Бахшҳо

“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев ҳоло дар “Имрӯз” кор намекунад, аммо бо ирсоли номае ба роҳбарияти радио машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.

Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.

Қироншоҳи Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ба далели он ки маводи барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳаҷман хеле калон буд, ҷаласаи онҳо ду дафъа - 18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ баргузор шудааст. Ба қавли ӯ, ба намояндагии ширкати “Квестнет” ҳам маслиҳат дода шудааст, ки “дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд”.

Дар охир аз роҳбарону кормандони расонаҳо хоста шудааст, “ба хотири таъмини озодии сухан дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳ надиҳанд”.

Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.
Мӯҳр
Кодирбеки бесавод ту бо кадом машенки аз хамун ширкати Кюнет,Орзу Исоевро такид доред,чунки Шумо одам хакро намешиносед Орзу Исоев ба наздики бо як барномаи бехтарин интизораст бо яки талхатон накафа душмано..........

рр
Кодирбек андешахоят осмониянд каме ба замин фарову хакикатро бин.[

нахзати исломи
Бародар орзу гамгин машав вокеият хело талх мебохад вактоки хатохояшонро мешунаванд чонашон мебарояд
Ман шуморо ба хизби нахзати исломи даъват мекунам инчо шуморо эхтиром коиланд ватоки камбудихояшонро пайдо мекунед аз шумо хурсанд мешаван чун ки хуро ислох мекунанд
Шумо оинаи чомеъ астед ва чомеъа ниез ба шумо ва мисли шумохо дорад

навруз
Акаи Орзу мо бо Шумоем. Аки Орзу Шумо дониса гиред , ки БЕҲТАРИН ВА ҲАҚИҚАТҶУ ИНСОНЕД

Чамшед
Шарт набуд хеши Махмасаид гуфта номбар кунанд харкас барои амалхояш худаш чавоб мегуяд набояд хавасманди карда ба номи шахсони бузурд дог биёри Худован агар намехост ин шахсонро аз ту бузургтар намекард барои гунахгор кардани кас бояд далелу факту ракамхо доштан даркор наинки сафсатагуихои ахмакона Орзу бесавод набуд нонро хурду дар намакдон туф кард хамин давлату хамин халку хамин рохбарон ба Орзу шароит мухаё карданду хонду Орзу шуд набошад мисли Орзу сафсатагую игвоандоз дар хамачо рехтаги набояд инкадар курнамаку беэхтиром буд нисбати калонхо Орзу бояд субардинатсияро риоя мекарди ба Шахсоне ки хизматашон ба давлату миллат расидааст кордор намешуди 100 кас дастгирият кунад 10000 хазор каси дигар аз ту нафрат дорад барои хамин
Сухан дониста гу то дустро душман нагардони
Зи харфи нотаамул ошино бегона мегардад

беном
Орзу чи ту намедонисти, ки дар точикистон озодии сухан нест, дар ин чо танхо лагандбардори аст. касе нохакии инхоро ру занад зуд тухмат мехисобанду аз болояш шикоят менависанд ва бо хамин уро аз кор бекор мекунанд, чунки хамаи чиз дар дасташон. ман ба як чиз хама вакт хайрон мешавам ба инхо фаркаш чи инхоро тахкир мекунанд ё не инхо кори худашонро мекунанд чунки пусти инхо дар ин 20 сол аз пусти хар хам сахтар шудааст. ин ту аввалу охир нести бояд худат дони ва худро айбдор нахисоб ту хакикатро ба мардум гуфти

Калаи хара хурмат кардан худашро аз чари мепартояд. Агар дар Точикистон озодии сухан набошад барои зиндаги ва фаъолият бо хамрохии "беном" ба Узбакистон ё Туркманистон равед.

Инсоф
бародарон, хоҳиш ин қадар аз як кор ба кори дигар гузаштани як нафарро пайгирии зиёд накунед. Воқеан барномаи "Баҳси имрӯз" як барномаи конструктивӣ набуд, бале мавзӯҳои доғро думболагирӣ мекард, аммо усулан барномаи созанда набуд, забони баранда тунду иғвогарона буд. Аз саҳар як мавзӯро аз чанд паҳлу дуру дароз матраҳ намудан ҳам кори дуруст набуд. Ман, арзиши озодии сухан ва баёнро самимона ҷонибдорӣ мекунам ва хоҳони онам, ки ин арзиш дар ВАО бошаду устувор гардад аммо на ба чунин ғализӣ... балки каме бо маҳорати касбии журналистӣ. Саҳар, бечора як журналисти нави Имруз барномаи тоза нигоҳ доштани Душанберо матраҳ мекард, ба ӯ занг зада Орзу Исоев куҷо шудро мепурсанд. Охир, як иқдомро ин қадар зиёд аз паяш шудан ҳам кори дуруст нест.

Орзу бехтарин рови буд дар радиои Имруз! Бовар кунед вактхои охир ман уро факат гуш мекардам ва ин нафар масалахои рузмарраро мебардошт! Орзу мард аст марди хакики! Орзу бародари гироми аз кор рафта бошихам озурда хотир машав ту бехтарин хасти бародар! Зарр дар даруни лох бошад хам Зар аст! Ман шахсан хурмат мекунам нафаронеро, ки истеъдод доранд! Ба худо касам дируз радиоро хостам гуш кунам як рови гап задан наметонад нафаре тел карду пурсид, ки Орзу кани чавоби пурра додан натавонис ! Ман ба чои он рови мешудам аз кор даст мекашидам дар охир мачбур шуд гуфт барнома идома дорад Орзу аз кор рафт !!! Хар кучо боши саломат боши бародари гироми Худованд ёрат! Мард бояд дар хама холат мард бимонад! Мутахассис хасти сохибистеъдод, Худодо хасти ! Иншо Аллох хак ба хакдор мерасад кадом нафаре барои туро паст мезанад у худ пастсифат хаст!

