Норозигии наздикони кӯчарӯб аз афви прокурор
Наздикони Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик, ки дар пай садамаи нақлиётии Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура даргузашт, аз афв шудани ӯ изҳори норозигӣ намудаанд.
Муҳаммадризо, яке аз наздикони марҳум дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Фирӯз Холиқзода бояд мувофиқи қонун ҷазояшро мегирифт ва бидуни ҳеч гуна ҷазо озод намудани ӯ, ин беадолатӣ мебошад.
Номбурда иброз дошт, ки онҳоро рӯзи душанбе, 3-юми ноябр барои ширкат дар мурофиаи Холиқзода ба додгоҳи ноҳияи Сино даъват намуданд ва ҳамон рӯз афваш карданд: “Вақте қонун чунин аст, дигар аз дасти мо чӣ ҳам меояд. Он як садамаи фоҷиабор буд, ки боз ӯ гурехта буд. Мо ӯро дигар ба Худо супоридем”.
Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.
Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Наздикони Зеварбону Пирова қаблан гуфта буданд, ки Фирӯз Холиқзодаро барои чунин амалаш ҳеч гоҳ намебахшанд. Онҳо пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |