Бахшҳо

Номаи Додоҷони Атовулло ба модараш: “Танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист”

Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ва муассису сардабири нашрияи “Чароӯғи рӯз”, ки беш аз бист сол боз дар ғурбат ба сар мебарад, баъд аз зуҳри 18 июл мактуберо ба номи модараш навишт. Ин нома, ки “Сарвода” унвон дорад, дар саҳифаи Фейсбуки ӯ бо чаҳор акси модар ва зодгоҳаш чоп гардидааст.


“...Таҳи айвони хонаи лаби дарё шояд модари ман нишаста бошад. Ва чашм ба селаи паррандаҳои муҳоҷир медӯзад, ки дар баландиҳои осмон парвоз доранд.

"Кадоме аз онҳо бачаи ман бошад?" Шояд ӯ маро меҷӯяд дар он радда, дар он села...

Модари ҷон!

Ҳамон паррандае, ки пойҳояш обила бастаанд ва аз дилаш хун мечакад, манам. Шинохтӣ?

Ҳамон паррандае, ки хаста асту базӯр бол меафшонад, манам. Дидӣ?

Ҳамон паррандае, ки сурудаш ҳазинтарин, ҷонсӯзтарин ва пурдардтарин аст, манам. Мешунавӣ?

Ман туро мебинам.

Ман туро мешунавам.

Ман медонам, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон ту бо лабони парсингбаста шабу рӯз дар дуо ҳасти.

Ман медонам, ки дар он боғ, боғе, ки боғи кӯчаке аз биҳишт аст, ту барои ман шафтолу мечинӣ.
Медонам, ки набераҳоятро аз сари тути пеши хона меронӣ, ки як табақ то омадани ман барои ман бимонад.

Ман медонам, ки ту дар лаби дарё зери лаб тарона мехонӣ ва танҳо он дарё аз ҳама беш ғуссаву қиссахои туро медонад. Дарёе, ки як бахшаш танхо дарёи хонаводагии мост. Ва танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист, ташнагӣ чист, аз ташнагӣ сӯхтан чӣ сон аст...

Боз хам фаслҳои сол иваз мешаванд. Турнаҳо меоянду мераванд. Аммо ману ту бо умед зиндаем ва, иншоаллоҳ, дида ба дидор мерасад...

...Ва ман барои ту шафтолу мечинам...”
Мӯҳр
Мукобил Холат аз ин бадшавад Додочон сад нобуди худат жалка модаратба худат як хоини ватан дар ягон чо аз хок шапии олмонию мемури мурдаятро мушхо мехуранд.

А. Додочонов ва ба мисли у дигарон маротибае холи давлатамонро хароб намуданд, ва то хозир кушиш бар он доранд, ки пойдории давлатро суст намоянд. Инхо хоинони давлат мебошанд, чояшон гариби бояд бошад

Хе садкаи Хамон модар шави, икай дигар хоричиера хиенаткор!!!!!!

Шахрванд
ёди Модар карди о барои чи барои ки бар зиди ки ин кадар баромадхо карди Худованд зорат кард бар Ватану бар Модар, холат аз ин бад шавад. Шур хезонди мардумро бо филмхои тайёркардаат фикр карди ки мардум намебинанд намедонанд барои мо ороми лозим ороми... ороми, ки бошад иншаллох хамаш мешавад. Ватан аз ту барин Ватанфурушон безор аст.

Додоҷон ака шyмо миллатгаро бошед на маҳалгаро. Бади мушоҳида кардани наворҳои шyмо ба ин натиҷа расидам ки ҳисси маҳалгарои дар шyмо ҷyш мехyрад. Дар сиханонат фақат зикр мекунед на ҳyкyматдорон о ҳамон кyҳбаҳyкyматдорони мо чи хидмате ба миллат карданд. Миллатдуст дар байни ҳама маҳалҳои Тоҷикистон мавҷyд аст хоҳ он маҳал аз ҷанyб бошад ё аз шимол. Ин рафтори шyмо хyб не, мубориза бояд бахотири пешрафти миллат ва ободии кишвар бошад на ки ҳамкори кардан бо душманони миллати Тоҷик.

Точикак
Давлат мегуем ватан мегуем, точики дар ватани хеш мутаххам дигар дар ватанаш хам сохиби он нест. Дигар аз хаводиси Ворух хондан кунед. Барои чи озодагону озодиву дигарон дар ин масъала хомушанд. Барои чи амният ба чои киргизхоро адаб омухтан баъди куштори шахрванди беяроки точик худи ворухиёнро азоб мекунаду "мешаппад". кучо ун сарбозони номдори Шох Искандаров? Магар хама ин курбонихо кирои риск намекунад: Боз яке киргизхо рохро банданду суми мо чи кор мешавад. Магар Алимардонов миллионхояшро як тараф монда манфиати халкро мечуяд, бесабаб уро переговорщик намондаанд бо киргизхо. ТВ-и точикистон хомуши ихтиёр кардааст? Точикистон як "торговый центр"-и калон аст, к имардумаш аз Русияву хорич сум оварда харид мекунанд...Боки валлоху аълам. Чоп кунед вагарна дигар аз шумо низ кахрам меояд...

Ватандор
Модару Ватана, ки бисёр дуст медори, биё вакти хосили шафтолуаи. Аз дури нолау доду афгон накун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)