Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди профессор Қосимов барои манъи "идгардак”

Профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “идгардак”-и кӯдаконро як одати нолозим дониста, мегӯяд, ба мавҷудияташ зарурат намондааст.

Дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон, ду иди пайравони дини Ислом, кӯдакон аз субҳ то шом ба хонаҳо гашта, идона мехоҳанд. Соҳибхонаҳо ба онҳо ширинӣ, сақич, пуфак, пул ё монанди инҳо медиҳанд. Бештари мардум ин одатро суннати гузаштаҳо дониста мегӯянд, дар рӯзи ид бояд бештар аз ҳама кӯдакон хурсанд бошанд. Аммо профессор Раҷаббек Қосимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чунин қоидаро қабул надорад. Ба андешаи ӯ, идгардаки кӯдакон махсусан дар пойтахт боиси хасташавии хотири дигарон мегардад: “Ягон ҳоҷат нест ба гаштан, хуб мешуд, аз ҳамин хонагардӣ даст кашанду ба дигар шакл хурсандӣ кунанд. Ба як шакле хурсандӣ кунанд, ки боиси хасташавии хотири дигарон нагардад”.

Ба андешаи ин профессори тоҷик, барои беҳтар намудани тарбия ва донишманд кардани наврасон аз чунин ҷараёни ба гуфтаи ӯ “бемантиқ” бояд даст кашид. “Кӯдаконро бояд дар як доирае тарбият кунем, ки давраи кӯдакии худро дуруст гузаронанд ва оянда кадри хуб барои ҷумҳуриямон шаванд. Агар мо ба ин равандҳои ҳархелае, ки як мантиқи муайян надоранд, такя кунем, моро пеш намебарад”,-афзуд ин устоди донишгоҳ.

Ба таъкиди оқои Қосимов, одати хонагардии кӯдакон аз деҳот ба шаҳрҳо, махсусан пойтахт кӯчидааст: “Ин дар мо набуд, дар деҳот буд. Кӯчонидани ин одат ба шаҳр қобили қабул нест. Вақе ки мо ба воя расида будем, чунин одат набуд, баъдтар ба шаҳр омад”.

Профессори ДМТ дар идома афзуд: “Шаҳр шаҳр аст, маромномаи пойтах ҳаст, ба ҳамаи ин бояд риоя кард ва аз бисёр чизҳо бояд даст кашид, зеро чизе ки дар деҳот қабул аст, дар шаҳр ҷоиз нест”.

Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст? Бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
И профессорча ва ё олимча мехохад расму анъанаи махалли худро дар шахр чо дихад, даратро банду ба кудакон кордор нашава ва хурсандии онхоро нашикан, вакте сари кудрат хамшахрихот омаданд баъд ин расмро чори кун, зинда бод кухистон

2 пачка звачкада зурут намерасида боша дарта кулф ку хичка намееяд

гаго
мухочирзан,
Чи шимол чануб мегуи? Дидам хамон хучандитам. Бахор сар мешавад ку бойчечак- бойчечак.. Бачачахо аз сахар то шаб дар даст турбаи гадои махала ба махала мегарданд. Идгардак агар як ё ду руз бошад бойчечаки шумо як мох давом мекунад. Так что молчи.

110
MUHTARAM PROFESSOR IN HAME RASMU OINRO BA KHOTIRI PESHRAFT MAAN KARDED. PAS KUJOST ON PESHRVIYATON? BA UMEDI PESHRAFT TAMOMI FARHANGI TOJIK RO NOBUD KARDED BAS KUNED IN KHUSHOMADGUIRO.

GHALAT ANDAR GHALAT

Одам
э ба иқае, ки хдтон даври кӯдакитон рафтай, чӣ дига кӯдакора ай хурсандишон мононданиен, то динара ҳами хдтон ИДИ НАВ МУБОРАК гуфта нола када мегаштен, аку имруз калон шидиен ҳм???

Dev
Беном,
Dar Shuravi ahvoli mardum hub bud, ahvoli fikriashon ham hushu rohattar bud va ba hamin hotir Bozor Sobiri amrikodida dilash az hamun demokrati onjoyu az islomgarii shumojon kosta shud, chun ham inu ham on bo zabon az sarhadi muboliga to avji igrok rasid. Durust,ki tasiri ozodona nafas kashidan dar Hujand to hol his meshavad va ba hamin hotir mardumash madaniyatu farhangi bolotar dorad.
In idgirihoi kudakonu dastarhonchenkunii mardum az farti bekorist. Ba mardumi nakshadoru korgar vakt basi namekunad ba behudagardi dast eband.Dar hakikat mo kudakonamonro az hurdi ba dastnigari hidoyat mekunem va ki garantiya medihad,ki in kudakon jumshudhoi oyanda nameshavand. Dar horij kudak niz vakt nadorad sar horad.

Дар бисту се сол дар мактабу донишкада олиму кадр карда русия рои карда истодаед чи тахасуси аробакаши бошад чи сохтумончи шарм даркор ку ( аз ин хонагарди даст кашанду)? Дар як сол дуруз ид доранд мусалмонон хаминро бо бахонаи кудакон аз байн баред? Як шиша арак 25 сомон. Як пачка сакич 8 сомон зуратон нарасад хар бахонаро пеш наоред дар дину оини мусалмоно латма назанед. Чаноби оли таъкид мекунад сари ятимонро сила кардаю хурсандашон кунед инаша чихел фахмем чаноби профессор?

Rosti man hayronam, Avvalash ki ba in ho unvoni professorro medihad. Ba'dan in ki oyo dar jomea mushkilot Kam ast ki sari yak idigardaki kudakon megarded ogoi professor. Odobi shahr meguyed. Bovar kuned man ba hamin hel professorho guftaniam ki kudakon dar 365 ruze ki dar 1 sol ast, 2 ruzi HUDO idi az hama dust doshtaashon ast va on ruzhoro be sabrona intizorand, meguyed kudakonro dar ruhiyai hub tarbiyat kard hol on ki 363 ruzi digar boqi mondaast. Nameshud hamin Janobi "Professor" dar hususi chiguna maktabhoro bo garmi va rushnoi tamin kard suhbate meorostandu peshnihode baroi "Vakiloni Halqi" ba tavrshon mekardand, ki az pesh omad omadi fasli sarmost.
Har yak peshnihodu qonune ki mebarorand faqat talab az halqi bechora mekunand, yak qonunero nadidem ki az hukumatu hokimon talab kunad.

.
О ту бо Иди курбону идгардак чи кор дори? Як бор аккалан аз хамон кудакон пурс, ки онхо чи фикр доранд дар бораи идгардак. Онхо соли дароз идгардакро интизоранд. Дар ин Точикистони мо зиндагонии кисми зиеди кудакони мо вазнин аст. Боз ту профессорча мехохи аз хамин хурсандии идгардак хам онхоро махрум бикуни. Иди гуляй давай до свидания!

Ин пруфусор адрес ё номери телефонаро мегуфтед пеш аз ид ман худам 2 ё 3 кутти жвачка мебурдам
баъд ин одат макулаш мешуд
аз донишчуён барои зачёт ё екзамен сум мегиред ин одат вакте шумо мехондед чаноби пруфусор о набуд ку ин аз кучо омада бошад???

.
гаго,

Шимолихо табиатан хеле хасис хастанд. Чонашон мебарояд агар як кутти чупа-чупсро бепул ба кудакон хадя намоянд.

Далер
Бо профессор рози нестам. Барои он ки ин як анъанаи мо хаст. Мардуме, ки хохад идгардак мекунад, нахохад не. Дар ин даврае, ки хеш ба хешу, хамсоя ба хамсоя бегона шуда истодааст, ин анъана метавонад акалан дар як сол як бор халкро муттахид созад. Хайр аз кшлок хам омадаги бошад, профессор шумо акнун "супер шахри" шудед? Унвони профессор ин маънои онро надорад, ки шумо аз дигарон як зина боло истодаед. Ин маънои онро дорад, ки дар кадом сохае донишу тачрибаи зиедтаре доред. На дар хамаи сохахо. Барои хамин хар кас аз паи кораш шавад! Як чизеро дар ин идхо кабул надорам ва ин хам беинсофии савдогарони бозор хаст!

66
Дуруст мулохиза кунен ин одам рост мегуяд хануз соат 6-7 нашуда кудакони хоболуд дар таки дар хастанд,гап дар сари 1-2 сакич нест, дар сари он аст ки чигуна онхо тарбия мегиранд, яъне бе пул хам чиз медодаанд гуфта дар сарашон чой мешавад.Дигар ин ки дар пойтахт мардуми тамоми чахон омада мераванд онхо чи тур эхсос мекунанд ин маъракаро.Вакти он аст ки дар конуни танзим тагирот дароварда шавад,як маданиятеро ба миен орем ки хоси мардуми хама минтака бошад.Ки тарафдор?

sayyed
salom
in fikrhoyatonro pas gired Rajabbek Qosimov digar kore nadored yo chizi dagar nest inro qapided masalahoi IQTISOD MILLAT FARHANG... chi shudaast inguna insonhoro?

Бе ном
Сад дар сад гапи профессор хак аст, чунки барои занхои бекор ва хонанишин ин бисёр маъкул аст, онхо ду се руз паи хам идгардак гуфта хона ба хона мегарданд ва тамоми гайбату гапхои носазоро ба хам мезананд. Ба дастархони мардум бахо медиханду, писханд мезананд. Охир на хамаи хонавода шароити хуб дорад, бояд дар рузи иди курбон ба он хонахо раванд, ки мурдаи тоза дошта бошанд ва дар хаки онхо дуо кунанд. Аз соати панчи субх кудакон дод заниро сар мекунанд, ки ин ба асаби одамон таъсир мерасонанд. Умуман идгардак бояд бархам дода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)