Бахшҳо

ВИДЕО: Ҷонибдории генерал ва собиқ мушовири Раҳмон аз додани унвони қаҳрамон ба Нурӣ

Зафар Икромов, генерали тоҷик ва собиқ сармушовири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори додани унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини кишвар мебошад.

Икромов, ки ҳамчунин раҳбарии Сарраёсати умури дохилӣ дар солҳои 90-ум ва ҳамраисии Комиссияи назорати оташбас дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба уҳда доштааст, бегоҳи 25 сентябр, зимни суҳбаташ дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” изҳор дошт, “дар яке аз суҳбатҳо ба ман савол доданд, ки оё Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон сазовор аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон шавад? Ман посухи мусбат додам.”

Зафар Икромов дар идома афзуд, “имрӯз меарзад, ки атрофи чеҳраи сулҳофаринии устод Сайд Абдуллоҳи Нурӣ, одамоне, ки аз мухолифин буданд ва имрӯз берун аз чашми ҷомеаи мо монданд, суҳбатҳои хосса шавад. Аз ҳамаи онҳе, ки дар офаридани сулҳ нақши зиёд доранд, аз ҷумла аз мухолифин сипосгузорам ва дар куҷое, ки бошам хизмати арзандаи онҳоро метавонам қайд кунам. Чаро, ки сулҳ аз як ҷониб намешавад, он офаридаи ду ҷониб мешавад, ки дар сулҳи мо низ заҳмати ду ҷониб яке Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошад”.

Собиқ сармушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаи барканорияш аз мансаби давлатӣ низ дахл карда, аз бурду бохташ суҳбат намуд. Ӯ гуфт, аз барканорияш аз як тараф пушаймон аст, ки тамоми нерӯро то охир натавонист барои миллату давлат сарф кунад. Аз тарафи дигар илова намуд, ки замоне дар Дастгоҳи президент ба сифати сармушовир фаъолият мекард, ин масъулият ба ӯ имконияти дуруст намедод, ки ба таълиму тарбияи фарзандон дурусттар машғул шавад,: “Аз ҷониби дигар хурсандӣ дорам, ки ҳамаи фарзандҳоямро дар хориҷа хонондам. Аз президент ва дастгоҳ норозӣ нестам”.

Икромов мегӯяд, феълан ҳаёти шахсияшро пеш бурда истодааст: “Боғ дорам, мол дорам, ба касоне, ки ниёзманданд холисона кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонам”.


ВИДЕОИ суҳбати Икромов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо":



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
diplomat
ИЛТИМОС ФИКРИ МАРО НАВИСЕД НАБОШАД СУДБА МУРОЧИАТ МЕКУНАМ; МО САБТИ ДАР СОВХОЗИ ТУРКМАНИСТОН БАРОМАД КАРДАНИ МУЛОабдуллоРО ДОРАМ КИ ГУФТА БУД ШУМО ТИРАТОНРО ПАРРОНЕД МАЛОИКАХО УРО БУРДА ДАР СИНАИ КУЛОБИХО МЕЗАНАД ХАКИ КУЛОБ ИНРО ХЕЧ ГОХ ФАРОМУШ НАМЕКУНАД ВА ФАКАТ БА ХОТИРИ ЧАНОБИ ОЛИ, КИ СУЛХ МЕОРАМ ГУФТА БУД БА У ТАХАМУЛ КАРДАНД. ДАР БОРАИ ИН ГЕНЕРАЛИ БЕКОРМОНДА БАРОДАРАТ ШУРООБОДРО ЧАЗИР КАРДА ДАШТИ ЧУМУ ЕЛУ САРЧАШМАРО ХАРОБ КАРДАИСТОДААСТ БАС АСТ ПЕШ АЗ ОНЕ,КИ НОМИ ЧО-РО МЕГИРЕД 10 МАРОТИБА ДАХОНАТОНА ШУЕДДДД

Ин чи бадбахтист, ки кадом як абдуллотуремчикро кахрамон карданианд. дар кучо дидаед ки шахсе ки барои миллаташ хиёнат кардааст унвони кахрамон додаанд. Сулх кори абдулотуремчики нури набуд балки дигар илочи давом додани чангро надошт чунки Ахмадшохи масъуд дар назди вай ултиматум гузошт ки ё таслим мешави ё аз марзи Афгонистон берун мешави. Дигар ба ин сагхои дайду касе панохгох намедод. Ин махлукро карамони як тараф хатто одам шуморидан гунох аст.

Нурию хаммаслаконаш, омили асосии чанги шахрванди.

Отатурк
Мухтарам Истиклол сулх аз як чониб намешавад.Баъди ичлосияи "сарнавиштсози миллат" дар Хучанд именно катлу куштори точикон аз тарафи гуруххои узбактабори фронти халки ва хадамотхои махсуси чосусии Гузбакистон дар шахри Душанбе ва атрофу акнофаш сар шуда,моххои декабр,январ,феврал ва марти солхои 992-93 бештар аз 100 хазор нафар точикони тоза ба катл расонида шудаанд.Хона ба хона,куча бакуча гашта точикони симои ориёна доштаро ин нохалафон катл намуданд.Ин масъала масъалаи оянда ва масъалаи Суди байналмилали хохад буд,чун чинояти генотсид амали кухнашави надорад(мисли идаои арманихо нисбати кушорашон аз чониби туркхо дар соли 1915).Аз ин ру касе,ки барои химояи 1 точик замони чанги точиккуши русу узбак хизмат кардааст у сазовори унвони кахрамонист.

