Бахшҳо

Шумо атеист, ман мусалмон. Таҳқир чаро?

Далер ШАРИФОВ

Гулнора Амиршоева, ки аз ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз намогузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст. Ростӣ, банда дар тааҷубам, ки як атеистро ба намози мардуми мусалмони Тоҷикистон чӣ кор бошад?! Хусусан, ҷумлаи таҳқиромези ӯ “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед” ба 99 дар сади мардуми мусалмони кишвар равона шудааст. Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест? Оё ин гуна ҳарфҳо кинаву адоват, нафрату бадбиниро дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад?

Ин хонуми атеист аз он шикоят кардааст, ки нисфирӯзиҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад. Ман намедонам ӯ ба куҷо муроҷиат кардааст ва киро дар ҷои кораш пайдо накардааст, ки боиси нороҳатиаш гаштааст. Аммо чанд нуктаро бояд таъкид намуд. Аввалан, дар Тоҷикистон кор аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то 5-и бегоҳ давом мекунад ва дар ин муддат дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто хусусӣ аз соати 12:00 то 13:00 танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ муқаррар шудааст. Дар ин вақт мусалмонҳо, зардуштиҳо, будоиҳо ва атеистҳо аз кор озод ҳастанд. Кодекси меҳнат барои ҳамаи онҳо ин ҳақро баробар додаст. Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе намоз бештари вақт соати 12:50 шурӯъ шуда, соати 13:00 ё 13:10 ба анҷом мерасад ва агар корманде аз идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ё ниҳодҳои дигар дар ин намоз ширкат кунанд, метавонанд сари вақт ба корҳояшон бирасанд ва дақиқае аз вақти шуморо нагиранд.

Баъдан, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои номбаршуда рӯзи ҷумъа бо реҷаи ҳарвақтаи худ фаъолият карда, аз ин ниҳодҳо шояд ангуштшумор нафарон дар намози ҷумъа ширкат намоянд. Аз сабабе ки шумо боре ҳам дар масҷид набудед, намедонед, ба ин ҷо кадом қишри ҷомеа бештар меравад, аз ин хотир интиқоди Шумо дур аз ҳақиқат аст. Ва хоҳиш, камбудиҳои имрӯзи ҷомеаро бар сари Ислому мусалмонҳо назанед!

Ба таваҷҷуҳи Шумо ва ҳамсангарони шумо мерасонам, ки ингуна амалу шиорпартоиҳо дар ҷомеа таҳқир ба ҳуқуқ ва имону эътиқоди мусалмонҳои кишварест, ки 99 дар сади онро мусалмон ташкил медиҳад. Намози ҷумъа дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон, Русия, Канада, Англия мушкилӣ эҷод накардааст ва Шумо боре шунидед, ки шаҳрвандони фаъоли ин кишварҳо барои ин амал шикоят карда бошанд? Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест?

Агар мо сар бар замин ё бар осмон мегузорем, ин ҳуқуқ, эътиқод ва имони мо мусалмонҳост. Ман аз атеистҳо хоҳиш мекунам ба Худо, пайғамбар ва намозу ибодати мо кордор нашаванд. Мо дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем. Ман ҳамчун мусалмон ин ҷумлаи шумо “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”-ро таҳқир ба яке аз рукнҳои асосии Ислом - намоз ҳисобида, онро ҳамчун амали тундгароёна медонам. Шумо агар атеист ҳастед, ин маънои онро надорад, ки ба торҳои ҳассос ва нозуки эмонии мусалмонҳо нохун бизанед ва бидонед.

Тайи чанд соли охир аз ҷониби баъзе ба қавле зиёиён ва рушанфикрон, монанди Бозор Собир, Комили Бекзода, Зиё Абдулло ва монанди хонум Гулнора Амиршоева фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарфу шиорпартоиҳои ноҷо шунида мешавад, ки оқибаташ хайр нест. Аслан, шумо, ки Худоро қабул надоред, атеист ҳастед ё зардуштӣ ин ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби шумо рабт дорад. Аммо шумо ҳақ надоред ҳеч яке аз муқаддасоти Исломро таҳқир кунед, бад бигӯед ва ё пешниҳоди манъ кардани онҳоро дошта бошед. Ин амали шумо метавонад ба унвони тундгароӣ ва ифротии дунявӣ таъриф шавад ва метавонад миёни мусалмонҳо хашму ғазаб ва бадбиниро ба вуҷуд биёрад.

Ман аз Шӯрои уламо, имом-хатибон, ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам ба масъалаҳое, ки адоват ва нафратро бармеангезад, расидагӣ намуда, пеши роҳи ин гуна шиорпартоиҳои таҳқиромезро бигиранд.

Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад.


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Диловар
саломат бошен Далер бародар мо бо шумо мефахрем

said
RAHMAT DALER!!! HAKIKATAN DALERI VA BA NOMAT MUVOFIK HASTI. KOSH HAMA TOJIK MISLI DALER MEBUD.!!! GULNORA NAKHOD, KI BA DINU OINI KHUD CHUNIN RAFTOR KUNI.

