Иззат Амон: Ашраф Гулов аз ҳама консулҳои пешин гузаронд
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба раиси ҷумҳур шикоят кардааст.
Иззат Амон дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “дишаб (5 сентябр) пулиси ноҳияи Маскав дар деҳаи Немчиновка шаҳрванди Тоҷикистон Парвина Солиеваро бо кӯдаки 5-солааш бо иттиҳоми дуздӣ (албатта туҳмат) зиндонӣ кардааст. Модар бо фарзанди худ шабро дар маҳбаси шӯъбаи пулис дар миёни бадмастон рӯз кардааст”.
Ба гуфтаи раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, шавҳари ин зан – Фарҳодҷон Солиев донишҷӯи Донишгоҳи байналмиллалии Маскав, барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст: “Аз субҳ то соати 16:00 дар пулисхона будем, ба мо гуфтанд, 1 соат баъд муфаттиш меояд, вале наомад. Ҳамин тавр рӯзро дар шӯъбаи пулис гузарондем, то бо муфаттиш вохӯрем. Баъдтар фаҳмидем, ки муфаттиш дар ҳамон ҷо будааст. Танҳо нахоста бо мо вохӯрад”.
Иззат Амон дар идома менависад, ки бегоҳи он рӯз (6 сентябр) муфаттиш ба шавҳари он зан телефон карда, маҷбур намудааст, ҳамсараш ба тамоми ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, вагарна ӯро 7 сол зиндон мекунанд. “Дирӯз бояд мо ҷасади писарбачаи 19-соларо ба Ватан мефиристодем. Аз ҳамин сабаб натавонистем то бегоҳ он ҷо бошем”,-илова кардааст ӯ.
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз фаъолияти консули Тоҷикистон дар Русия - Ашраф Гулов ҳам интиқод карда, бо муроҷиат ба президенти кишвар гуфтааст: “Чаро ман ҳама инро ба шумо мегӯям, дар ҳоле ки хуб медонам, ба шумо низ фарқе надорад, ки як зани тоҷик бо фарзандаш бо туҳмат шабро дар пулисхонаи рус рӯз мекунад. Зеро ки шумо домоди худатон - Ашраф Гуловро дар ин кишвар консул таъин кардед. Ӯ бошад аз ҳамаи консулҳои пешин гузаронд. Чаро мо бояд ба чунин ҷойҳо равему домоди шумо дар як кабинети гарм бо духтаракони гулрӯ чой нушида шинад? Магар ӯ аз ҳисоби хуни муҳоҷирон 5000 доллар маош намегирад?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |