Мақомот: Кӯчарӯбро корманди прокуратура пахш кардааст

Додситонии Душанбе тасдиқ намуд, ки Зеварбону Пирова, як роҳруби 53-солаи тоҷикро дар хиёбони Исмоили Сомонӣ корманди прокуратура пахш кардааст.
Тавре манбаи “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ дод, парвандаи ин ронанда, ки корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, аллакай ба Додситонии генералӣ равона шудааст ва ҷузъиёти бештари онро ифшо карда наметавонад.
Дар суҳбат ба “Озодагон” наздикони Зеварбону низ изҳор доштанд, ки ронанда Фирӯз Холиқзодаи 31-сола буда, дар прокуратура кор мекардааст.
Зеварбону Пирова, як роҳруби 53-солаи тоҷик, субҳи 28 сентябр ҳангоми руфтани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зери чархи мошин монда буд. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: "Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”-гуфтанд тамизкорон.
Дар ҳамин ҳол наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |