Чаро муфтии Тоҷикистон аз дуо дар ҳаққи фаластиниҳо худдорӣ мекунад?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Муфтии Тоҷикистон аз дуои мустақим дар ҳаққи мусалмонони Фаластин худдорӣ мекунад. Ин “эҳтиёткорӣ” ба чӣ хотир аст? Барои “бад накардани муносибат” бо Исроилу Амрико?
Навори Ғазза ғарқи хун аст. Як моҳ мешавад артиши Исроил сарзамини ишғолиро тирборону бомбборон мекунад. Ҳоло оташбаси 72-соата идома дорад. Мардуми Ғазза дар ин муддат бояд ҷанозаҳои хешону пайвандон ва ҳамсояҳои худро ба хок супоранд.
Баъди як моҳи даргирӣ оташбаси 72-соата эълон шуд. Бино ба хабарҳо Исроил нерӯҳояшро аз Ғазза берун бурдааст, аммо касе кафолат дода наметавонад, ки дубора ва бо нерӯи бештар ба он ҳамла намекунад. Исроил ин таҷрибаро дорад. 1 август ҳам баъди чанд дақиқаи эълони оташбаси 72-соата, чор фаластинӣ аз тири тонки Исроил ҷон дода, 15 каси дигар захм бардошт.
Расонаҳо аз комилан хароб шудани 5 241 манзили истиқоматӣ дар навори Ғаза хабар медиҳанд. 25 масҷид ва 26 мактаб ҳам пурра вайрон шудааст. 30 050 бинои маскунии дигар қисман тахриб гардидааст. Артиши Исроил ҳатто ба мактабҳо ҳамла мекунад ва ба таълимгоҳу табобатхонаҳо мушак меандозад. Чанд рӯз пеш, мактабе дар назди оҷонси кӯмак ба гурезаҳои фаластинии Созмони миллали муттаҳид (СММ) дар Рафоҳ мавриди мушакандозӣ қарор гирифт, ки дасти кам даҳ сокини осоиштаро кушт. Ин ҳодиса ҳатто Пан Ги Мун, дабири кулли СММ-ро нороҳат сохт. Ӯ ҳамлаи мазкурро ҷиноят номида, онро нақзи ҳуқуқи башар гуфт. Ба қавли Пан Ги Мун ҷойҳое ки барои сокинони осоишта ҳамчун паноҳгоҳанд, бояд минтақаи амн бошанд, на маҳалли амалиётҳои низомӣ. Пан Ги Мун гуфт, ба артиши Исроил чандин маротиба дар куҷо воқеъ будани чунин ҷойҳоро нишон додаанд. Дабири кулли СММ ба таҳқиқи ҳарчи зудтари ҳодисаи мазкур даъват карда, хостори ҷазо додани гунаҳкорон шуд.
Ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза, ки дар пайи он сокинони осоишта бештар қурбон мешаванд, хашму ғазаби миллионҳо нафарро дар сайёраи замин ба бор овард. Дар бузургтарин шаҳрҳо намоишҳову гирдиҳамоиҳои эътирозӣ сурат гирифт. Бо нишони эътироз алайҳи куштори сокинони осоишта дар навори Ғаза бархе кишварҳо хостори таҳримҳои маҳсулоти тавлиди Исроил шуданд. Вазири иқтисоди Туркия ба бойкот намудани ширкатҳои исроилӣ, ки амалиётҳои низомиро дар Ғаза пуштибонӣ мекунанд, даъват кард. Аммо гуруҳе гуфтанд, ки бояд маҳсулоти Амрико ҳам таҳрим шавад. Ба гуфтаи онҳо ИМА аз ҳамлаи Исроил ба Ғаза пуштибонӣ мекунад. Тавре расонаҳо менависанд, ҳазорон қаҳвахона, тарабхона ва меҳмонхонаи шаҳри Мумбай, пойтахти иқтисодии Ҳиндустон ба мизоҷони худ фурухтани нушокиҳои Pepsi ва Coca-Colaро манъ кардаанд.
Дар саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам рамз ва рӯйхати маҳсулоти тавлидии Исроил нашр шуда, аз корбарон даъват шуд, аз харидории он даст бикашанд. Дар ин як моҳи даргириҳо кишварҳои зиёде амали Исроилро маҳкум карданд, ки чеҳраҳои аввал ҳам истисно нестанд. Моралес Эво, раисиҷумҳури Боливия Исроилро кишвари террористӣ эълон кард. Президенти Боливия соли 2009 низ ба хотири ҳамлаи низомии Исроил ба навори Ғазза равобити дипломатӣ бо Тел-Авивро қатъ карда буд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия ва Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон ҳам амали Исроилро “терроризм” унвон карданд. Бразилияву Эквадор ва бархе аз кишварҳои Амрикои лотинӣ сафирони худ дар Тел-Авивро ба хотири ҳамлаҳои низомии Исроил ба манотиқи аҳолинишини Ғазза ба ватан хонданд.
Як рӯз қабл, Саида Варсӣ, вазири аршади давлатӣ оид ба умури хориҷии Бритониёи Кабир дар эътироз ба сиёсати кишвараш дар робита ба ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин аз симаташ истеъфо дод. Хонум Варсӣ дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардааст: “мутаассифона, истеъфономаи худро ба нахуствазири Бритониё пешниҳод кардам, чун дигар наметавонам аз ин ба баъд сиёсати ин кишвар дар робита ба Ғаззаро ҳимоят кунам”.
Ҳукумати Тоҷикистон хомушӣ ихтиёр кардааст. Танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши як баёния ҳамлаи мусаллаҳонаи Исроил ба навори Ғаззаро маҳкум карда, онро ҷинояти зидди башарӣ унвон кард. Дар баёнияи ҳизб, ки ҳанӯз 12 июл нашр гардид, аз ҷумла гуфта мешуд, “Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроилро, ки чанд рӯзи ахир ин режими ишғолгар ва таҷовузкор бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ мардуми бедифои Фластинро дар навори Ғазза аз замину осмон оташборон мекунад, қотеъона маҳкум намуда, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин эълон менамояд”.
Масъулини ҲНИТ аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз талаб карданд, амали Исроилро маҳкум карда, ҳуқуқи мардуми Фаластинро барои зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худ таъмин намоянд. Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз сукути мақомоти кишвар дар баробари қазияи Фаластин интиқод карда гуфт, дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳангоми дарёфти кумак аз кишварҳои арабӣ шиори “муъмин - бародари муъмин”-ро пеш меорад, дар қазияи Фаластин гӯиё ин шиорро фаромӯш кардааст.
Маркази исломии Тоҷикистон ҳам ҳарфе нагуфт. Ҳарчанд корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Абдураҳим Холиқзод, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хоста буданд, дар эътироз ба ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин садо баланд кунанд, аммо...
Абдулқодирзода дар намози ҷумъа ба ҳангоми дуо аз Худованд осоиштагии тамоми мусалмонҳоро хоҳиш мекунад. Бархеҳо мегӯянд, манзури ӯ қазияи Фаластин аст. Аммо ин ки мустақим дар ҳаққи мардуми мазлуми он кишвар дуо намекунад, суолҳоеро халқ кардааст. Қисме мегӯянд, бидуни иҷозаи “боло” дар ин хусус чизе намегӯяд. Бархе ҳам бар инанд, мисли он ки дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти кишвар барои “бад нашудани муносибат” бо шарики стратегӣ-Русия дар қазияи муҳоҷирони меҳнатӣ хомуширо авло медонад, инҷо низ амал кардан аз рӯи мақоли “даҳони пӯшида сад тило” ба нафъи кор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |