Бахшҳо

Ислом Каримов: “Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”

Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ ҷузъиёти ифшонашудаи баҳси Ислом Каримов – раиси ҷумҳури Узбакистон бо Аскар Оқоев – раиси ҷумҳури пешини Қирғизистонро дар бораи ҳувияти ҳамсари Манас ошкор кардааст.

Иброҳимов дар ин матлаби худ, ки дар блоги хусусиаш ба табъ расидааст, мегӯяд, номгирии Оқоев аз ҳамсари ин қаҳрамони қирғизон ҳамчун зодаи Бухоро ва фарзанди миллати тоҷик дар ҷашни 1000-солагии достони “Манас” бо вокуниши сахти раиси ҷумҳури Узбакистон рӯбарӯ шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷаласаи бахшида ба 1000-солагии достони “Манас”, ки дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор шуду дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, раҳбарони ҳафт кишвар, дабири кулли ЮНЕСКО ва меҳмонони дигар ҳузур доштанд, сухан ба Аскар Оқоев дода шуд. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳангоми маърӯзаяш дар бораи “Манас” сар аз матн бардошту гуфт, ҳамсари Манас, ки аз ӯ Ханикей ном мебаранд, зодаи Бухоро буда, духтари тоҷик мебошад.”

Ба нақли Осмонакун Иброҳимов, ин гуфтаҳои раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳамтои узбакашро сахт нороҳат карда, ӯро водор сохтааст, то ҳангоми расидани навбати суханронӣ вокуниш нишон диҳад: “Каримов чун ба минбар рафт, матни маърӯзаро як тараф гузошта, ба ҳамтои қирғизаш хитоб карду гуфт, ҷаноби Оқоев, аз куҷо якбора зани Манас Ханикей тоҷик шуд? Ба кадом далел ин хел гуфтед? Охир, ӯ аслан узбак буду духтари хони Бухоро! Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”

Раиси ҷумҳури Узбакистон, ки хеле ғазаболуд будааст, дар идома таъкид кардааст, ки ҳамаи қаҳрамонҳои қирғиз бо духтарони узбак издивоҷ кардаанд, аз ҷумла ҳамсари наздиктарин ҳамнабарди Манас - Алмонбет Арууке ҳам узбак будааст. “Ӯ баъд аз суханронӣ ҳамроҳ бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев толорро тарк карданду дигар дубора боз нагашт, ҳар чанд каме баъд Назарбоев ба толор баргашта буд ва ахиран Каримов худи ҳамон рӯз ба гуфтаи худаш ба хотири корҳои муҳим Бишкекро ба қасди Узбакистон тарк кард”,-ба ёд овардааст Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ.
Мӯҳр
Доно
Тавба. Ин узбак факат шу мекардаст, зан намегирифтааст?

БиоМама
Шахбоз. Агар хуни Каримова барои анализи ДНК- тоза узбак буданаш супорем, аз натичааш аник Узбакистонда мотам эълон мекунанд.

хамшахри
Каримов худаш точик асту точиконро бад мебинад. Хатто бо апааш, ки дар Точикистон мезист, во нахурд ва у бо алам аз дунё гузашт.

Ташхис
Ба рости Узбако зуран, агар кадом миллате ки хохад ки худро узбак эълон кунад, аз ин онхо ифтихор мекунанд, ки як узбак зиёд шуд. Фаркаш нестаи, ДНК бигузор аз Танзанияи Африко бошад.

Хушхабар!!!Санаи 9-уми сентябри соли 2015 дар пайи нооромихо дар Узбакистон дар натичаи райпурсии умумихалки шахрхои Бухоро ва Самарканд ба хайати Точикистон дохил карда шудаанд.

اسلام عليكم برادران ارجمند

РЕГИСТОНИ
САД БОР БАДИ КАРДИУ РАХМИ ТУ НАОМАД,
НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ, КИ ЯК БОР НАКАРДИ.

Ба Шумо Ислом Абдулганиевич чунин суханхо гуфтан зеб надорад, Шумо Точикавлод хастед ва марди босавод, лек чи мачбур мекунад ки чунин суханхо мегуед. Дар Дастгохатон 88 фоизаш кормандонатон аз хуни точиканд ку. хатто бадахшонихои точикистон низ кору фаъолият мекунанд вале чаро ин тавр мегуед.

МУХТАРАМ ИСЛОМ АБДУЛГАНИЕВИЧ, БАРОИ ШУМО ЧУНИН СУХАНХО ГУФТАН ЧОИЗ НЕСТ, ЧУНКИ ШУМО ШАХСИ БОФАРХАНГУ БОСАВОДЕД ВА РАХБАРИ ЯК КИШВАРЕ КИ МАФИЯАШ АЗ МАФИЯИ КОЛУМБИЯ ВА СИЦИЛИЯ ПУРКУВВАТТАР АСТ.ШУМО ХУДАТОН ХУНИ ТОЧИКИ ДОРЕД ИН БА ХАМА МАЪЛУМ. ШУМОРО ЧИ ВОДОР МЕКУНАД КИ ИН КАДАР ТОЧИКОНРО ДУСТ НАМЕДОРЕД. ЗАБОНИ ТОЧИКИИ АДАБИ БА ЗАБОНИ САМАРКАНДИ БОСТОН ХЕЛЕ НАЗДИК АСТ ВА БА ХОТИРИ ХАМИН ЗАБОН АККАЛАН БА ТОЧИКОН БО МЕХР НИГАРЕД

Миршаб
ВОХ, ин муйсафед худуша руйхати х. Азроилба бакайд мондаги ё не.

ТОЧИКИ АСИЛ
ИГВОИ НАВБАТИ ПЕШ АЗ ОГОЗИ Ш,О,С (агар не кохи кухнаро чи бод мекунед)!!!

Тошкул аз Хисор
Умед,Бародар ин каримов беакл нест ин Шумоен беаклед.Гапи тугри гуфт кай дар Бухоро точик амир буд? Имруз як-ду одамони беал точикро аз узбек чудо карданиянд.ки ин гайриимкон аст Точик як кабилаи узбеканд лекин забони форсиро ед грифтану хостан миллати ягона шаванд.Хозир дар Точикистон шасе нестки у хуни узбеки надорад гайр аз Дарвоз у тараф мумкин надоранд лекин ин хам зери суол. 80% номхо дар Точикон узбеки хаст.Тамоми ахолии Сугд калтатойанд.ки инхо авлоди узбекхо мебошанд.Кулобихою Кургонихо аз авлоди калигу лакаянд ки онхо хам узбеканд.Каротегин аз номаш малум ки узбекнишинанд.Акнун бигкед Точик дар кучо аст.Монед хамин Бадахшихо кати Масов точикиша нишон диханду исбот кунанд дигархо таьрихан узбеканд ва фахр кунед.ки хуни узбеки доред.Озоди акидаи гайрточикхоро хам чоп кун

о худат точик ку ба сари узбако хукмрони дори!танхо хуни милли надори!

Алишер
Самарканду Бухоро азони мо буд ва иншоаллох аз они мегардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)