Мукаррама Қаюмова: Мардуми тоҷик либоси аз зону боло надошт
Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва пажуҳишгари таърихи либос мегӯяд, панҷ ҳазор сол пеш, либоси зани тоҷик аз зону поён ва аз замин як ваҷаб болотар буд.
“Ман дар ягон либосе, ки дар деворнигораҳои Тахти Ҷамшед, дар деворнигораҳои Афросиёб, дар тамоми ёдгориҳое, ки таърихи 7-8 ҳазорсолаи мо дар он маҳфуз аст, домани кӯтоҳро надидам. Ҳеч вақт мардуми тоҷик либосҳои аз зону боло надошт. Мо аз фарҳангу маросимҳои худ бехабар ҳастем”,-мегӯяд ин пажуҳишгари тоҷик.
Вай бо нигаронӣ аз тарғиби афзояндаи либоси аврупоӣ дар кишвар гуфт, “имрӯз остин кӯтоҳ кардем, доман кӯтоҳ кардем, оқибати ахлоқу либос куҷо меравад? Вақте ки мо дар бораи таърихи либос мегӯем, дар бораи фалсафаи либос мегӯем, мерос дар либос мегӯем, сиёсати либос мегӯем, баъд ин зонуҳои кушодаи мо чӣ мегуфта бошад? Ояндаҳои мо омада аз чӣ хабардор мешаванд? Ман як суол дорам, ин миллатро ба куҷо бурда истодаем?”
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши оҷонсии "Тоҷнюс" Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дунишҷӯдухтарон пӯшидани либосҳои домандарозро манъ карда аст. Ҷамила Раҳмонова, муовини ректори ДМТ ба ин оҷонсӣ гуфтааст, миёни донишгоҳ ва донишҷӯ шартномаи дутарафа аст ва дар он донишҷӯ розӣ шудааст, ки ҳамаи тартибу низоми дохилидонишгоҳиро риоя кунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |