Бахшҳо

Аз сокинон хостаанд, фитри рӯзаро ба имоми деҳаашон диҳанд

Яке аз корбарони торнамои “Озодагон” бо ирсоли номае гуфтааст, аз онҳо хоҳиш шудааст, то фитри рӯзаашонро ба имоми деҳаи худ бидиҳанд. Ҳоло ин номаро нашр карда, аз Шумо мехоҳем, то назараи худро бигӯед ва ё бо чунин ҳол дучор омадаед, бинависед.


"Дар Тоҷикистон ҳама чиз сиёсӣ шудааст. Намозхониву муллову масҷиду мадраса ҳам қариб сиёсӣ шудаанд.

Акнун навбати фитри рӯза расидааст. Онро ҳам сиёсӣ карданиянд. Чанд рӯз пештар дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст.

“Фитри рӯза барои як нафар 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар як оила агар 4 кас бошад, 16 сомонӣ мешавад”,-гуфт раиси маҳалла ва идома кард, домулло бояд як рӯйхат карда ҳамаи онҳоеро ки фитри рӯза медиҳанд, номнавис кунад: “Ҳама бояд фитри рӯзаро ба домулло бидиҳанд. Домулло рӯйхат карда ба ҷамоат мебарад. Дар маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки ин маблағҳоро ҷамъ карда, дубора дар конвертҳо ба деҳаҳо бармегардонем”.

Ӯ гуфт, ки ҳар ҷамоат рӯйхати ниёзмандонро дорад ва маблағҳо баъди баргаштан бо конверт ба онҳо тақсим мешавад. Ростӣ гап, намедонам, ки ин амр дар ҳамаи ноҳияҳо бошад ё танҳо дар Файзобод, аммо ба гуфтаи раиси маҳалла, дар маҷлис гуфтаанд, ки дар ҳама ҷо чунин супориш шудааст.

Ба ақидаи ман ҳар шахс дар додани фитри рӯза соҳибихтиёр аст ва бояд худаш интихоб кунад, ки онро ба кӣ бидиҳад. Ӯ беҳтар медонад, ки кӣ ниёзманд аст. Дар болои ин домуллоҳо дигар кор надоранд, ки боз варақу қалам гирифта ба номнавису рӯйхат кардани одамон машғул мешаванд? Нашавад, ки фитри рӯза ҳам як усули кисапуркунӣ гардаду чанд нафар аз ин ҳисоб бедардимиён соҳиби пул шаванд?

Монед, ақаллан, мардум худаш интихоб кунад, ки фитри рӯзаро ба кӣ диҳад. Наход, шаҳрвандон барои ин кор ҳам ҳақ надошта бошанд?

Муродулло САЛИМОВ"
Мӯҳр
рамазон
Коре дар файзобод хаст рост хаст дар Вахдатам барои сагерахо мачбур пул чам доранд хар бегах пеш ай таробех гап дар бораи пулай кош барои ятимо бошад бахона шидай хами ятимо !

99
Агар ба сари ҳар як аҳолии Тоҷикистон 4 сомонӣ диҳанд, тахминан 32 миллион сомонӣ мешавад. Албатта, иқтисоддонҳои давлати мо ба ҳамин пул ҳам чашм ало кардагистанд ва ғайрирасмӣ ҳам бошад, ин фармонро баровардагистанд. Тавба!

Кори хуб кардааст раиси нохия.Хам 2000долл.барои хаки хач хам фитри рузаро аз шумоен гирад.,акнун факат хавои нафаскашиатонро пулки кунанд бисер хуб мешуд.Шукрона кунед

Ин мардум дигар кор надоран чии? Мисли гадову талбанда пул чамъ мекунанд

Салом
Имоми деҳа баъд чек мета ё намета?

мурен аз ин зиндаги боло ин кист факат оллох дар болост точикистон тамом шудагист метонед ягон фикр кунед набошад хамамон мемирем

Ruza
Fikr kardam faqa dar dehi mo in gap boshad misli in ki xurus hamajo babobar sad kardaast

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)