Намедонам аз ин Гулнора чаро як фаоли чомеа ном бурдаанд. Як бор дар Facebook даромада суратхои гузоштаи худашро бинед баъд маълум мешавад ки у чигуна аст.

Сулхия
Гулнора аз як чихат рост мегуяд. баъэе коргарон намози чумъа рафта ба хамон дигар ба корашон барнамегарданд. инро бояд зери назорат гирифт

Гулнора мухтарам! Намози мо мусулмонхо пурра барои тарбияи тамоми узвхои бадани мо равона шудааст, ки дар холати намоз хондан аввал фикри инсон баъд чисми инсон орому осуда мегардад. Ана хамон этика эстетикаи хондаги Шумо Гулнорабону! Аз сухан рондан то тоза нигох доштани хар як пайвани чисми мо мебошад! Он ояту сурахо Куръони Карим бошад хама панду насихатхо барои зиндаги хуш гузаронидани Шумобарин Хонумхо мебошад.

Ахсан Далерчон бародари исломи ман хамфикри шумо хастам.ин бехтарин амале хаст ки аз ислом дифоь мекунед.

амин
ман ташакур мекунем аз бародар Далер ки каме хам бошад ба сухани Гулнора посухе навиша ва сухане аз катлу куштор ба миен наоварда аст.шунидани ин сухан аз як атеистка ин чои таъачуб нест,у назари худро иброз дошта аст.ва дар як чомеъаи демокроси хар кас хак дорад назарашро иброз кунад.агар аз пахлуи дигар сухани уро тахлил кунем чандон сухани нодуруст хам нагуфтааст.магар паембари ислом нагуфтаанд ки кори дуньеро ончунон аз тахти дил анчом дех гуе то абад зиндаи ва кори охиратро яъне намозро ончунон барпо намо ки гуе ин охирин намози туст.Гулнора гуфтааст ки кош ончунон аз тахти дил пешоникуби мекунанд корро низ ончунон анчом диханд.ва ман ба сухани у изофа карда мегуям ки кош ончунон аклхояшонро ба кор мегирифтанд ва илм меомухтанд ва миллатро аз ин хориву зори берун мекашиданд.аввалан мусалмони ин факат пешоникуби нест.ГАР НАДОРИ ХУНИ ГАРМ АНДАР БАДАН.САЧДАИ ТУ НЕСТ ЧУЗ РАСМИ КУХАН.

Dev
" Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест?"
Agar in rasidan ba nomusi musulmon boshad , pas hudi musulmon harruzu har soat sadho nomuszani dorad! Amirshoeva yagon suhani tahkir naguftas.One ki ba joi peshonizani bo jiddu jahd Tojikistoni istodaro pesh burd, vazifai har yaki most, novobasta ba bediniyu bodini.

Мисоли одди, президенти Чеченистон Рамзан Кодиров хар рузи чумъа халкашро сарвари намуда ба масчиди марказии шахри Грозний барои намози чумъахони меравад. Аз ВАО огох мегардем, ки дар ин чумхури фахшу зино умуман мушохида карда намешавад ва хурмату эхтиром нисбати ахли чомеа, хусусан хохарону модарон дар арши аъло карор дорад. Далер офарин бародар, ки ба ин масъала дик кати чомеаро чалб намудаи.

Мусалмон
Хонум Амиршоева бояд бидонанд, ки мо мусалмонон саркуби не балки итоати Худои ягонаро ба чо меорем, ки хамаи одамонро, инчунин ин хонуме, ки аз Худо безори мечуяд, аз 2,5-4 мл оби палид, ки ба ягон чо расад бо нафрат менигарему тез мехохем ончоро шуст, ба дуне овард. Уст, ки чунин зебоиро ба ин хонум ато кард. 70 сол одамон сар намекубиданд ва кору мехнат мекарданд аммо ягон пешрави е ихтироъ дар Точикистон надидем. Агар идеологияи Коммунисти дуруст мебуд, мо шохиди он намешудем, ки чи гуна Абаркудраттарин кишвари руи дуне тикка тикка шавад (Шукри Худо). Ба дигар давлатхо назар кунем, миллион миллион одамон саркуби мекунанд аммо ин саркубии онхо ягон монеъа барои пешрафт намекунад. Як латифаи русхо ба едам омад, ки зану шавхар дар хона чанчолу мунокиша кунанд сари фарзандашона зада мегуянд, айби ту. Шумо хам атеисто аз дастатон хиччи дар 70 сол наомад, айба болои намозхонхо бор кардед, ки сабаби акибмони хастанд.

Абдуллоҳ
Аҳсан далерҷон. Худо сафи шумо барин журналистҳои бо имонро зиёд кунад.

Очень нужный и хороший материал, молодец Далер.

Дардошно
Махди,
Ба Махди: Ту то киёмат намефахми...

Саидчон аз Ёкутистон
Ахсант бародари азизу гироми бо суханхои пурмухтаво!!! Худованд нигохбонат бошад бародар!

Сайф
Dev,
хамин деву шайтон хама аз як чиз офарида шудаанд аз оташ!! пас чи чои бахс бо туст, модоме, ки номат дев аст??)

Мошаллох Далер!!! офарин!! Худо нигахбонат!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)