Бахшҳо

Раҳим Масов: “Ҷонибдори мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ ҳастам”

Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум, мегӯяд, тарафдори статус ё мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад. “Шахсан ҷонибдори додани сатуси давлатӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистонам ва аз он ҳимоят мекунам”,-изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо торнамои русзабони “Евразийское развитие”.

Масов дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар ниҳоди зертобеи ӯ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст, чун ба гуфтаи Масов, забони русӣ забони мубодилаи илмӣ дар кишварҳои пасошӯравист. “Бо тавсияи мо Шӯрои дисертатсионии ҳимояи доктории Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон тавонист, ба ғайр аз забони англисӣ забони русиро ҳам ворид созад”,-илова кардааст ӯ.

Раиси ин пажӯҳишгоҳи Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳоло дар кишвар забони русӣ паҳну барои рушду пешрафти он талошҳо бояд анҷом дод: “Агар дар зовия қарор гирифтани забони русӣ ба мисли 20 соли охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад, пас дар ин ҳолат фосилаи фарҳангӣ зиёд хоҳад шуд. Барои муваффақ шудан дар рушду пешрафти забони русӣ мавқеи ҷиддии Русия дар робита лозим аст. Маскав набояд аз дастгирӣ ва сармоягузорӣ дар мавриди рушду пешрафти ин забон ҳарос дошта бошад. Чун аз ҳама роҳи таъсирноку умедбахш ин сармоягузорӣ мебошад.”

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар рушду пешрафти тамаддуни АвруОсиё ва тақвият бахшидани равобити мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ нақши калидӣ бозидаасту мебозад. “Нақши муҳимро дар рушди тамаддуни Шӯравӣ забонӣ русӣ дошт”,-афзудааст Масов.
Мӯҳр
Ман
Масов хамеша чонибдори аз фархангу тамаддуни рус мекарду мекунад. Вакти ба нафака фиристоданаш кайхо гузашт. Сабукдушаш кунед, ки бегам истирохат кунад.

Испаниола
Доктр Масов! Миллат аз Шумо инро интизор набуд...

nnn
Мухаммад,
бе пир марав ки дар амони, гар сикандари замони
аслан чонибдори давлати шудани з.руси нестам, вале кисман онро хамчун забони технология бояд конуни кард, баъзе калимахоеро хандаовар ба точики гардондаанд, ки дар зарфи 20 сол ягон кас онхоро истифода намекунад

Азиз
Шармандаги ба чои густариши забони модари ва баргаштан ба алифбои ниёгон ин одам думболи забони русист ва ман шахсан ин гуфторхои огои Масовро ба "сипаратизм" баробар мекардам.

Саид
Олиме, ки худашро олим метарошаду фащмиши илмро надорад

Вайс
Рахим Масов дуруст мегуяд. барои ин асос хам дорад.
Шумо шархнависони "босавод" аз пеши бинии худ як кадам дуртарро дида наметавонед.

Забони русиро донистан хуб аст ва хамзамон шарт ва зарар мебошад. Аммо макоми давлати додан ба он ба ин истиклоли мо рост намеояд. Ин Масоваш аклашро хурдаст ба фикрам. Бечора Чаноби Оли кушиш кардеста ки мо харчи бештар худамон худамонро сохиб шавем вале чунин пенсионерхои аклхурда холо хам аз доираи акидахои замони Шурави берун нарафтаанд. Бигзор чавонхои мо ва ахли илм дар катори забони руси дигар забонхоро низ ёд гиранд. Хусусан Хитой, Аглиси Араби Олмони ва гайрахо. Хеч зараре надорад. Аммо макоми давлати додан ба забони руси дар ин шароит ..... Боз мегуям ин пирони фартутро берун кунед аз чунин вазифахое ки ба илми вобаста баст. Вагарна окибати хуб надорад. Зиракии сиёсиро аз даст надихед ва ба гайр аз забони Точики ба ягон забон макоми давлати надихем. Мо ку давлати мустакил хастем. ЭЭЭ бродар Масов чихо фикр мекунию чихо мегуй Ё пули РОССИЯ форидестают. Айб аст айб.Инсоф кунед миллатро эхтиром кунед.

корбарони сомонаи ОЗОДАГОН! барои чи назари навистаи манро чоп намекунед... Шумо низ озод нестед!!! факат назари шахсии ман буд агар Шумо мувофик нестед ин сабаб шуда наметавонад, ки чоп накунед.... ба озод будани Шумохам шак дорам. ХОЧАХОЯТОНРО ХАМ ГУЕД КИ ИН НАЗАРИ ЯК ХОНАНДА ХАСТ....

Забон дони - чахон дони!

Дар кишвари Швейцария, ки хам масохати кам дораду хам теъдоди нуфусаш на он кадар зиёд (бештар аз 8млн) аст, чахор забон макоми давлати дорад - олмони, итолиёви, фаронсави ва реторомани. Ва ин чахор макоми яксон дошта ва ба хеч вачх яке доираи нуфузи забони дигареро махдуд намекунад.
Ва акнун дар мавриди забони руси. Ба истилох ТОЗА БА ДАВРОН РАСИДАХО (манзурам он насле мебошад ки тоза ба воя расидаанду на ба забони точики ба таври бояду шояд мусаллат хастанду на аз забони руси иттилое доранд ва Рудакии бузургро ба унвони шоири даврони совети мешиносанд) набояд фаромуш кунанд ки махз аз баракати забони руси точику Точикистон ба чахониён муаррифи гардидаанд. Дар партави забони руси точикон вориди олами илму техника, адабиёти чахони ва фарханги оламшумул гардидаанд. Забони руси баркарокунандаи иртиботи мо бо дигарон аст. Маколе хаст ки мегуяд - хар чи кадр забон дони, ба хамон микдор инсонияти ТУ боло хохад рафт. Ба назар чунин мерасад ки барои БАЪЗЕХО ин макол хикмати худро гум кардааст. Ин забони руси аст ки холо макоми яке аз панч забони расмии Созмони милали муттахидро дорад ва анкариб чахорсад миллиён нафар дар чахон бо ин забон сухбат мекунанд. Ва бештар аз як миллион мухочири точик ки дар Русия карор доранд хох нохох мачбуранд бо ин забон муошират намоянд. Холо ки факорат, бемояги, тихидасти ва бечораги да чомеа хукмронанд баъзе сиёсатмадорон дар заминаи милли ва аз байн бурдани истифодаи забони руси мехоханд чалби оро ва назари мардум намоянд. Ин рох ба тарафи бунбаст (тупиковое) мебошад. Хамчунин назароти популисти хидмати хирсона нисбати мардум хеш буда, иктисоди кишварро ба бухрон мебаранд.
Забони точики бояд рушд ва тахким пайдо кунад, вале на аз тарики латма ворид кардан ба забони руси. Давлат бояд шароити мусоид барои хифз ва рушди забони руси мухайё намояд. Ва банда чонибдори академик Р.Масов хастам, харчанд номбурда ба химояти банда ниёзе хам надоранд.

Иброхим
Он чизе ки аён аст хочат ба баёнаш нест...

бед хама ё ба Афгонистон, Киргизистон, Узбак, Хитой гузарем чун академики Точикистон муаррих вакте, ки чунин фикр дорад зачем дур меравем олимони точи миллият надоранд тули чанд соли фаъолияти шабакахои тв-и ЧТ боре асли миллията иникос накардаст ё намедонад намехохад одам хоб бошад бедор карда мешавад вале ба хоби занад не имруз миллат мардум худро ба хоби задааст натичаш маълум

мусулмон
БАРОДАРОН ИН ХАМОН ОДАМЕСКИ АЗ МАСЧИД ЧИ ФОИДА ГУФТАБУД ЛЕКИН ДУХТАРОНИ МАКТАБИ МИЙОНА ЧИХЕЛ ФАСОДКОРШУДААНД ДАР youtube.com метавонед тамомшо кунед ва дар аднокласик ..

Агар мо забони русиро давлати кунем дар як лахза хамаамон ватанфуруш шуда, истиклолиятро аз даст пурра медихем.

Ба дуои курмуш борон намешавад!

Масов рост гуфтед кош хамин тавр мешуд ва кишвари мо каме аз фархангу илм пеш мерафт махсусан мардуми кутохандеш мафкурашон васеъ мешуд безор шудем аз калимахои кабехшунави ва аз туфуяшон дар чойхои чамъияти.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)