Бахшҳо
17 июл 2014 12:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳотамов: "Қосими Раҳбар рост гуфт, ки беш аз 1 миллион тонна картошка гирифтем, аммо пӯсид"

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе омилҳои болоравии нархи картошка ва гӯштро шарҳ дод.

Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳисоботи вазир Қосими Раҳбар ба президент дар бораи истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка дар кишвар ҳимоят намуда, изҳор дошт, ин омор воқеист, аммо бисёри картошкаи истеҳсолшуда ба далели набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ пӯсидааст. Ӯ таъкид намуд, ки ният доранд, барои нигоҳдории картошка дар Тоҷикистон бунёди яхдонҳоро ба роҳ монанд.

Дар посух ба шубҳаи хабарнигорон, ки наход ҳазорҳо тонна картошка пӯсидааст, Аббосхуҷа Яҳёхуҷаев, масъули Вазорати кишоварзӣ худро мисол овард, ки “300 кило картошка дошт, вале зимистони имсол ҳамааш пӯсид.” Яҳёхуҷаев афзуд, ки соли равон дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар картошка кишт шудааст, то мушкили болоравии нархи он дар оянда такрор нашавад.

Вазорати кишоварзӣ илова намуд, ки нимсолаи аввали соли равон дар дохили кишвар 137 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст ва феълан нархаш дар бозорҳои кишвар 1,5-2 сомониро сари ҳар килограм ташкил медиҳад.

Давлаталӣ Ҳотамов ба масъалаи нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ низ дахл карда, сабабашро холӣ мондани фермаҳои чорводорӣ баъди замони шӯравӣ гуфт. Ӯ афзуд, ки барои поён бурдани нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд, фермаҳои чорводорӣ ҳар чӣ зудтару бештар барқарор карда шаванд. Ӯ илова намуд, ки феълан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ 50-55 дарсади талаботи кишвар бо маҳсулоти ширу гӯштӣ таъмин мегардад: "Мо ният дорем ин нишондиҳандаро дар ояндаи нзадик ҳадди ақал ба 80-85 дарсад расонем."

Феълан нархи як кило гӯшт дар Душанбе ҳудуди 40 сомониро ташкил медиҳад, ки қариб ба 20 дарсади маоши ҳадди ақал дар кишвар баробар аст.
Мӯҳр
Jamol
Хахаха Хотамов - масхарабоз. Косим Рахбара касри сохтагиша бинетон баъд мефахмед картошка чи хел мепусад.

Студент
Ҷаноби Ҳотамов, аз касби сафириатон ҳамин қадар чиз ёд гирифтед ми? Шарм надошта, дуруғи маҳз гуфта истодаӣ! Медонем, худотарс ҳастед, каме мулоҳиза кунед.

Ин мардак худаш аз ману шумо бехтар мефахмад, ки чи гапай, лекин чи хел мегуяд, ки вазир ба чашми халку президент хок пошид? Мачбур аст ягон хел гапаша рост кунад. Лекин дар бораи яхдону базахои плодоовощ рост мегуяд. ман хайронам, ки дар як худи Масква факат худи ман тахмин 20 базаи калони меваю сабзавотро медонистам. Калон чи? Бузург! Охи хаму Масква кати областаш бошад 15 млн аст. Точикистон ними он аст, лекин акаллан як базаи калону нагзша надидем, ки надидем. Любой хосил вайрон шуда мера.

шох
Рости гап ман дар дуруггуии ин рохбарон хайронам,чаро дуруг мегуед аз хамин файзу баракати мардумамон кам мешавад....бас кунед тавба кунед охир кай рост мегуем??????

донишчу
Якумаш ки ами одама аз друггуиша нури руяшро худо гирифтааст. Дувум ин ки и одам нав аз сафирии точикистон дар эрон мухлати панчсолааш тамом шудаст.хулоса дар давоми панч сол бо эронихо рафтуо кардан , сари дастархони эрони нишастан,албатта ба шабохат пайдо кардан ба эрониро пайдо мекунад.хуласс и нафар друга биева рост намега.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)