Бахшҳо
01 авг 2014 10:59Тоҷикистон / Сиёсат

Иттиҳоми “Ҷумҳурият” алайҳи Шӯҳрат Қудратов: Аз тазоҳурот то ҷосусӣ

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо чопи матлабе Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократро, барои нақшаи ташкили “тазоҳуроти зиддидавлатӣ” ва “ҷосусӣ” муттаҳам кард. “Ҷумҳурият” дар шумораи 146-и худ навишт, гӯиё Қудратов аз афроди боэътимоди Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” низ будааст.

“Дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии соли 2013 таҳти роҳнамоии Додоҷони Атовулло нақшаи ташкил намудани тазоҳуроти зиддавлатиро дар шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда буд, ки ба мақсад нарасид”,-омадааст дар матлаб.

Дар идома аз Шӯҳрат Қудратов интиқод шудааст, ки пайваста, ба гуфтаи муаллиф, “парвандаҳои хиёнаткорон ва душмани миллату давлати тоҷиконро пеш мебарад. Аз ҷумла, дар парвандаи Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов, соҳибкор Зайд Саидов, инчунин, дар пешбурди парвандаҳои якчанд нафар аъзои «Ҳизбуттаҳрир» ва намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ - Ашуров Димон ва Мамадбоқиров Мамадбоқирро ба уҳда дошт. Бо мақсади ҳимоя кардани Д. Ашуров ӯ моҳи марти соли 2013 бо истифодаи хешовандони наздики гунаҳкорон кӯшиш кард, ки намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти шаҳри Хоруғро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ бархезонад. Ҳатто мардумеро ҳам, ки оромии Хоруғ ва умуман Тоҷикистонро мехостанд, таҳрик медод”.

Рустам Қурбонов, муаллифи матлаби “Ҷумҳурият”, гуфтааст, Қудратов гӯиё бо яке аз намояндагони хадамоти махсус ё ҷосусии кишвари хориҷӣ низ мулоқот доштааст. “Магар пас аз чунин мулоқот ба Қудратов бовар кардан мумкин аст?”,-суол гузоштааст ӯ ва ҷавобашро ҳам навиштааст: “Албатта, не. Натиҷаи чунин мулоқот буд, ки дари баъзе сафоратҳо барои Шуҳрат Қудратов пайваста боз асту аз ӯ пуштибони ҳуқуқи инсон метарошанд”.

Дар ин матлаби “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, гуфта шудааст, Қудратов ҳамчун намояндаи ҳизби сиёсии мухолиф бо масъулони сафоратҳои Амрикову Бритониё дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ робитаи зич дорад. “Сабаб дар чист, ки намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба касе аҳамият намедиҳанд ва танҳо бо ӯ суҳбату мулоқот мекунанд. Ҳатто барои тарки давлат кардан хоҷагонаш ёрӣ расонда буданд. Бо чӣ сабаб бошад ин нақшаи вай амалӣ нашуд. Дар нимсолаи якуми соли 2014 Қудратов кӯшиш дошт, раводиди Амрико ва ё дигар кишварҳои аврупоиро дастрас намуда ба хориҷа сафар кунад. Тасаввур кардан душвор нест, ки ӯ гумоштаи кадоме аз ин давлатҳо ва ё созмонҳо ба ҳисоб меравад”,-навиштааст муаллиф.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 10 июли соли ҷорӣ ба гумони пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи Қудратов парванда боз шуда, тафтиши қазияаш идома дорад.
Мӯҳр
Гурдофарид
Нахо рузномаи Хукумати сухани дуруг нависад? Айбаст чунин маколахои бефакту далеро навиштан. То хукми суд набораяд гунохои Шухратро исбот накунад Журналисти расонаи Расми Давлат хукуки навиштани чуни матлабро надорад. Малум , ки аз боло супориш додаги, ки чуни кунанд. Ин Чо М. Гоиб гунахгор нест у дар рухсати аст. Ин маколаи Чмхурият сакасной эчод ва сохта ба чоп додаги бовар кунед...

Беватан нест гарибе кунад ёди ватан
Дар ватан будаи беёди ватан беватан аст.
Байт аз Мухаммад Гоиб нест аз мархум Мастон аст.
Вазифаи Чумхурият дуругпарокани ва тухмат алайхи мухолифин ва хидмат ба хукумати Э.Р. аст, дигар хеч!

Мутаасифона имрузхо дар Точикистон харки хакикатрро гап занад ё хоинаш мебароранду ё чосусаш ва ба ин ё он бахонае зиндонияш мекунанд. Фикри онро намекунанд, ки хамаи мутахассисони хуб аз Точикистон фирор кардан ва ду хакикат гуйи бокимондаро ба зиндон кашанд окибати Точикистон чи мешуда бошад ????
МУТААСИФАМ, КИ ДАР ТОЧИКИСТОН АЗ ХИРАД МЕТАРСАНД ВА БЕХИРАДОНРО ПАРВАРИШ МЕДИХАНД.

Дар ҳамин ҷyмҳyрият ҳамин гапҳои фачро мехонем. чанд руз пеш ҳаминхел як туҳматy бyҳтон нисбати Саодатшо Адолатов ки ба 5 соли зиндон маҳкyм шyд ба чоп расида бyд. Дyрyғy бyҳтон ки гyё Саодатшо бо ҳизби исломии yзбекистон даст доштастy ким кадом дурyғy туҳматҳои беасос. Ҳар гоҳе давлатмардони мо нафареро мехоҳанд барои ҳақгуи ҳақпарастиашон ба додгоҳ ва зиндони кyнанд аввал нисбати инҳо дар ҳамин ҷyмҳyрият сиханҳои беҷо мебани ва бедалел чоп мешавад ва ҳатман мебинем ки ин нафарон ҳамаги зиндони мешаванд. Ҳайфи инхел инсон ки замири хyдро барои чанд танга фyрyхтаст ва ҳайфи инхел раис ки иҷоза медиҳад инхел туҳматҳо нисбати инсонҳои пок чоп шавад.

