Бахшҳо

Номаи як модар ба Бонуи аввали Тоҷикистон

Санавбар Абдуллоева, соҳиби бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритус бо ирсоли як нома унвонии бонуи аввали Тоҷикистон аз ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон хостааст, дар ҳали қазияи марбут ба бозори мазкур мусоидат намояд. Ахиран, хонуми Абдуллоева иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур бо сӯиистифода аз мавқеъ мехоҳад бозорашро бигирад. Санавбар Абдуллоева ин номаро дар ихтиёри "Озодагон" гузошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.


Салом, ҳамсари меҳрубони Президенти мамлакат, янгаи мӯҳтарам, зани хеле зебою апаи оқила, Азизамоҳ!
Мо ҳама хуб медонем, ки шавҳари Шумо - Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, барои кишвари мо - Тоҷикистони азиз чӣ қадар хизмат кардааст. Нодида гирифтани ин ҳақиқат ношукрӣ аст. Шурӯъ аз раҳонидани ҷумҳурӣ аз вартаи ҳалокат дар ҷанги гражданӣ, то роҳсозиҳову нақбсозӣ ва барпойдории соҳаи маорифи вайрону валангор ва тандурустии футуррафта. Гӯё, ки шавҳари Шумо ва Президенти моро Худованд барои ҳамин вазифа дар вақти муайян дар вазифаи муайян барои ҳалқи мо интихоб кард.

Одамони рамузфаҳм инро ҳам мефаҳманд, ки саҳми Шумо - янгаи гиромӣ, бонуи аввали Тоҷикистон ҳам, дар ин ҳама муваффақиятҳои Ҷаноби Олӣ ҳаст. Баъди ин ҳама талошу пайкор ва заҳмату ташвиши як миллату як кишвар Шумо будед, ки бегоҳ ҳамсари худро бо табассум пешвоз мегирифтед ва бо меҳрубониҳои худ, мисли ҳар зани мусалмон, хастагиашро берун меовардед ва рӯзи дигар бо қувваи нав назди мардум гуселаш мекардед. Ин корҳо хизмат ба Ватан ҳам ҳаст. Ман ва онҳое, ки мисли ман фикр мекунанд, аз Шумо, янгаи азиз, барои ҳама пешрафтҳои Тоҷикистон миннатдорем. Худо шоҳид аст, ки инро аз таҳи дил, самимӣ мегӯям.

Барои чӣ ба Шумо менависам? Масъалае, ки дар борааш ба Шумо муроҷат мекунам, кори мақомоти масъул ва ашхоси мансабдор аст, аммо ҳеҷ яке аз онҳо бо сари баланд ҳақиқатро нагуфту ҳақ кор накард. Не, мегӯянд, ки “шумо ҳақ ҳастед...”, аммо паст ва илова мекунанд, ки “хайр аз дасти мо чӣ меояд”. Янгаи азиз, ман маҷбур шудаам, ки ба Шумо муроҷиат кунам, хеле маҷбур шудаам. Агар Шумо ҳамчун зан – модар маро нафаҳмед, касе маро нафаҳмид. Ба Худо, ман дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам.

Апаи азиз, ба гумонам, тамоми мардуми Тоҷиикистону ҳатто берун аз он аз мушкили ман хабар доранд. Ман Санавбар Абдуллоева, аз Шаҳритус, ҳамсари ҳамон тоҷире ҳастам, ки бо бародари Шумо – Муҳбуллоҳ Саъдуллоев баҳсҳои судӣ дошту дорад. Бовар дорам, Шумо хабар надоред, ки бародаратон Муҳибуллоҳ бозори шавҳарам - ягона василаи рӯзгузаронии мову фарзандонамонро кашида гирифтанӣ аст.

Янгаи азиз, ин бозорро ману шавҳарам ҳама дороиамонро фурӯхта, дар гӯшаи вайронае обод кардем. Ман зани шаҳрӣ, тарки Душанбе кардаву панҷ писарам гастарбайтер нашавад гуфта соли 2006 ба Шаҳритус рафтам. Бо ҳамин дастонам хишт мекашонидаму барои 70-80 одам ғизо мепухтам...Рӯзҳое ҳам буданд, ки бо фарзандони хурдсолам таги селофан хоб мерафтем, то корхонаамон обод шавад... Бурдаи нони фарзандонамонро нисф карда, қарзу қавола карда, бо азоби зиёд корхонаву бозор сохтем, ки якҷо бо писаронам роҳаташро бинем, аммо, мутаассифона, бародари Шумо ҳама осоиши зиндагии моро барҳам зад… Акнун ман як зани хонагии тоҷик маҷбурам дар ба дари суду прокуратура гардам, миёни мансабдорону адвокатҳову журналистон додхоҳе кобам...

Бародаратон аз мо солҳои сол ҳақ мепурсид, ба ӯ медодем, зеро шавҳарам фикр мекард, ки шарти соҳибкорӣ дар ин ноҳия ҳамин аст. Ҳисоби ин пулҳоро Худо надонад, шавҳараму Муҳибуллоҳ намедонанд. Соли 2011 бозоре, ки бо сад ҳавасу орзу ба номи писарам “Ином” ном мондем, бо кадом иллате сӯхту чанд муддат ҳаққи ӯро дода натавонистем, Муҳибуллоҳ ғазаб карду моро ба миқдори 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба истилоҳ, «иск» баст. Ин маблағро ҳам бо мушкилоти зиёд ёфта ба ӯ додем. Гумон кардем, баъди ин моро ба ҳоли худ мемонад. Аммо атрофи ӯ Қорӣ Нусрату Шайх Муҳаммадҷону Абдулазиз гуфтанӣ одамони тасодуфӣ пайдо шуданду боз маблағҳои ҳангуфти дигар аз мо талаб кард. Билохира, рӯзе гуфт, ки тамоми бозорро ба ӯ диҳем. Не гуфтему дар бало мондем.

Апаи муҳтарам, зиёда аз 3 сол мешавад, ки додаратон бо мо, он ҳам барои моли худи мо, даст ба гиребон аст. Ман барои додхоҳӣ ба ҳама мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам. На суд ва на прокурор ба додамон нарасиданд. Ба хотири хеши Ҷаноби Олӣ, яъне бародари Шумо будан, ҳама парвандаҳоро ба фоидаи Муҳибуллоҳ ҳал мекунанд. Бо аризаҳои додаратону машваратчиёни худхоҳу бевиҷдонаш алайҳи шавҳарам Абдуллоев Бурҳон 18 (!) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ин парвандаҳо он қадар беасос буданд, ки касе аз прокурорҳо ва кормандони Агентии мубориза зидди коррупсия нахостанд дар ин парвандаҳои беисботу дурӯғ саҳм гиранд. Ман ба хулосае омадам, ки заҳматҳои Президенти мамлакат тамоман барбод нарафтаанд. Давлат ва адолат дар кадом шакле, ки набошад бо андозааш вуҷуд дораду Худованд пуштибони халқаш аст.

Янгаи азиз, ба мулоқоти Президент дар Шаҳритус маро нагузоштанд, ки ворид шавам. Ман натавонистам арзамро ба худи он кас бирасонам. Додаратон тариқи шиносҳояш дар мақомот ҳама роҳҳоро ба сӯи Президент-кафили ҳуқуқу озодиҳоям ба рӯям баст. Хостам аризаамро ба дасташон супорам, аммо гирди хонаамро кормандони милиса иҳота карда, намонданд, то ба вохурӣ равам. Чун исрор кардам, маро маҷбур ба мошин шинонда, ба ШВКД бурданду бе ҳич асосе наздики се соат нигоҳ доштанд. Ҳол он ки ман соҳибкорзане ҳастам, ки барои беш аз 1000 одам ҷойи корӣ офаридааму хеҷ хатаре ба ҷамъият надорам.

Дар натиҷа, ин ҳама ноадолатӣ ва зулму истибдод алайҳи ман, янгаи азиз, аз бародари Шумо – Муҳибуллоҳ боқӣ монд ва байни мардум достони хеле ҳузнангез шуд. Мардуми ноогоҳ ин ҳама ноадолатиро марбут ба Шумову Президенти мамлакат медонанд, ки ман бо онҳо розӣ шуда наметавонам. Ин ҳамагӣ як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба мо зулм мекунад ва машваратчиёнаш ҳастанд, ки аз камтаҷрибагии ӯ истифода бурда, номи Шумову шавҳари меҳрубонатонро сиёҳ карданӣ мешаванд. Янгаи азиз, магар як бозор ё ҳатто даҳ бозор меарзад, ки номи поки Шумо ва шавҳари бузургворатонро доғдор кунад? Ба гумонам, ин ҳама ашёи рӯзгор асту хеле поинтар аз манзалати Шумо!

Магар Ҷаноби Олӣ барои ҳамин ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокат раҳонид, ки имрӯз аз номи ӯ ва бар зидди хоҳиши ӯ ба раъият зулм кунанд?
Апаи азиз, маро зӯр омад, ки ба Шумо муроҷиат кунам, зеро касе ба доди ман расидан намехоҳад ва ба назар мерасад, ки ин ҷо дахолати Шумо ё Ҷаноби Олӣ зарур аст. Шунидам, ки пеш аз сафари Ҷаноби Олӣ ба Хатлон Шумо ҳам ба вилоят сафар доштед. Хеле мехостам дар ҳузури шумо бошаму арзи худро расонам.

Руст намекунам, ки гурӯҳҳои бадхоҳи хориҷӣ ҳам чанд бор хостанд моро барои пиёда гардонидани ғаразҳои худ истифода баранд, аммо розӣ нашудем. Агар бозори мо, ризқу рӯзии мо барои тинҷиву оромии Тоҷикистон зарур бошад, аз баҳраш мегузарем. Баъди ин ҳама ноадолатӣ ману панҷ писарам ба Ватан, Президенти худ ва Шумо янгаи меҳрубон, содиқем!

Ман ҳамчун як модари мазлум ба Шумо янгаи бузургворам муроҷиат мекунам, ки садди роҳи бародари хурдии худ шавед, то аз ин беш ба мо зулм накунад. Гумон дорам, ҳоло шумо барои Муҳибулло ба ҷои модар ҳастед аз ин лиҳоз, ба гапатон гӯш медиҳад. Мо аз Шумо ба ҷуз адолат чизе дигар талаб надорем. Биёед, мо ду модар ин ҳама зулму ноадолатиро барҳам занем, то беш аз ин ба обрӯи оламшумули Ҷаноби Олӣ ва шавҳари Шумо латма ворид нашавад. Аз Шумо илтимос мекунем ба додаратон фаҳмонед, ки моро ба ҳоли худ гузорад. Шукр кунад, ки тиҷорату даромадҳо дорад, моро аз як дороии худ маҳрум насозад. Бигзорад, ки мо ҳам озод нафас кашему дами осоишта занем. Моли кас ба одам на обрӯ медиҳаду на баракат.
Апаи азиз, инак, дасти ману домони поку боиффати Шумо! Аз барои Худо ва ба хотири нарехтани обрӯи шавҳаратон дар қазияи мо адолатро барқарор кунед, то мову фарзандонамон то ҳастем, Шуморо мисли модари худ эҳтиром кунем.

Охирин умедам Худованд аст, аммо ба ӯ муроҷиат накардам, чунки медонам, ки қаҳри он Қаҳҳор беандоза шадид аст. Ман бошам, мисли Шумо модарам ва синаи раҳм дорам. Маро бубахшед, ки ин номаро тариқи матбуот ба шумо равон кардам, зеро бовар надорам, ки ба тарзи дигар он ба шумо расад.

Худованд нигаҳбони Тоҷикистону мардумони адолатпарвараш бошад!
Мӯҳр
ЯК ЧАХОН ТАШАКУР МОДАРЧОНИ АЗИЗ , ЛЕКИН ШУМО ХАТО КАРДЕД ФоИДА НАДОРАД. Пеш аз навиштан дар сайт шумо фикр накардед дар гапхои ахбор........ дуст бошед тифок бошед, шукронаи хамин сарзамин кунед шукронаи хамин милат кунед , шукрона кунед ки чунин сарзамини обод доред........ хамаш дуруг хамаш фиреб....инхоро хамашонро ба худо супоред.... АЛОХУ АКБАР.

А марак и занаки беакл бо чи ба муллохо чака шидай и хами МВД шикори муллохо бас набуд ки бо и зани ба ( корию ) ( шайх ) чака шидай ! Ира ку бфахмеш бо ай хаму одамхои ( МВД ) набоша бо .....
И шавхар надошта боша писар надошта боша .....

Кам кам и ( озодагонам ) зархарид шидай чи ..... кометарияи мора ба пурра чоп намекунад ..... и харида бошаш чи ....ика реклама дора и ба бозораш .....

Амонкул,ту худат фахмиди чи навишти?Ба фикрам маймун фикри худашро буротар ва фахмо менависад.Бо як шеваи лакаю турк омехта бо забони точикиву боз каме .Браа зоопарк


Душанбечон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)