Ин кадаре,ки Орзуи шумо хакикатпараст аст,бигзор камбудию горатгарию беадолатии хукуматро дар бахс монад.Ана баъд мо мегуем бо як овоз,ки Орзу марди хакикист ва пуштибониаш мекунем.сиёсат,

ОЗОДАНДЕШ
БАРОДАР ОРЗУ НОРОХАТ НАБОШЕД ДАР МОХИ РАМАЗОН ХАЙР БАРОИ МУХТОЧОН КАРДЕД ХЕЛЕ ШОД ШУДЕМ ДУОГУ ШУМО ХАСТЕМ АКАИ ХАСАН САЪДУЛЛЕВ БОЯД ДАСТГИРИ КУНАД ОРЗУРО ШАХСИ БУД КАМБУДИРО МЕГУФТ

Шероз
Пах, бгу агане гапи Хасан Саъдуллозодара РАД кардаст....

Сатори, худи ту ки хасти? Туро касе мешиносад? Ту чи хизмате ба мардум кардаи? Ту худат ягон хунар дори? Биё ОШКОРО РУБАРУ гап занем!!!Орзу ту барин хизматгори ягон хоча нест, у сохибистеъдод аст, хунар дорад ва дар ягон чо хор намешавад!!!
Орзуро дар Кургонтеппа аз руи барномахои хубаш хама мешинохтанд ва интизори хар як баромади у буданд. Ин ки Пиров уро ба сафина овард, маънои онро надорад, ки Орзу дигар гуломи Пиров асту аз гапи у баромадан хак надорад! НЕ, САД бор НОМАЪКУЛ карди!!! Орзу як хело барин тути нест, ки гапи ба у омузондаро такрор кардан гирад. У сохибхунар аст, ЭЧОДКОР аст, ИСТЕЪДОДИ ХУДОДОД дорад. Гуфти ту гох бастакор аст, гох продюсер аст, гох шоир аст, гох коргардон аст!!! Чи магар ин бад аст? Барои мард чил хунар кам аст. Орзу хама колабхоро шикастааст. Хамон колабхоеро,ки ту ва ту баринхо аз он баромада наметавонед! Ягон кори Орзу нимкола нест, тавре,ки ту мепиндори. Орзу ба хама кораш расида метавонад. Хам шеър менависад, хам тарона, хам ровиги мекунад, хам коргардони, хам кудаконашро вакт меёбад ба мактаб мебараду хам аз он чо мегирад.
Хам бастакор хасту хам продюсер.......Кани бигу кадом нафаре аз одами одди сар карда то шоиру сароянда, профессору академикат чунин корхоро анчом дода метавонад. Мегуи,ки "Орзу мехохад аз худ кахрамон созад". Ман мегуямат,ки Орзу дар хакикат кахрамон аст, кахрамони халки мазлум, одди, чафодида, чафокашида, тухматзадашуда, кахрамон ятимон, инвалидон, бекасон, бенавоён, рахгумзадагон, фиребхурдагон ва хоказохо.......
Дар як мохи рамазон ба чи кадар барчомондагону бечорагон аз хисоби шахсони хайрхоху хайрчу кумак карда тавонист.Магар кахрамони аз ин зиёд мешавад? Кани бигу мухтарам Сатори, боз кадом шабакаву расонахо холисанлиллох ба чунин икдомоти хайрхохона камар баста тавонист? Шояд мегуи,ки хайр аз хисоби худаш накардааст-ку? Бале, офарин! Лекин барои ба корхои хайру саховат даъват кардани мардум боз хам истеъдод даркор, истеъдоди суханвари, хамин тавр не? Бале, Орзу ба мисли онхое, ки метарсанд аз хати кашидаи хочахояшон бароянд, нест. У хеч гох бекор намемонад, гарчанде,ки у хеч гох мунтазири маош хам набуд. То хозир аз пушти хунару касби халолаш нон хурдааст, пора нагирифтааст, тамаъ накардааст, ба касе хам барои гирифтани вазифа пора хам пешниход накардааст.....Дар ин бешае, ки ту мегуи "шояд паланг хуфта бошад", кайхо палангхо аз дасти лошахурону шаголон ба куллахои баланд фирор кардаанд........
ХАР ШАБ ЗИ ХУДАТ БИПУРС, АГАР ТУ МАРДИ,
К-ИМРУЗ ЧИ ХИЗМАТЕ БА МАРДУМ КАРДИ.......

Салом! Озодагон, чаро шархеро,ки рузи шанбе 23.08 2014 аз чониби ман барои дастгирии Орзу Исоев фиристода будам, сар надодед! Хохиш мекунам пахш кунед!!!

Собир
Орзу фикр мекард, ки зиндашй дар Точикистон бо "Бахси имруз" хотима меёбад. Аммо хато кард. Бештар ба популизм рох дод. Журналистика чизи дигар аст, на он чи ки субхона дар радиохо мешунаванд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)