Бахшҳо

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

Ҳасан Рўҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар мулоқоташ бо олимону донишмандони тоҷик дар Душанбе аз шиаситезӣ, забони форсӣ, фарҳанги исломӣ ва ифротгароию роҳи ҳалли он суҳбат кардааст.

Тавре манобеи “Озодагон” аз ҷараёни ин мулоқот хабар доданд, Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, “ҳар касе, ки ба забони форсӣ сухан бигӯяд ва забони Ҳофиз, Саъдӣ, Рудакиву Фирдавсӣ ва Мавлавиро бифаҳмад шаҳрванди ифтихории Эрон маҳсуб мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ки шаҳрванди Эрон аст ё Тоҷикистону Афғонистон ва забони форсиро тоҷикӣ меномад ё дарӣ.”

Руҳонӣ дар идомаи суханаш гуфт: “ Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил, пораи тамаддун ва фарҳанги Эрон аст ва Эрон фарҳанги басе фарохтар аз Эрони сиёсӣ аст”.

Ба таъкиди Руҳонӣ, “забони форсӣ фақат қасидаву ғазалу рубоӣ набуда, балки як омили муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст ва суханварони форсизабон фақат нозими калимоти зебо набудаанд”.

Раисиҷумҳури Эрон др идома аз афзоиши бархе гуруҳҳои ифротӣ ва шиаситезӣ шадидан нигаронӣ карда, изҳор дошта, ки тӯли қарну солҳо шиаву суннӣ аз Бухоро то Қуртуба, аз Лоҳур то Истанбул ва аз Қоҳира то Қум дар канори ҳам мезистанд: “Ҳеч кас напурсидааст, ки Мавлавӣ ё Саъдӣ ё Ҳофизу Фирдавсӣ шиа буд ё суннӣ. Ҳоло давоми қарну солҳо аст, ки дар шиа аз Мавлавӣ меомӯзанд. Ҳатто фақеҳони бузурги мо, ба монанди Имом Хумайнӣ аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Чӣ тавре ки Фирдавсии шиа дар сарзамини суннии Шумо маҳбуб аст.”

Ҳасан Руҳонӣ дар шарҳи ин нигаронии худ аз гуруҳҳои ифротӣ афзуд, ки роҳи мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ хеле осон аст ва ба гуфтаи ӯ, танҳо бо эҳёи фарҳанги исломӣ бо шумули тамоми арзишу осори адабию ҳунарӣ ва фалсафию илмӣ метавон, онҳоро аз байн бурд: “Имрӯз дар минтақае ба сар мебарем, ки бояд фарҳанги иқтисодӣ ва масоили муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва амниятии ҳамаи мо бо ҳам пайваст бошанд. Агар Эрон дар фикри рушди амнияти худ бошаду Тоҷикистон дар фикри худ, пас ҳеч кадоме ба мақсад намерасанд. Эрон бо камоли майл омода аст, дар ҳама заминаҳои илмию фановарӣ бо дӯстон ва ҳамсоягони худ, аз ҷумла кишвари ҳамзабону дӯсти дерини худ - Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Мо бахши як сохтмони баландем, ки бахши аз ин сохтмонро Эрон ва бахши дигарро Тоҷикистону Афғонистон меномем.”


АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа

АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа
Мӯҳр
Абубакр
БО КАРОРИ ХУКУМАТИ ЧТ ТОЛИБИЛМОНЕ,КИ ДАР МАДОРСХОИ ДИЙНИИ ДАР ХОРИЧА ТАХСИЛ МЕКАРДАНД ОВАРДАШУД АЗ ЗОХИДОНИ ЭРОНХАМ АММО ДОНИШЧУЁ,КИ ДАР КУМ ТАХСИЛ МЕКАРДАНД 100 ДАР 100 БЕ МОНЕЪ ТАХСИЛРО ДАВОМ ДОРАНД,ИНРО МАВЛОНО АБДУЛХАМИД ТАСДИК КАРДААСТ,

ahmad Shoi masyd
Тавре манобеи “Озодагон” аз ҷараёни ин мулоқот хабар доданд, Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, “ҳар касе, ки ба забони форсӣ сухан бигӯяд ва забони Ҳофиз, Саъдӣ, Рудакиву Фирдавсӣ ва Мавлавиро бифаҳмад шаҳрванди ифтихории Эрон маҳсуб мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ки шаҳрванди Эрон аст ё Тоҷикистону Афғонистон ва забони форсиро тоҷикӣ меномад ё дарӣ.”

1 bor dar holi sharvandoni iftixori afgonro bin. Dar iron Sag qadr dorad amo afgon ne.
Pas agar mo 1 milat hastem charo hazorahoro iron bar zidi shahid Ahmadshohi masyd pyl va siloh medod. In syxanon zidi voqeyati amalkardi iron hast.

Va digar tojikiston hej vaqt jyzi iron nabyd va nameboshad.

Диловар
Рута сиё карди рухони аз Аллох тарс хохи ки точикистон бо ту хамрох шавад авал сангзаниро нисбати асхоби расул бас кун дувум тамоми он китобхое ки зиди мо ахли суннихо доред хамагиро оташ зан бад мо ахли суннат фикр мекунем ки бо ту як мешавем ё на АЛЛОХ ХАМАМОНА ХИДОЯТ КУНА

Точикистон як давлати озодхох равшан фикр мебошад ва мо бояд ба дини ислом кордор набошем намоза хонда ва аз худо хохишмандем ки дар давлати мо бояд ороми бошад.Мо ба шиа.суни. исмоилия.христиан.католик.чи кор дорем вайхо хам шарвандони Точикистон мебошанд.Як чанд соле ки давлат дар дасти мулохои покистони буд мо шохиди хол будем чи хела зиндаги моро вайрон карданд

дар хакикат, касе пантурку аз хамон кабила бошад, гапхои бофарханги форси-дари-точики ба онхо нодуруст аст. Мо дар кучову , Эрони пешрафта дар кучост.

