Раиси Бонки Миллӣ: “...то ҳол мошини шахсӣ надорам”
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат дар бораи дороиҳояш гуфт, то ҳол мошин ё худрави шахсӣ надорад. “Дар ҳоли ҳозир аз мошинҳои хидматӣ истифода мекунам”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 22 июл дар Душанбе.
Ҷаноби Ширинов дар идома гуфт, дар маҳаллаи “Калинин” як ҳавлӣ ва дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе як хонаи дуҳуҷраӣ дораду бас. Ӯ, ба ин тартиб, доштани қасру кӯшкҳои боҳашаматро рад кард.
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорон хоста буд, қасрсозиҳоро қатъ карда, сармоягузорӣ ба истеҳсолотро оғоз намоянд. Ӯ, инчунин, дар мулоқот дар Шӯрои машваратии Додситонии кулл дар Душанбе хитоб ба Шерхон Салимзода гуфта буд, то ҷилави кормандонашро бикашад, чун хуб медонад, ки онҳо чӣ кор мекунанд. Ҳатто раиси ҷумҳур ошкоро гуфт, чанд акси хонаҳои боҳашаматро ба Шерхон Салимзода нишон додааст. “Биё, субҳ ба назди бинои додситонӣ рфта мебинем, кӣ бо чӣ мошин ба кор меояд”,-таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вале баъзе аз мансабдорони тоҷик дар посух ба суоли мо дар ин бора, ки оё қасру кӯшк доранд, ё не, мегӯянд, танҳо манзили дуҳуҷраӣ ва ё хонаи хурдакаке доранд, ки бо хонаводаашон ба сар мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |