Бахшҳо

Раиси Маркази исломӣ: Баъзеҳо ба хотири курсии сабилмонда розиянд, ки...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар кишвар баъзе аз курсихоҳоне ҳастанд, ки ба хотири дарёфти мақом ба қурбонӣ намудани садҳо тан омодаанд. Ӯ дар мавъизаи рӯзи 15 август дар масҷиди марказии Душанбе сокинонро ба ҳушёрӣ даъват кард ва ин гуна мансабхоҳонро “фитнагар” номид.

Абдулқодирзода бо ишора ба ҳаводиси ахири кишварҳои дунё гуфт, “бархеҳо ба хотири ҳамон курсии сабилмонда миллионҳо нафар ҳам қурбонӣ шавад, парво надоранду мегӯянд, бигзор ҳазорҳо нафар кушта шаваду ман ба он курсӣ расам.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз солҳои нооромии ҷанги дохилии Тоҷикистон ва вазъи бади сокинони кишвар дар он замон ёдоварӣ карда, гуфт, дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат ва зарари он ба тамоми қишри ҷомеа расидааст: “Бегуноҳу гунаҳкор ва бесилоҳу силоҳдор кушта шуданд, аз сабаби як фитна. Кӣ зарар дид? Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон зарар диданд, касе нест, ки надида бошад.”

Ӯ ибрози таассуф кард, бо ин ҳол боз ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд дубора ин гуна фитнаро барангезанду ба ҳадафҳои худ ноил шаванд: “Боз ҳам инсонҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, чунин фитнаҳо барангезанд. Таҷриба нишон додааст, агар ним соат назди телевизор шинем, мебинем дар гӯшаву канори олам чӣ ҳодисаҳо рух медиҳад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз бархе намозгузорони кишвр даъват кард, ҳангоми омадан ба масоҷид даст аз фитнакорӣ ва баҳси масоили ҷузъии мазҳабӣ бардоранд. Ӯ гуфт, “бархеҳо меоянду дар саффи намоз зиёдаравӣ мекунанд ва зарари худро ба намозгузорону масҷид мерасонанд. Аз барои Худо бархеашон омаданду ин гуна зиёдаравӣ карданд, кормандони ин марказ ё масҷид соатҳо бозпурсӣ шудаанд. Дар ҳоле ки зиёдаравии онҳо сари масоили ҷузъӣ мебошад. Ин як васвасаи Шайтон аст!”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар пайи ин ҳама даъвату ҳушдори худ таъкид кард, мусалмони воқеӣ нафаре аст, ки касе аз забон ё амали ӯ зарар намебинад.
Мӯҳр
Куса
Акои Абдулло, ба фикрам дар киёмат барои риш разбор намекунанд.

Пф
Хехе тарсончакхо! Навиштаи манро чаро чоп накардед? Озодгони даруни нохунак!

Бобои Саидмукаррам ту аввал афсонаатро барои худат бихон, баьд ба дигарон, ту худ аз барои мансаб рафтани чавононро ба масчид мань, сатр дар макотиб мань,хондани намози чумьаро дар масчидхои Эшони Нуриддин ва Хочи Мирзомань карди, ту худ мусулмони вокеи мебуди кайхо курсиатро тарк мекарди

Икром
Ин муфтира чи бало зада бошад,ки якборам сухани хакро намезанад? Магар муфтии дини Худо хаминхел мешавад? Мухтарам Абдулкодирзода ту якбор фикр намекуни вазифаи ту аз чи иборат асту ту ба чи корхо даст мезани? Фардо рузи киёмат дар назди Парвардигор чи чавоб мети?

Бобояон
Рост мегуяд Хамин муллохо чанги шахрванди ро сар карда буданд ку!!! Беандешаги карда хамаро ба майдонхо бароварданду сони бозичаи дигарон шуданашаона соли 2000 фахмиданд!

Чамол
Касам ба Худо вакто, ки навиштачотхои хонандагони ОЗОДАГОНРО хондам ба хулосае омадам, ки хамин МУФТИ авлотар аст, аз вазифааш истифодихад, чун ки аз пешвои ДИНЕ мардум ё кавмаш рози набошад Пайгомбари Худо гуфтанд сахтарин азоб барои ин гуна пешвои ДИН омода шудааст! (яъне он пешвои дине, ки ххакикатро ба мардум намефахмонад ва аз ин ру дар назди бандахои Худо манзалате надорад). Як гуфтаи Сайдмукарам хеч аз хотирам намеравад вакто, ки ба ин вазифа яку як бора таъин шуд дар лахзаи якуми суханрониаш дар МАДРАСА гуфта буд: "Ин вазифа нест, балки масъулияти сахтест дар назди Худову Расул" пас метавон гуфт, ки имруз Мукарам аз гуфтахои Худову Расулаш пуштибони мекунад???

Рост мегуяд ин муфти! барои курси шуда чанд эмомхатибони покдоману босаводро аз масчидхо гирифтан соф бесаводонро дар чои онхо мондад

Бериш
Акаи Абдулло, дар киёмат барои РИШ - чавобгари пешбини нашудааст.

А-а
Ahmad,
Оё ту худад дори.

Рудаки,
Ба монанди саранча хамаатон ягдигарро мехуред хамаи ифлоси дар мусалмон дида мешавад, набалки дар дини Ислом.

мукарам
агар хамин мансаби сабилмондата бо эшон душмани намекарди намегирифти мансаби сабилмонда гуфта анахамина мегуем бо шарм надошта насихатмекуни БО ЧОПНАМЕКУНИ ТАРСОНЧА ОЗОДАГОН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)