Бахшҳо

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст

Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи овозхонҳои шинохта Азизовҳо мебошад, пиёдагардеро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Озодагон” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, номбурда савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад.

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаастВисол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш “0100 ВР 01”, ки Висол бо он пиёдагардро аз пой афтондааст, ба номи Остон Азизов, овозхони тоҷик, сабт шудааст.
Мӯҳр
Дурбин
Аз расмхояшон маълум, ки хурокхои сергизо истеъмол мекунанд. Ана натичааш, чашмхо танг шудаги, одаморо дар рохи калон дида намеша, баъд зуд зуд авария меша..

АЗИЗ
БА ФИКРАМ ОСТОН БО ХУНАРИ ОВОЗХОНИЮ АКТЁРИ МАШХУР ШУДА НАТОНИСТ. АКНУН МЕХОХАД, КИ ХАМА ДОНАНД, КИ У ЛЕКСУС ДОРАДУ НОМЕРОШ КРУТОЙ ВА ОДАМО АЗ ДАСТАШ БА ВОЙУ ДОД...

Агар хами бачи Азизов Камарулзамона(номаш бин-янеъ зури замон, хамихели ном номи точики бошад??) кормандони БДА ба суд кашида хукм бароранд як дег оталлаи аз номи ман садкаи сарашон, агар натавонистанд(бовари дорам наметавонанд, чунки чабрдида вакто харида шудааст) кормандони БДА ба мовори дехконода як гусфанд тандири хадя диханд.

pz
дар шахри мо бда факат мора манъ мекарда боша тамом. хама майли падарша бо моддаи маъруфи 90-и КХМ ЧТ чарима кнан пулуш мерасида боша барои чаримара супоридан? ё ин , ки дар хами холатам бо гузарондани 7 экспертиза сафед мешида бошан?

инора отахошона суд кардан даркорай ки ба шербачаи ба балогат норасидада мошин падарка мекунан ба дар номи хар кас карда мегардан мошина, ки ягон гап шид ба у мардаки калонай чавобша як бало карда мета.
мумкин, ки пиёдагардам барои мошини и шербачара зер кардануш чарима кунан ай дасти и толстосумо хар кор миёя!

Абдулло
Дар ин мактаби байналмиллали боз кадом намуди чинояткорони бегунох тахсил мекарда бошанд?!

Ба инаш чй мегуед? мухтарам дороён. Остончик, Расулчик, Чик-чики бисёр. О мардум аз дасти шумо ба чон зад.

Оилаи Остон Азизов ё оилаи дигар хаст ё не бояд дар пеши конун чавоб гуяд!

Афташон ба курбокачахо монанд. Аз пурхурй мекафавнде

Хамин халки мо халки бахил, хай вайа падаращ мехнат кардасту харидаст мошин, шумохам мехнат кунед харед, зуратон намерасад ба лексус харидан бад мешинед занакои лаби об барин аз кафо гап зада,

орзу дорам ин буккачахоро 80 камчин бизанам.

чавоб ба чабрдида. инхоя падарашон дар кучо мехнат карда ин кадар сарватманд шудаанд дар кадом завод ба ман адресашро гуед мо хам он чо рафта сарват ебему мошинсавор шуда гардем.

Said
In kormandoni BDA tanho moshini kambagalonro man' karda dolya megirand. Begohi yakbor nazdi opera balet omada nazorat kuned chiguna moshinro bo sur'ati baland meronand.

Падарашон хай ми инхоя..падарашон?Беодоб бача будиянд ку инхо.

Довуд Суфиев
Худованд бузургай хар каса аз дилу ниятуш. Хаму чабрдида соку саломатай хичгапи серезни нагзаштай хами я одами Влиятельный я кор накнада и бахило мехран худшона, азоб метан худшона морально. Гуфти у анекдот ( Худум касалум мазам нест давления шидам, Бо хамсоям Джип харидай ). Худо бген ай ида бад накна.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)