замир
сиёх карди диловар, агар бархе аз сахобагон ба таъмаи нафси хеш хуни АХЛИ БАЙТРО намерехтанд касе онхоро хакорат намекард. ту ва ту баринхо таърихи илмии исломро намедонед. намедонед ки сахобагон бо хам чи гуна мечангиданд мисолаш ЧАНГИ ШУТУР....
Тамоми бузургони мо Фирдавсиву Ҷомиву Хайёму Саъдиву Ҳофизу дигарон ҳама бар асоси исломи суннати,ки аз аҷдоди худ мерос бурда буданд, зиндагӣ карданд ва аз дунё рафтан-- руята хира карди абдулхамид агар касе дар суннати Пайгамбар зиндаги кунад маънии онро надорад ки мазхабаш сунни аст. зеро ба суннати Пайгамбар АХЛИ БАЙТАШ наздиктаранд яъене шиъаи Али -ро касе аз суннати Пайгамбар махрум накардааст. маънои сунни там оман чизи дигаро аст яъне пайравони гайри АХЛИ БАЙт...сунниянду пайравони Хонадон шиъа..он шороне ки аз аХЛИ БАЙТ пайрави кардаанд шиъаанд..аз Рудаки то Лохути васфи Хонадони Пайгамбар ва Али кардаанд на васфи дигарон....

мавлави чи гуна сунни буд ки ашъори бо лакаби ШАМСИ ТАБРЕЗИЯШ саропо аз васфи АЛИСТ????

аксари точикон дар даврони сомониён шиъа буданд турктози онхоро сунни кард. агар хондани таърих бароятон мушкил бошад ба номи одамон махалхо мазорхо ва файкалхои бузургони точикистон нигаред хамаашон нисбатеба шиъа доранд на ба сунни. аксари номхо ба хонадони хазрати АЛИ нисбат доранд ба дигар халифахо хамаги 1-2-фойиз... ба номи муовиаю язид асосгузорони мазхаби суннии феъли ягон одам хам номгузори нашудааст...

МАХВАШ
ШИАЮ СУННИ МУСАЛМОН ХАСТАНД ВА НАБОЯД БАЙНИ ОНХО МУБОРИЗА БОШАД.ОИДИ СУХАНХОИ ЧАНОБИ РУХОНИ ГУФТАНИЯМ,КИ НАБОЯД МИЛЛАТПАРАСТИ МЕКАРД,ЯЪНЕ ХАНГОМИ ТАЪРИФИ ЭРОН САХМИ БУЗУРГОНИ МИЛЛАТИ МОРО АЗ НАЗАР ДУР КАРД.

тоҷик
Дусттон ками дигар истед тоҷикистонро шиъа эълон мекунанд
бас аст мушкилоти Баҳрайну Яману Покистону Ироқу Шом (Сурия) ин мушкилотро болои мардуми ТОҶИКИ САР БАЛАНДУ АЗИЗ бор накунед ҷаноби Руҳони шиъагитону маҷусиатон аз худатон бигзоред сафсатаю золию маддоҳиатонро

Шоди Душанбе
Абдулхамид,Абдулхамид дар шиа набудани Фирдавси як мисраи шер далел нест вале дар Васи будани Али ва Пайрави ахли байт карданро муайян кард.Ва ман бовари дорам шумо то номи Усмон хондед давомаш чашматро торик кард аз бадбиниат.

Хамин комментарияи одамонро хонда шукронаи он мекунам ки давлати мо исломи нест, вагарна дар як лахза чанг сар мезад. Ин проблеммаи сунию шиа дар устухони мардуми мусулмон будааст. Тавба. Хамин низом хамин сохтор хамин раванде ки имруз дар Точикистон аст поянда бод! сиёсати гуманистонаву хирадмандона поянда бод!. Бигзор Точикистони мо бо хама чахон дуст бошаду аммо аз пайи ягон давлат наравад, ба ягон давлати дигар умедбахш нашавад, ба ягон давлати дигар ба кулли такя накунад. Мо хастему Худо ёри хакикии мо точикистониёни азиз. Ба ягон кас бовар кардан лозим нест. Хар як кишвар манфиати худро дорад. Барои он ки шамоли манфиатхои дигар давлатхо Точикистони азизи моро ба хар тараф набарад, барои он ки мардуми Точикистон бехтару бехтар зиндагони кунад хар як точикистони бояд дил ба ин сарзамин бандад, дил ба хар як буду набуди ин сарзамин бандад, дил ба хамин сатхи зиндагии имруза бандад, дил ба хамин мушкилихои имруз чой дошта бандад, дил ба хамин як бурда нон бандад, дил ба хамин кухистон бандад, дил ба хамин мардуми соддаву некхох бандад, дил ба хамин гармии Шахритузу хунукии Мургобу шамолхои Шурообод бандад, дил ба хамсояву хешу табор ва хамаи точикистониён бандад. Зинда бод Точикистони азизи ман!.
Эй бародарон якчо шавед,
То ки зери суми филон нашавед!
Паланги шаркро ром кунед,
Аждахри гарбро кур кунед!
Аз Шамоли шимол панох баред,
Оташи чанубро хомуш кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)