Бахшҳо

Ҳимояти додрас аз келини ҳиҷобпӯш ва радди даъвои хушдоман

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои як хушдоманро, ки барои ҳиҷобу намозхонии келинаш мехостааст, ӯро аз писараш ҷудо кунад, рад намудааст.

Дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик, Файзинисо Воҳидова ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки хушдоман даъво дорад, аз ҳиҷобпушии келинаш ӯ ва аҳли оилаашон метарсанд. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ келини ҳиҷобпӯшашро “албастӣ” унвон карда, талаб доштааст, ки аз фарзандаш ҷудо шавад.

Ба иттилои Воҳидова хушдоман ба ҳайси шоҳид келини калонии хонадонро, ки либосҳои аврупоӣ мепӯшад, ба додгоҳ оварда ва ӯ низ шоҳидӣ додааст, ки аз ҳиҷобу намозхонии келини хурдӣ фарзандонаш метарсанд.

Шавҳари ин зани ҳиҷобпӯш, ки ду фарзанд доранд, бо баёни мухолифташ ба ҳиҷобпӯшии ҳамсараш таъкид намудааст, ки намехоҳад аз ӯ ҷудо шавад. Ӯ гуфтааст, аз занаш намозхониро ёд гирифтааст ва ба хотири ду фарзандаш намехоҳад аз ӯ ҷудо гардад.

Ба иттилои Воҳидова додрас дар ин мурофиа аз келини ҳиҷобпӯшу намозхон ҳимоят намуда, изҳор доштааст, “аз кӯчагардию урён гаштани занҳо намозхонӣ ва аз Ислом бохабар будани зан барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандон мусоидат мекунад.”

Додрас зимни радди даъвои хушдоман таъкид намудаст, ки низоми давлати мо демократист ва касе ҳаққи дахолат ба ҳаёти шахсии нафари дигарро надорад: “Пайравӣ аз дин ва либоспӯш низ ихтиёри ҳар шахс аст.”
Мӯҳр
АЛЛОХУ АКБАР!!! Ин чи касофатие аст, ки чизхое аз Точикистони ИСЛОМИ (мардум) мешунавем, холон ки дар Давлатхои кофири хастем ва намешунавем!!! Худованд аз Шумо рози бошад Додгох, ки чавоби рад додаед!!!

DARVESHI FARKHORI
HIJOB IN MOLI LIBOSI MILLII TOJIKI NEST. IN AZ ARAB AST!!!! LIBOSI MOLLI QADIMAI TOJIKI BEH AZ HIJOB AST!!! DARK KARDED??? ZANHOI ARAB SHIM MEPUSHAND, ZANHOI TOJIK NE!!! AMMO ZANHOI TOJIK BARAHNA NESTAND!!!!. EY MARDUM BEDOR SHAVED!!! VA FARQI DINI OINRO DARK KUNED!!! DIN DIGAR CHIZ AST RASMU OIN VA MINTALITET DIGAR CHIZ AST!!! To kay Shumora nasihat kunum...

.
Шаъни модари точикро бо ин даъвои беасосу аблахонааш ин зан (ба модар гуфтанаш забонам намегардад) паст зад. Хайфи ту бо ин маданияти пучат!

салмон
Хело занхо мукобили оини Худованд буданд, аз кабили зани Абулахаб, Хинди чигархор, зани Лут (ъ.с) ва гайра, окибаташон чи шуд. Ва хело занхои покдоман аз кабили Осия, Марям, Хадича, Фотима, Сумая, Оиша ва .... Подоши инхо назди Худост. Ба ин хохар сабр мехохем.

Ахмадшо
Ман садбор рахмат ба хамин мард мегуям, ки намехохад аз пушти модар ва янгаи бадбахташ оилаашро вайрон ва кудаконашро сагира кунад. Офарин бародар. Ба хархол модаратро хурмат кун, локин ба гуфтахояш накун чунки маълум шуд, ки вай аз ислом дур будааст. Харруз барои модарат ва янгаат як шиша арак бурда тею чонатро аз таънаи онхо халос кун. Аз ин мебарояд, ки модарат ва янгаат мехохан, ки зани ту низ монанди онхо щавад. Хамсоятон гуфтааст ку.

Хучанди
Точикак,
Мебахшеду он ошхонахое, ки дар Рамазон кор мекунанд аксарияти мизочонашон аз нохияхо мебошанд. Онхо бозорхои Хучанд меоянду ин чо обед мекунанд.
Дуруст аст, он касоне, ки аз Ислом дур хастанд зиёданд, аммо инсонхои ботаквову ахли намоз хеле ва хеле зиёданд ва зиёд шуда истодаанд.
Ба фикрам дар диндориву маданият ягон шахри Точикистон ба мисли Хучанд нест.

Чимик
Ахсан ба ин хани хукукшинос хайрат мисли дигарон пул нагирифтааст аз хамон хушдомани духтар шояд парвои сатрам надошт! лекин хайрони хамин хушдоманхо мешавем на девонагишон маълумаст на хишёриашон!

Muslim
Точикак,
Офарин Худо кунад ки додгоххои мо хаминхел чидди бошанд дар масъалаи дин

касоне ки ба намозхони ва е хичоб пушидан монеахо е проблемахо создавать мекунад хуб мешуд чунин шахсонро чаноза накунанд

авввалаш ин ки дар хучанди бостони дин мустахкам аст аксарияти онхо дар хонахояшон намоз мехонанд чунки чавонони ин минтакаро сахт таъкиб мекунанд. хатто хамин хел хам шудааст ки чавонони хучандиро ки намозхони ба масчид меомаданд ришхояшонро кормандони орган бо анбур якто якто канда азоб медоданд.дин дар ин шахр умуман дар вилояташон шукри худо назар ба дигар чои кишварамон хеле мустахкам аст. онхо амалхои шариатро на руяки, балки калби амал мекунанд, аз ин ру онхо аз тарси худо дар забон калимахои кабех намеоранд ва кушиш мекунанд дили касеро наранчонад. ин аз тарбияи онхо равшан аст. офарин ба хучандихо.

умар
Агар ин хушдоман аз келинаш тарсад хатман джин дора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)