Андар дурустии "любой ҷо"
Рустами МАҶИД
Аз ҷумлаи беҳтарин номгузориҳо аз нуқтаи назари тиҷорат ва маркетинг дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати мухобиротии Билайн шуда буд: номе барои тарофаи худ интихоб кард, ки барои мардум аз аксари номгузориҳои дигар наздиктар ва фаҳмотар буд. “Любой ҷо” – иборае, ки метавон гуфт барои ҳама сокинони кишвар фаҳмост ва ҳудуди 80% вожаи дигареро ба ҷои “любой” намедонанд.
Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтааст истифодаи ибораи “Любой ҷо” ҳамчун номи тариф аз ҷониби ширкати “Таком”, ки бо номи тиҷоратии “Билайн” фаъолияти худро пеш мебарад, нодуруст ва бар хилофи қонунгузории кишвар аст. Кумита дар маҷмуъ барои поксозии забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёд кардаю чандин ширкат ва шахсони алоҳидаро барои истифодаи нодурусти ин забон ё, ба қавле, “истеъмол”-и вожаҳои бегона дар номгузорӣ ҷазо додааст. Хуб, вазифаи ин Кумита аз ҳамин иборат аст.
Суоле пеш меояд, ки ба чи хотир дар баъзе ҷойҳо брендҳо тарҷума шудаанд, дар ҷойҳои дигар вомвожаҳо ба “талаффузи порсӣ” наздиктар шудаанд, аммо дар сатҳи расмӣ чунин тағйирот ҳамоно дида намешавад?
“Любой ҷо” аз як вожаи русию як вожаи тоҷикӣ сохта шудааст.
Сарқонун вожаи худӣ аст, аммо аксаран аз Конститутсия истифода мешавад ва ҳатто агар аз калимаи аввалӣ истифода шавад, он дуюмдараҷа ва ҳамчун як вожаи иловагию ёридиҳанда дар қавсайн меояд. Вожаи президент низ аз қабили ҳамин гуна вожаҳост.
“Прокуратураи генералӣ”. Иборае куллан бегона. Ё худ “суд”. Дар ҳоле, ки вожаҳои тоҷикӣ ҳастанду дар расонаҳои мустақил зиёд истифода мешаванд: барои суд ва судя – додгоҳ ва додрас, ба ҷои прокуратура ва прокурор - додситонӣ ва додситон, экспертиза – ташхис...
Чаро “Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия” ва дигар агентиҳо, аз он ҷумла коррупсия ва геологияро барои номи ғайритоҷикӣ ҷазо надода, “наместандартонанд”? Барои Вазоратҳои “энергетика ва захираҳои об” ва “саноат ва технологияҳои нав” чӣ? Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, корхонаҳои воҳид ва ғайривохиди давлатии «Коргоҳи машинасозӣ» ва «Трансформатор» чӣ?
Танҳо вомвожаҳо нестанд, ки дар сатҳи болоӣ васеъ истифода мешаванд.
“Андоз нишондиҳандаи тамаддуниятнокии миллат аст”. Навиштае дар бинои ниҳоди андозу молиёт дар наздикии “Тоҷикстандарт”. ТАМАДДУНИЯТНОКӢ. Барои онҳое, ки дар роҳравҳои ҳукумат қадам мезананду сари беҳбудиҳо майна об карда, қонунҳои Русияро тарҷумаи таҳтуллафзӣ карда ва барои иҷро ҷорӣ менамоянд, ба забони корию то ҷое барояшон наздик ин вожаро тарҷума менамоем: “цивилизациянностьность”. Ҳамчунин, истиқлолият “независимостьность” мешавад. Чунин мисолҳо зиёданд.
Дар ҳақиқат, роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир асту мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Агар Кумита ва дигар дастандаркорони поксозии забони давлатӣ дар ҳақиқат хоҳони ба ҷойгоҳи баланд нишондани забони тозаи тоҷикӣ бошанд, бояд корро аз ҳамин сатҳ оғоз кунанд. Аммо афсӯс, имрӯз дар "лубой" ҷо номгузориҳо ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ пур аз хатост. "Зато" мо ширкатҳои ғайридавлатиро "штраф" мекунем... Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |