Оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директор: Дар конверт пул не, сурат буд!(ВИДЕО)
Додситонии шаҳри Душанбе ба оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директори мактаби рақами 78-и пойтахт оғоз кардааст, ки НАВОРАШ ҳафтаи равон дар интернет нашр гардид.
Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе мегӯяд, муаллимаи муттаҳам дар порагирӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор буда, феълан мавриди бозпурсии муфаттишони додситонии Душанбе қарор дорад. Шукурова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муовинаш даст доштан дар фасодро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, дар асл дар дохили конверт пул не, сурат ва маълумотнома буд. Айни ҳол тафтишот идома дорад ва асли воқеаро тафтишот муайян мекунад.”
Шукурова нашри навори гӯиё порагирии муовинашро як иқдоми махсуси ғаразнок арзёбӣ кард, ки аз ҷониби афроди наздик ба яке аз роҳбарони қаблии мактаб роҳандозӣ шудааст, ки ба ҳамин минвол ду директори баъд аз худаш таъиншударо низ барканор намудааст.
Навори “порагирӣ”-и муовини директори феълии мактаби миёнаи 78 аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардида, дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”.
Лола Абдуллоева як корбари фаъоли Фейсбук ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва чанд волидони дигар, ки фарзандонашон бояд ба синфи якум бираванд, бар ивази қабули санадҳо 150 сомонӣ пардохт кардаву “квитансия” гирифтаанд. Вай мегӯяд, видеоеро, ки дар Фейсбук нашр шуд, модари як кӯдаки дигар гирифтааст. Хонуми Абдуллоева афзуд: “Бори аввал нест, ки дар ин мактаб аз волидон пул мегиранд. Дар охири соли хониш ҳам барои таъмири мактаб пул гирифта, аммо “квитансия” надоданд”,-гуфт вай ва илова кард, “як гуруҳ аз падару модарон тасмим гирифтаем, дар робита ба ҳолатҳои пулситонӣ ба раиси шаҳри Душанбе шикоят бубарем”.
Аммо Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе ин иқдомро ғаразнок хонда, афзуд, баъди сабти навор афроди дастандаркор онро дар телефонҳо паҳн намуда, аз ӯ талаб кардаанд, маблағро баргардонад.
Хонуми Шукурова, ки тариқи озмун ба роҳбарии мактаби №78 расидааст, изҳор медорад, дар пайи чунин иқдоми ба гуфти ӯ, ғаразнок, давоми 1,5 соли роҳбарияш се бор аризаи истеъфояшро ба раёсати маориф пешниҳод кард, аммо қабул нагардидааст.
Директори мактаб мегӯяд, Лола Абдуллоева ҳам ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша аз ӯ интиқод мекунад, дар гуруҳест, ки зидди вай кор мебарад. Ба қали Шукурова, пас аз эрод гирифтанаш дар мавриди подомани кӯтоҳи духтари Лола, ки дар синфи 10 таҳсил мекунад, Абдуллоева эътироз кардааст: “Як фарзанд ва се ҷияни Лола Абдулоева дар мактаби мо таҳсил мекунанд. Ӯ пеш аз оғози дарсҳо ба наздам даромада гуфт, “духтари ман сарафан намепушад”. Пушидани сарафанро бо қарори раиси кумитаи падару модарон тасдиқ намуда будем. Лола инчунин изҳор намуд, ки “сарафане, ки шумо ба духтарони пойтахт пешниҳод намуда, қабул кардаед, либоси кӯҳна ва “қишлоқӣ” мебошад. Духтарони пойтахт бояд, подомани кӯтоҳ пушанд”. Гуфтам, бигзор духтари ту пушад, вале дигар духтаронро аз роҳ назанад. Дар рӯзи дуюми дарс тамоми духтарони синфи 10, ки духтари Лола онҷо таҳсил мекунад бо подомани кӯтоҳ, нохунҳои лакзада ва муйҳои сардода ба дарс омаданд. Ин ҳолатро дида, аз роҳбари синфашон хоҳиш кардам, Лола Абдуллоеваро барои суҳбат даъват намояд”.
Сарвари мактаб илова намуд, ки Лола Абдуллоева ба мактаб омада, гуфт, “ман бо ту ҷанг эълон кардаам, киноро тамошо кун”. “Субҳи 3 сентябр дар қатори пагоҳирӯзии мактаббачаҳо, вориди мактаб шуда, бо телефони дастиаш байни 2,5 ҳазор хонанда даромада, суханҳои муаллимаеро, ки барои тартиботи мактаб ва либоси ягона сухан мекард, ба навор гирифт, бо ҳаракатҳои беҷо даст афшонда ба тамоми хонандаҳо мегуфт, “ягон хел либоси мактабӣ нест, ҳамаи духтарон бо подомани кӯтоҳ ба мактаб биёянд”. Баъди ин ором нашуда, ба синфхонаҳо даромада дарсҳоро вайрон кард, тамоми ҷойҳое, ки дар тобистони соли ҷорӣ таъмир карда будем, навор гирфт”,-қайд намуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |