Интиқоди Садриддин аз “Озодагон”: Зуртон ҳофизода мерасад? (ВИДЕО)
Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари попи тоҷик аз охирин барномаи “Weekend”-и “Озодагон”, ки дар мавриди клипҳо суҳбат мекард, интиқод кардааст.
Дар навиштае, ки аз номи ин овозхон ба Фейсбуки расмии хабаргузорӣ омадааст, кормандони “Озодагон” дар “тарсончакӣ” муттаҳам мешаванд. “Зуртон ҳофизода мерасад. Канӣ проблеммаҳои ҷомеаро бардоред. Худатонро хабарнигор мегиред, тарсончакҳо, аз Орзу ибрат гиред”,-омадааст аз Фейсбуки Садриддин. Бештари огаҳони шоу бизнес тасдиқ карданд, ки ин саҳифаи худи Садриддини Наҷмиддин аст.
Дар посух ба як номаи хабаргузорӣ, Садриддин дубора навишт, "баробари камбудиҳои клипҳо пирӯзияшро ҳам гӯед. Шумо худатон ба худатон савол диҳед, ки барои пешрафти ҷомеа ва номи тоҷик чӣ саҳм ё хидмат кардаед?" Ба дунбол, хабаргузорӣ аз ӯ дархост кард, дар мавриди силсиласафарҳои ҳунарияш ба Австралия, ки қарор аст моҳҳои декабр ва январ сурат пазирад, барои нашри як хабар маълумоти бештар ироа кунад. Аммо бо гузашти панҷ рӯз ҳеч ҷавобе нагирифтааст.
Мавзӯи “Викенд”-и ахир клипсозӣ дар Тоҷикистон буд ва онҷо аслан клипсозон мавриди назар буданд, на сарояндаҳо. Дар ин барнома аз ду клипи Садриддини Наҷмиддин ҳам мисол зада шуд.
Барномаро инҷо бубинед. Интизори назари Шумо ҳам ҳастем. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |