, КИ ДАР БАРИ ПРЕЗИДЕНТ ЧУНИН ФИРИСТОДАИ ДОНОВУ ОКИЛ ДОРЕМ!

Бародарони гироми, Мухаммадсайд Убайдуллоев бисёр суханхои хубу ошкоро гуфтанд. Он касеки мегуяд дар Точикистон ҷой кор ёфтан ғайри имкон аст, фикр мекунам андаке ғалат аст. Ба қавли ман, он касе, ки аз уҳдай ҷой кор ёфтан намёбароянд баъдан ингуна хабарҳо пахш мекнад. Барои ман ҳайратангеза аст, барой чи дар Тоҷикистон бародарони узбек, қиргиз, хтойи, афғон, иронӣ, ҳинду, туркҳо, руссҳо ва дигар миллатон коркарда гаштаанду мо алалхусус тоҷик кор намеёфтааст. Масъалай дигаре ки ҳаст ин аксари муҳоҷиронро ташкил додани ҷавонон мебошад. БАРОИ ЧӢ? Барои он ки ҷавонони солашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст намехоҳанд 2 соли дароз дар давлат вақти худро гузаронанд, баҷои он омада дар Русия кор карда соҳиби мошину хонаву дар ва зан мешаванд. Баҳшиш касеро, ки агар суханҳои ман ба у маҳқул наафтад.

Азиз
шери нар аккалан хамон шеърхоро чи тавре, ки буданд мегуфтеду хамон тарчумаи холи Рудакиро низ гуфтан шарт набуд.

Сар медиҳаму намедиҳам сар. Дуруст гуфта аст, ки бо роҳи ғайриқонуни гирифтани ҳукумат мумкин нест. Қонуни ду давр буд...

МошоАллох дар хакикат чаноби М.Убайдуллев кахрамони халки точик мебошад зеро он мард Худоро мешидохтааст барои динаш барои ватанаш барои милаташ мехнат мекунад гамгору мехрубонаст ки фарбех намешавад дигарошабинед мегуй кнчрада бастаншон зиндабош чаноби Убайдуллоев Худо дар панои рахматаш гирад ва писаронатро хам Аллох нигахбон бошад.Мо бо шумоем

Мухтарам раис бисьёр шахси ботамкин ва худотарс хаст ягона мансабдоре ки намози чумьаро дар масчиди марказ мехонад аз дасташ омадаро барои халкаш мухаё месозад касе ки бо ёди оллох аст у кадри халкашро медонад гапи зиёдати даркор нест шахсан барои ман хеш нест лекин мардро мард гуфтан даркораст

шараф, Ужас ба точики чи мешавад? Убайдуллоев дар Русия аст, лекин ин сайти точикист! Ба ин забони номашруъ дар сайти точики гап назан!

дар ончо мераванд дигарчи мегуянд инчо меоянд дигарчи ороми бо шиками гушна ба ки даркор

Милати точик,миллати бе нангу номус гаштааст.Диагар гап надорам.

ммм да…… мардако хизмат кардестан ??????

Ин чанобон АЛЛОХ меган лекин хонаи ХУДО андозбанди мешавад аз масчид андози замин мегиран

дар зимистон мугчаи дарахт хайол накунед хобаст, тайори ба бахор мебинад, ИНШАА АЛЛОХ ахли ТАРИКАТ ба сари кудрат мебийод ана бад мебинем

Офарин ҷаноби Убайдуллоев, қандата зан. АЛЛОҲ нигагбонат бод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)