Бахшҳо
23 июл 2014 09:34Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Оҷонсӣ мегӯяд, Қудратов барои пешниҳоди 2,5 ҳазор $ ба Низомов муттаҳҳам мешавад

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав”-ро бо нашри иттилоияе шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, Қудратов гӯиё ба хотири ҳалли як баҳси додгоҳӣ ба нафъи Амиралӣ Суламаев, зерҳимояи худ, ки дар тақаллубкорӣ айбдор мешавад, ба Шерзод Низомов додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гӯиё 2 ҳазору 500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Қудратов ҳангоми гирифтани маблағ аз зерҳимояаш рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар назди ошхонаи “Шаҳризода”, воқеъ дар шафати бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.

“Қудратов ба ҳайси адвокат, дар асоси ордери № 000658 аз санаи 9 июни соли ҷорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои судшаванда – Амиралӣ Суламаевро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки мавриди баррасии судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шерзод Низомов қарор дошт, ҳимоя намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ, Қудратов 2,500 доллар ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Низамов барои баровардани ҳукми сафедкунанда пешниҳод намудааст”,-омадааст дар иттилоия.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар мегӯяд, ин вакили мудофеи маъруфи тоҷик ба хотири содир кардани “ҷинояти вазнин” дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
Ismaili
Салом. Памир помнить и скорбить. 24.07.2012г. 04ч.00м. утро. Илохо чои хамаи Кахрамонон чаннат бодо. Омин.

Сплит
Рафтам ману рафтам ман,давлати пусида гаштам ман.О!бародарон хамин агенти дар 7-8 сол чанд раиси шахру нохия ва ректорони донишгоххоро шинонд!Чанд вазирро шинонд!Хамаашон мазхака астанд.Мазхакаи илохии Данте ё худ мазхакаи Домулло Афанди!Рафтам ману рафтам ман пусида-пусида рафтам ман!

megi ki hozi vazifadoro bepora kor kadestan 99% korta pora qati hal mekni

Тайи ин солҳо ман дар матбуот як чизро мушоҳида кардам. Аксари мурофиаҳои судии басо моҷаровӣ бо суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иртибот (алоқа) дорад. Тавре мегӯянд: идораи бахосият.
Дуввум инки, аз муштарӣ (клиент) маблағ гирифтан, маънии пора гирифтан надорад. Вақте он маблағро ба судя медод ва дастгирӣ мешуд, он гоҳ масъала дигар ранг мегирифт. Непрофессионализм! Шуҳрат Қудратов юрист аст. Ӯро ба осонӣ аҳмақ карда намешавад. Лату кӯб аломати сустии тафтишот аст. Инҷо ба кор намеравад. Маълум аст, ки ин қазия аз аввал то охир фармойишист. Дар ҳукумати Тоҷикистон бо ҳар баҳона аз рақибон интиқом (қасд) гирифтан мӯд (модда) шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)