Бахшҳо

Духтари ҳиҷобпӯш - ҳамсари идеалии ҷавонони тоҷик

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар ҷомеаи Тоҷикистон духтарони ҳиҷобпӯш ҳамсари идеалии ҷавонони тоҷик қарор гирифтаанд ва бештари онҳо талош мекунанд бонуи русаридорро барои зиндагии муштарак интихоб кунанд.


Дар суҳбат бо ҷавонон маълум гардид, ки бештари онҳо дӯст доранд дар вақти интихоби ҳамсар аз духтари ҳиҷобпӯш хостгорӣ кунанд ва бовар доранд, ин амал яке аз рукнҳои фарҳанги миллист. Гуруҳи дигар ҳам, ки бо духтарони либоси аврупоипӯш издивоҷ мекунанд, баъди ақди никоҳ онҳоро ба пушидани либоси миллӣ ва русарӣ маҷбур месозанд. Аз ин дидгоҳ суолҳое матраҳ мешавад, ки далели интихоби духтарони ҳиҷопӯш барои ҷавонони тоҷик дар чист? Ин шеваи зиндагӣ аз фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад ва ё тақлид аз кишварҳои исломист? Дар посух ба ин суолҳо коршиносон ва ҷавонон мегӯяд, ин кори тақлид нест, балки як суннат ва фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Илёс Саидов, ҷавони тоҷик, ки ду сол пеш оила барпо кардааст, мегӯяд, маҳз барои ҳиҷоб доштан, ӯро ба ҳамсарӣ интихоб кардааст. Ба қавли ӯ, духтари ҳиҷобпӯш аз дину диёнат огоҳ аст ва ҳурмату эҳтироми падару модарашро ба ҷо меорад: “Дар Тоҷикистони демократӣ бархе духтарон бо тақлид аз бегонаҳо либосҳои аврупоӣ мепушанд, ки ба мо писанд нест ва аз фарҳанги мо хориҷ аст. Мо мусалмонем, на либоси аврупоипӯш, балки духтареро ба ҳамсарӣ мегирем, ки ҳиҷоб ба бар кунад. Албатта, ҳамсари ман ҳиҷобпӯш буд, маҳз ба ҳамин хотир ӯро ба ҳамсарӣ қабул кардам, зеро дар рустое, ки ҳамсари ман зиндагӣ мекард, духтареро бидуни ҳиҷоб надида будам”.

Тағоймурод Набиев, як ҷавони дигар, ки ҳоло муҷаррад аст, мегӯяд: “Духтароне, ки ҳиҷоб мепӯшанд нисбат ба духтарони аврупоипӯш боиффатанд. Аслан, ҳиҷоб зеби духтари мусалмон аст, ба ӯ ҳусни дубора мебахшад. Банда ҳатман духтари ҳиҷобпӯшро ба ҳамсарӣ хоҳам гирифт, чун духтари ҳиҷобпӯш худро аз чашми номаҳрам нигоҳ медорад ва ин зебандаи духтари мусалмон мебошад”.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷиқ ҳам мегӯяд, “ҳиҷоб нишонаи иффату покдомании духтарон аст. Ин асл бар мегардад ба покии ҷомеа. Ҷомеа ҳар қадар поку бофарҳанг бошад, ҳамон қадар рушд мекунаду пеш меравад. Аз ҷониби дигар, ҷавонон мебинанд, ки бештарини фасод аз ҷониби духтароне анҷом мегирад, ки либоси аврупоӣ доранд, бинобар ин ҷавонон ҳамсари ҳиҷобпӯш интихоб мекунанд, ки дар давоми умри бобаракати худ бо муҳаббату дӯстӣ зиндагӣ кунанд”.