Сироч
Хар сол ба кисми касри буча аз давлатхои хоричи пул металбанд ва дигаронро ба чунин хол махкум мекунанд.Аз руи мантик бигирем пас ,пеш аз хамма хукумати точикистон бозичаи дасти хоричиён аст.

Darveshi Farkhori
I rustam qurbonov ham yagon mansab mekhohad chi az janob!!! ita duruga ay cho yoftay, odamo dar borai soli 2015 gap zadestan u Monday hamu soli 2013 da!!!

Хамин чоплусону косалесон рузномаи "Чумхурият" ва Телевизионхои давлатиро ба журналистика нанг оварданд. Магар кори ин чоплусон обруи ВАО-и давлатиро кохиш дода метавонад. Ман мехохам, ки ин гуна чоплусихо бас карда шавад ва хар касе гунох дорад бигзор хакикат навишта шавад. Дилам барои "Чумхурият"-у ТВ-хои давлати месузад.

Курдатов як инсони пасти Худо бехабар аст касоне ки уро намешиносанд намедонанд, ки у чи инсони паст аст дар руи замин. Баъ аз казияи сохибкор Зайд Саидов у сохиби мошини кимату пули биср гашт рафтору гуфтораш тамоман дигар шуд аз Худо бехабар шуд уро Худо зад. Як фикр кунед ки касоне, ки Шухрат Кудратов химоятгараш шудааст онхоро боз ба зиндон ба мухлати на кам аз 25 сол зиндони кардаанд. У поразур аст инро касоне, ки ин Худо бехабарро мешиносад медонанд.

A
Сафаратҳои душман будагиро чаро намебандед? Онҳо омада одамони моро гирифта ба зиндон фиристодан гиранд ин ҳам мантиқи нест. Айби ин тоҷикои бечора дар чист сабабгори асоси ки ҳамин намояндагоиҳои хориҷи бошанд онҳоро бастанд доркон ва онҳоро аз кишвар рондан даркор. Мантиқи "Ҷумҳурият" ба ин далолат мекунад.

СТУДЕНТ
САД ХАЙФИ РУЗНОМАВУ ЧУПИН СИЁЕСАТ МАДОРОНИ БЕ АРЗИШИ НИЖЕ ПЛИНТУСА. АСРИ 21 ДА ГАПОИ КУДАКОНАИ АЧРИ 15 И ШУМОРА КИ БОВАР МЕКУНАД. ХИЧКА. ХУД ХУДРО САРГАРМ КУНЕД .

Точикак
Косаи сабр чукур асту бетак нест!!! Хамин фаромуш нашавад шудаст бародарони АЗИЗ!!!!!

wink Дар Украина, Киргизистон, Грузия чунин хакикатпарастону озодихохони дар нохунак пояи давлатдории Ватани худро суст намуда, ёрдамчии душманони миллати худ шуданд, сипас пушаймон шуданд. Нужно учиться на чужих ощибках дорогие друзья а не на своих. Дурак учится на своих а умный на чужих ощибках. говоря добро человек может совершать зло. А что есть добро и что зло в нашем случае решает народ - государство. Народу не нужны такие люди. Народ хочет жить мирно и дружно в Таджикистане. Кто этого не хочет идет против народа вот и наказывается со стороны народа-государства.

Бародарое ки дар шархо газетаи Чумхуриятро танкид карда истодаед,О журналистхои мустакил ки худро озод мешуморанд, барои манфиятхои худ аз газетаву радио ва телевидинияи хукумати истифода мебаранд,барои инхо (журналистхои мустакил),ахамияте надорад ки газетаву телевидинияи давлати танхо манфиятхои давлатро химоя мекунад ва бар зидди ВАОи мустакил аст......
Хамашон аз паи манфиятхои худ хастанд...Ин дарди миллати бечораро танхо Аллох медонад ва осонкунандахам У хаст....

Точиккеш
Ин мардум тамоми кадрхои точикасли асосии босаводро, ки дилашон барои миллату кишвар месузад ва аз чамшуди ва гуломии точик дог-дог месузанд хиёнаткору чосус унвон мекунанд.

Ахмад
Касе мехохад бо ин кораш садокати худро ба Хукумат нишон дихад. Аммо... у хизмати хирсона мекунад. Дар байни мардум тафрика ворид карда истодааст. Методи давлатхои абаркудрат (разделяй и властвуй)-ро дар дохили худи Точикистон, мардуми точикистони татбик карда истодааст. Шояд ин корро касдан мекунад, то ин ки мардуми точик муттахид нашаванд. Масъулини тамоми ниходхои хукумати дар рузномахо хонанд, ки масалан рохбарони вазорати кишоварзи, Талко, бонкхо ва гайра чи кадар молу чизи давлатро дуздидаанд, аз худ кардаанд, дуруггуянд, фиребгаранд. Аз гуфти Президент имсол такрибан 14 хазор га замин коркарда нашудааст. Магар ин чиноят нест, чаро Косим Рахбар чавоб надихад?. Масъулони хукумати, кормандони амнияти, прокуратура, милиса! Амонати халк дар дасти Шумост! Як руз мардум аз Шумо мепурсад, аз хотир набароред!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)