Кахрамонхои аслии Точикистон ин модарони захматкаши точик,устодон Ахмадшохи Масъуд,устод Рабони,академик Примаков,ки соли 1993 мохи июл ба Афгонистон сафар карда бо лидерхои сиёсии ин кишвар ва худи рохбарони мухолифин точик вохурд мебошанд.Бисёрихо оиди хаммоми Туркманистон мегуянд,лекин аз подвали селхозтехникаи шахраки Вахш,ки хазорон точикро кушта узбаку чалуш нест карданд чизе намегуянд.Мо имруз тарики интернет медонем,ташкилкунандаи фронти халкии точиккуш кист?Полковник Квачкови ГРУИ рус!Худаш икрор аст.Аслан бигерем ин чанги ташкилнамудаи русу узбак миёни интелегенция ва миллати точикро шикаст.Хад чониб гунохгорони осиянд.Таърихи баъди 50 соли точик онхоро чун дастнишондодахои русу узбак (хару тарафро)хохад шинохт.Ин чанги точиккуш кахрамон надорад.Барои миллати мо кахрамон Спитамен,Бумуслим,Муканнаъ,Ахмадшохи Масъуд буданд ва хоханд буд!

Омилхои асосии чанги шахрвандии Точикистон инхоянд:
1.Аз байн бурдани худшиносии миллии точикон.2.Пошхурии СССР.3.Ба сари хукумат омадани точикон дар ватани ачдодияшон Хуросон.4.Дар чанги 10 солаи Афгонистон катли ом кардани точикон аз тарафи русхо.5.Ба сабаби пошхурии Шурави беэътибор гардидани таксимоти милли-терреториявии Осиёи Миёна дар соли 1924 аз чониби болшевикон ва пантуркистон.
6.Дасисаи рохбарияти сиёсии Узбакистон назди Кремл оиди хучуми точикони Афгонистон ба Осиёи Миёна .7.Хохиши ташкил намудани форпост ва муфт сохиби моликияти харбии СССР(моликияти чумхурии Точикистон)гаштани русхо.
8.Боло гирифтани харакатхои пантуркИсити дар Осиёи Миёна.
9.Надоштани кишри интеллегенцияи бокуввати сарчамъкунандаи милли дар Точикистон ва бесаводии миллати точик.
10.Харакати пантуркисти дар Точикистон зери никоби забони точики.
11.Шуруъ ёфтани ташкили куввахои зиддиточики,минтакави ва махалли бо максади бадбинии байни точикон аз мохи январи соли 1992 дар Точикистон аз чониби ГРУ-и русхо.
12.Зиддияти гурухи мафиози ва минтакагарои болшевикии замони шурави сохибманасаб ва боло гузоштани манфиатхои пулию моли аз манфиатхои милли дар кишвар.13.Ташкили 2 майдони ба хам зидди аз чониби русу узбак.14.Пойбанди Тошканд будани КМ Партияи Коммунисти замони шурави аз Тошканд.

Акаи Зол
Худо рахмат кунад Нуриро одами донишманд ва бодину таквое буданд ки хамма медонад аммо сазовори кахрамони нестанд.. кахрамонро худди одам ва ё хешу пайвандону хамшахрихояш не балки замона ва таърих муайян хохад кард. ман аслан зидди кахрамони Точикистон додан ба нафаре хастам зеро касое ки ба миллати точик ба маънои томаш хидмат карда бошад бояд сазоворри номи кахрамони точик бошад. афсус ки Точикистонро бисёрихо бо точик хамвазну хамаънову хамсанг тасаввур мекунанд.. Точик хеле бузургтар ва пахновартару шарифтар аз худди Точикистон аст бо ташаккур Золи Зар

Рустам
Як вокеиятро фаромуш накунед, ки чангро дар Точикистон кй доман зад? Хамон Нурй. Барои ба чанг кашидан шахсро кахрамон медиханд? Кани мантик? Сулхро хеч вакт ду тараф намекунад. Як тараф хохиш пайдо мекунад ва тарафи дигарро моил мекунад. Зеро ки дигар илоч надошт.

Бенфика
Дар сулхи точикон мулло толибон низ шарик хастанд,зеро,ки соли 1996 баъди шикастхои фохиши артиши Точикистон,ки ,аслан дигар касе чанг кардан ва курбон шудан намехост,чун максади ин чангкунонро,ки сохиби вазифа шуда буданд наваскарон ва халки одди фахмида буданд ва муллотолибони ачирик бошад дар Афгонистон пайваста галаб карда бо бовари пеш меомаданд ва Руссия фахмид,ки душмани у на Раббонию Масъуди точик балки толибон хаст аз ин ру саросемавор ду тарафи чанкуни Точикистонро Руссия мачбур ба сулх кард.Ана ин хаст хакикат!

Банда
Худованд ҳаркуҷо боши дар ҳифзи Аллоҳ боши ки ҳақиқатро дар мавриди сулҳ ва устод Нури гуфти

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)