Бахшҳо
20 авг 2014 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 19 августи соли ҷорӣ навореро намоиш доданд, ки аз равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, бо як зан ҳикоят мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, Саркоров раҳбарии яке аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар баробари имоматӣ ба дуохонӣ ва табобати сокинон низ машғул будааст.

Бар асоси нақли гузоришгарон, авлоди Саркоров дар оғози асри бист гӯиё аз Бухоро омада, дар Лолазори Фархор маскан ихтиёр кардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳадаф аз ин намоиш паҳни фаҳшо ва ё кинаву кудурат ба рӯҳониён нест, балки мехоҳанд аз ин тариқ дардҳои ахлоқии ҷомеаро дармон бахшанд.

Дар ин навор лаҳзаҳои хуфтухоб ва равобити ҷинсии Саркоров бо зане, ки гӯиё барои дуохонӣ ба пешаш омадааст, дида мешавад. Аз навор маълум аст, он аз чанд гӯшаи хона сабт шуда, тамоми лаҳзаҳои равобити маҳрамонаро ҳифз кардааст ва зани дар он буда, бо истифода аз кӯрпаю болишт талош мекунад, то чеҳрааш ошкор нашавад.

Дар гузорише, ки шоми 19 августи соли ҷорӣ аз равобити маҳрамонаи Саркоров дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, бархе аз ҳамдеҳагони “қаҳрамон” баромад карда, амали ӯро нафратангез хонданд. Яке аз ин афрод, гуфт, Асомуддин Саркоров баъд аз ин овозаҳо кам ба масҷид меояд ва дар кӯчаҳо низ камтар пайдо мешавад. Онҳо мегӯянд, ин овоза обрӯи деҳаашонро ба замин задаасту онҳо то ба ин ҳад ба бадахлоқии Саркоров бовар надоштанд. “Чун имом буду ҳамеша аз зарари зино мегуфт. То ин корро карданаш одами хуб буд. Чи хел мешавад, ки ҳамаро ба сӯи некӣ даъват мекунию худат ин хел менамоӣ”,-гуфт яке аз сокинони Лолазор.

Намоиши навори маҳрамонаи Саркоров тавассути телевизионҳои давлатӣ дар ҳолест, ки он ҳамагӣ чанд рӯзи пеш тавассути “Нури наҳзат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Пахши ин гуна наворҳо тавассути шабакаҳои давлатӣ бори аввал нест. Дар гузашта низ чандин навори маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз сӯи Нури наҳзат таҳия мешаванд, намоиш ёфта буданд. Аммо ин бори аввал аст, ки Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳангоми намоиши навори маҳрамонаи Саркоров истинод ба Нури наҳзат карданд.

Нури наҳзат, ки дар пайи маъракаҳои “антинаҳзатӣ” ба миён омадаасту худро мақоми амниятии дохилии Ҳизби наҳзати исломии Тиҷикистон муаррифӣ мекунад, бо ифшои лаҳзаҳои маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз онҳо “мулло” ном мебарад, машғул аст. Дар пайи зиёд шудани ин гуна наворҳо аз сӯи ин шабака Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз паҳн намудани ин гуна наворҳоро нигаронӣ карда, онро маҳкум карда буданду амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон каданд.
Мӯҳр
Муллои харом будааст зинокор . Лаънат бар инхел мулло. Лаънат.Дунёро муллохо вайрон кардаги.

Кур,
.,
ИН наворхоро барои он дар шабакаи телевизион нишон медиханд, ки мардум фахмад ки хубаш чи гандааш чи. Барои ки чашми мардум кушода шавад. Барои он ки ба кудаку хурду калон маълум шавад ки ба хар кас бовар кардан даркор нест.

ПОДСТАВА, хамаи ин корхо фармоишианд ва ин духтаро хам ва ин нимчамуллохо нафси худро дошта наметавонанд

ИНХО УДОСТОВЕРЕНИЯИ "МУЛЛО" ДОРАНД Е НА. ИНХО МУЛЛО НЕВУ ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН МЕБОШАНД, ЧАРО КАЛИМАИ МУЛЛОРО БА ОНХО МЕЧАСПОНЕД?

Шахрванд
То кай хамрохи ахли оила, иборат аз кудакони хурдсол, ин гуна наворхои сексу порнои телевизиони давлатиро тамошо кунем!? О охир фикр намекунед, ки дар дехот ба гайр аз телевизиони давлати дигар чизеро тамошо намекунанд? То кай ба мо порно нишон медихед, чанобои Кумитаи ТВ ва радио? Агар аз пайи худи ин давлатдорон чосуси кунед, чи корхое худашон намекунанд. Аммо харчи мекунед, кори худатон. Бо бузу хар хам хамхобаги кунед, кори худатон, аммо ин чизхоро бо тв-и давлати нишон надихед.

хурматулло
кореш накунен, ки антеноомуна канда бупартоем

Тасвир
Ин хама наворхову намоишхо хадаф доранд. фохишахои марду зан аз кадим бо чомеъа омадаву боз хам идома меёбад. бисёранд муллохои беимону худоношинос, аммо тавре ки аз ин наворхо мушохида кардем, аслан занони калонсол дар инхел намоишномахо истифода мешаванд. вале кам нестанд мансабдороне ки духтаракони чавонро истифода мебаранд. намоишномахои ин мансабдоронро низ бояд нишон дод, дар баробари муллохо. мутаасифонаву мутаасифона мардхои мо, хох мулло бошад, хох оми ва хох мансабдор, бисёре аз онхо номусро аз доданд. вой бар холи занони муйдарози..., ки бо ин мардхои беномусу бенангу бехудо чи кор мекунанд.

Собир
Хамун Ленин кори дуруст карда будааст, ки тухми муллохоро аз шуравй нест кард. Кандша бзана! Инора хичи наган бахудоки гузаронданд. Хамин кадар нишон метиян боз хамун корашон. Мун нафамидум...

О ин афсонахо чи даркор наздик тарин рафики ман дар Кумитаи дин кор мекнунанд кабл аз ин ки ин наворхо пахш шаванд аавлин касе ки инхоро тамомшо мекунад рохбарияти (Раис) кумитаи дин мебошад баъд дар бораи чи тавр пахш ва кадоми планхои кадрро нишон додан кумитаи дин ва маркази исломи накш бози мекунанд. Дуввумаш ин ки барои як нафарро имомхатиб таъйин кардан хар касе ки набошад аз сурохи сузан онро мегузаронанд баъд онро кабул мекунанд. Амният ку аз хар як кадами ин имомхатибон хабар дорад то 3 сол кабл баъд аз он протоколи маъруф кадом имомхатибе ки узви хизби нахзат буд аз имомхатиби онхоро ронданд. Холо чи тавр мешуда бошад , ки кумитаи дин дидаву дониста аъзои ХНИТро имомхатиби масчидхои узви хизби халки демократи таъйин мекарда бошад. Сониян ин ки Маркази исломи ва Кумитаи дин аз нури нахзат гуё хушашон намеёмада бошад ин сиёсати дугона оба лоё карда мохи гирифтанро мемонад. Хамаи ин наворхо аз чониби макомот ташкил ва чамъ карда шуда санария ва монтажи он дар дасти Кумитаи дин ва маркази исломи мебошад. Ва пахн кардани наворхо бо фаъолон ва имомхатибон дар саросари кишвар худ нишон медихад ки кумитаи дин аст асосгузори ин нури нахзат.

муҳочир
ЗИЕДА АЗ ЯК СОЛ МЕШАВАД КИ МО ИН НАВОРҲОИ ФАҲШУ ФОҲИШАРО ДАР ТВ ҲОИ ДАВЛАТИ БА НАМОИШ МЕГУЗОРАНД МАН НАФАҲМИДАМ МАКСАД АЗ НИШОН ДОДАНИ ҲАМИН ФАҲШО ДАР ЧИСТ ПЕШГИРИ АЗ ЗИНО Е МАРДУМРО АЗ МУЛЛОҲО ДУР КАРДАН АГАР ПЕШГИРИ АЗ ЗИНО БОШАД ҲАМИН ГУНА ФОСИКОРО САНГСОР КУНЕД ТО МАРДУМ БУБИНАНД ВА ИСЛОҲ ШАВАНД ҲАМ ЗАНҲОРО ҲАМ ИН ФОЛБИНҲОИ ФОСИКРО АММО ИН КОРО НАМЕКУНАНД ЛОАКАЛ ДАР МАЪВИЗАҲОИ РУЗҲОИ ЧУЪМА ЯК ЧУЪМАРО ДАР БОБИ ЗИНО ЭМОМХАТИБО МАЪВИЗА КУНАНД ЛЕКИН ИН ДАР БОБИ ЗИНО ДАР МАЪВИЗАҲОИ АЗ ТАРАФИ КУМИТАИ ДИН НАШР ШУДАШОН МУТТАСИФОНА НЕСТ

Чамшед
Бародарони азиз пеш аз он, ки ину он мулоро зери маломату таъна карор медихед донед, ки чи мегуед? ва баргашта тавба кунед, ки ин шармандагиро Худованд ба сари хеч кас наоварад! Оё шумо бародарони маломаткунанда медонед, ки дар оянда ба шумо чи мешавад? фикр намекунед, ки Худои накарда хамин бало ё аз ин хам шармандатараш бар сари шумо биёрад чи кор мекунед?! Мебахшед насихат намекунам факат як пандеро ёдрасатон мекунам, ки шояд шумо хам донед ин киссаи Шайх Барсисо аст, ки 400-сол умр дида буд ва онкадар макому манзалате назди Офаридгор пайдокарда буд, ки Худо худ медонад... лекин билохира Аллохи мехрубон эшонро беэмон аз дунё бурд. ва ин бародар Асомуддин Саркоров ба ном муло агар медонист пешомади худро зинхор ба зинхор ин коро намекард! Дигар ин, ки оё шумо фикр мекунед, ки он зане бо Асомуддин Саркоров хамхоба мешуд аз хамон махала ё зани ягон бародари дигар аст? агар хаминтавр фикр кунед хастост! то чое, ки мо иттило дорем ин зан аз одамони таёр кардаи худи Кумитаи Амнияти милли мебошад! Пас суоле ба миён меояд, ки оё ин кормандону рохбароне, ки ин духтаро барои шахватбарори Асомуддин Саркоров ва ба монанди ин чантои дигараш истифода мекунанд дар зинову дар гунохи онхо шарик нестанд?! ва чаро инхоро нодида мегиред?! ва хатто дар як навор овози як духтар аст, ки маро навор нагир, ки очам мебина гуфта омадааст!!! Пас худ казоват кунед дустони азиз! Худо хамаро инсоф дихад! Озодагон хохиш чопашкун.

99
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе ки ҳаст аз муслмонгарии мост...:((((,

Бинанда
Ахамият дода бошед, ин бева ба хамон зане, ки дар навори Муллои Чодугар (Иброхимов) аз Нохияи Рудаки, росто огуш мегирад хеле монанди дорад. Яъне режисерхо ба воситаи накшофаридани ин зан ба навор мегиранд. Ва ин бева хамеша руяшро пинхон мекунад бо болишт ва пушташро тарафи камера кардааст, то ки нашиносанд. Шабатаи аввал, Белеет парус одинокий ва Чиннамо бояд ба режисерхои ин наворхои порнографи ТАШАККУРУ сипос гуянд, чунки то ин дам хеле кам одамон шабатахои моро тамошо мекарданд ва акнун болелшикхои ин наворхо зиед шудааст ва мунтазиранд кай навори наве нишон медиханду онхо лаззат баранд. Хай дигар рохи чалб кардани тамошобин барои инхо вучуд надорад.

Имрузҳо ҳамагон медонанд ки пахши ин наворҳо сирфy сирф барои паст задани мyллоҳо ва дар кyл беқадр намyдани дин дар байни мардyм мебошад. Ононе ки ин наворҳоро пахш мекунанд шоян хyдро дар зоҳир мусалмон хонанд вале дар ботин душмани дин ҳастанд. Дар инҷа як чизи дигаро низ қайд кардан даркор ки пахшкyнии ин наворҳо обру ва иззати миллати моро дар байни ҳамзабонони мо дар дигар кишварҳо паст хоҳад кард. чанд руз қабл бо як гуруҳе аз ҳамзабонон ки аз Афғонистон ва Ирон бyданд дар хориҷ аз кишвар мулоқоте доштам ва ҳадафи мулоқот ҳам ҳамин бyд ки ман онҳоро аз вази кишвар огоҳ намоям чyн онҳо тасмим доштанд ба Тоҷикистон барои истироҳат сафар кyнанд. Бади мулоқот бо онҳо ва суҳбат бо онҳо ба ин натиҷа расидам ки онҳо миллати Тоҷики моро дар Тоҷикистон як миллати фасодкор ки дyхтаронашонро барои бадаст овардани чанд доллар мефyрyшанд, мешиносанд. Чyн дар ҳанг@оми дидор пеш аз саломy алайк аз духтарони Тоҷик ва нархи зино пурсон мекарданд ва мегуфтанд ки дустони онҳо борҳо ба Тоҷикистон рафтандy бо пули ночиз бо чанд духтари Тоҷик ҳамхоба шyданд ва ҳадафи сафари онҳо ҳам ба кишвар ҳамин зино кардан бо духтарони арзон миллати мазлyм ва мумини мо бyдаст. Вой бар ин давлат ва давлатмард ки модари хyдро барои 4 доллар фурушад, вой бар ин даюсон.

Хушхабар
Хабари хуш! Муъчизаи гуфтаи илохи!
Барои касоне, ки имрузхо умр ба сар мебаранд.
Мутобики як ояти Куръони карим касоне, ки дуст медоранд дар миёни мусалмонхо ин фохишахо пахн шавад барояшон азоби дарднок аст дар дунё ва охират.
Ба чашмони худ хохед дид, ки касоне ки ин нафароне ки барои пахн кардани наворхои фахшо сахм гузоштаанд азоби дарднок ба сарашон хохад омад. Он азоб метавонад дар худи инсон мустакиман бирасад ва метавонад дар нафари азизони у бирасад.
Мунтазири ин навори хакики хам бошед. Худованд инро дар Куръон хабар додааст. Агар домулохоро пурсед ояташро барои шумо мегуянд. Худованд панох аз пахн кардани фахшо дар миёни мардум.

Э бача имоми нахзатиро чан мол меша аз вазифа гирифтаншон. хози имомо хаамаш ай хизба халкиян ку? А бача билетошона хонда наметонен? Ё да дахатон факат ами номи нахзатай? номи халкиша ёд нагирифтен?

эй мардуми точик! Ман худ ку мулло нестам, лекин дар Точикистони мо факат муллохо зино намекнан, хар як кунчи кучада ин коро хастай, сар карда ай одами одди то раисомиёяю вазиромона. Саво ба миён миёя барои чи факат муллохоя думболи мекунан факат? Максад бад кардани номи Ислом аст. Мо точико табармусулмонем, ним Ислом дорем дар ватан хаваям мехохан ай байн баран.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)