Раванди “ҳиҷобӣ” шудани духтарон аз чанд соли қабл суръат гирифт ва бархе коршиносон ва ҳатто расонаҳо аз ин тамоюл интиқод ҳам карданд. Мақомот низ бетараф набуд. Барои мисол рафтани духтарони ҳиҷобпӯш ба таълимгоҳҳо манъ шуд ва ҳатто хабарҳои ихроҷ шудани донишҷӯдухтарони русаридор ва аз кор рондан ё ба кор қабул накардани ин гуна бонувон расонаӣ гардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, интихоби либос ҳуқуқи фитрии инсон ба шумор меравад ва беҳиҷоб кардани духтарон маънои зиёд кардани ҳуқуқи онҳоро надорад. Ӯ дар идома ҳамчунин афзуд, “гуруҳе, ки аз шеваи интихоби ҷавонон ҳасосият нишон медиҳанд, аз диди фарҳанги миллӣ интиқод намекунанд, балки онҳо аз диди фарҳанги бегона бо ҳидояти бегонагон аз ҳиҷобпӯшии духтарон интиқод мекунанд”.

Зарофо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид мекунад, далели тамоюли ҷавонон аснои интихоби ҳамсар рӯйи духтарони ҳиҷобпӯш аз фарҳанги миллии мардум сарчашма мегирад: “майлу ҳоҳише, ки ҷавонон нисбат ба духтарони ҳиҷобпӯш зоҳир мекунанд ба ин далел аст, ки духтарони ҳиҷобпӯш нисбатан хушалоқу боиффат мебошанд. Аксари ин духтарон аз рӯйи ақидаву имони исломӣ ҳиҷоб ба бар мекунанд ва зиндагӣ кардан дар чаҳорчуби шариат ва суннати миллиро афзалтар медонанд. Бинобар ин пушише, ки онҳо интихоб кардаанд, барои ҷавонони имрӯз мақбул мебошад”.

Хонуми Раҳмонӣ мегӯяд, интиқоди расонаҳо дар робта ба пушиши духтарон аз он маншаъ мегирад, ки бархе бо тақлид аз пушиши туркиву эронӣ ҳиҷоб ба бар мекунанд, “ин далел шуда наметавонад, ки мо кулли духтарони ҳиҷобпӯш ва ҷавононеро, ки мехоҳанд ҳамсари ҳиҷобпӯш интихоб кунанд, мавриди интиқод ва тамасхур қарор диҳем”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман агар некаму гар бад ту бирав худро бош, Ки гунохи дигарон бар ту нахоханд навишт.
Хичоб ин модда шудаст. Дар асл аксари хичобпушон ба мохияти он сарфахм намераванд ва онро барои зебои мепушанд. Занхо ва духтарон бояд бомаърифат бошанд, зеро модар бояд тифл, фарзандро тарбия намояд ба воя расонад, то вай бомаърифат бошад, шахси барои чамъият лозими бошад. Вагарна паразитхои одамсурат чомеаро вайрон хоханд кард. Ин ба хичоб ва руймоли милли ёгон рабт надорад. Духтархоро саводнок намоед, эй миллати чафокаши ман!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Шукр мекунам точикам , точики мусалмонам. Хичоб фарз аст барои зан, эй бародарони муслим.

Беном,
Либос метавонад ботинро иваз намояд? Тамоми олимони кофир Аз Арасту то Маркс Энгелс ва Ленин риш доштанд вале ботини онҳо дигар буд. Пас ҳар касе сатр дорад ва бероҳа аст мусалмонзан аст? Онҳо ба хотири рупӯш кардани кирдори бади хеш сатр меандозанду халос

Як мисол меорам. Агар дар байни як табакча канди когазпеч, якто канди бекогаз бошад, шумо канд хурдани бошед, кадомашро мехуред? Когазпечро ё бекогазро??? Ман когазпечашро интихоб мекунам зеро ба бекогазаш паша расидааст.

ниёгон
Ассалому алейкум бародарон!
Худованд рахмат кунад Мухаммад Икболро ки гуфта буд:
Шаркро аз байн барад таклиди гарб,
Бояд ин аквомро танкид кард.
Ин суханхо бе хикмат нестанд, Духтари точик куртаи остиндароз дошту пеши бари махкам, имруз аз байн рафт бо чи бо таклиди хайвононаи дунёи гарб, имрузхо кариб хамаи ананахои миллии мо аз байн рафтаистодааст,зеро мо хама ба таклиди дунёи гарб ру овардаем. Бояд ки муалимхо,раисхои махалла,оксаколхо дар майлисхо ва махфилхояшон тарзи либоспуши одобу ахлокашонро мазамат намоянд, то чавонхои моро аз онхо нафрат ояд .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)