Бахшҳо
10 июл 2014 10:40Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

(ВИДЕО) Ҳушдори "Ҷумҳурият" ба Кабирӣ: "Аъмоли ихвониҳо бояд дарси ибрат бошад, то..."

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду ҳафта матлаби эътирозиеро алайҳи изҳороти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки гуфта буд, ҳизбаш омодааст, идораи давлатро бар дӯш гирад, нашр кард. Дар ин матлаб, ки таҳти унвони “Кори ҳар кас нест, давлат сохтан!” чоп шудаасту ба қалами Фарҳод Салимов нисбат дода мешавад, гуфта шудааст, ки раиси ҲНИТ даъвои бузургии ҳизби худро мекунаду барои ноором намудани ҷомеа дар сар фикри роҳандозии кадом нақшаи “хиёнаткорона”-еро дорад.

Муаллифи матлаб барои тақвяти ин фарзияи худ суханони Муҳиддин Кабириро мисол меорад: “Бисёр сода нашавем, ҳамон вақт бо шумо сулҳ мекунанд, ки қудрат доред. Бо одами заиф ҳеч кас сулҳ намекунад, одами заифро аз байн мебаранд, мағлуб мекунанд, мутеъ мекунанд ё ҳамеша дар ҳолати ҷанг он одами заиф боқӣ мемонад. Ҷангро тарафҳои қавӣ ва заиф бардавом карда метавонанд”.



Дар идомаи матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо овардани назари шарҳнависи яке аз сомонаҳои дохилӣ бо номи Давлат, аз ҲНИТ даъват шудааст, ба ҷои ин гуна даъвоҳо аввал дунболи муттаҳидсозию ислоҳоти дохилии худ шавад: “Бо кадом нерӯ, бо кадом қувва ва пайравонатон Шумо давлатро идора карданӣ ҳастед, вақте худ дар дохил парокандаеду бо ҳам низоъ доред. Агар ҳукумати феълӣ ноуҳдабаро бошад, ҲНИТ аз он ҳам ноуҳдабаротар аст ва дар як муддат кишварро ба фано мебарад.”

Оқои Салимов дар матлаби худ таъкид кардааст, агар Муҳиддин Кабирӣ бо он чаҳор нафаре, ки дар гирди худ дорад, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит ва Ҳикматулло Сайфуллозода ва бовар дорад, давлат сохта метавонад, хато кардааст. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини кунунии раиси ҲНИТ замони фаолияташ ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии телезион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буданаш кореро ба нафъи мардуми тоҷик накардааст.

“Магар Кабирӣ аз рафторҳои «Ихвонулмуслимин» таҷриба нагирифт, ки аз худ қаҳрамонтарошӣ мекунад. Ихвониҳо низ мехостанд дар Миср ҳукумат кунанд ва муборизаи ҳафтодсолаашон нишон дод, ки имкони як сол ҳам идора кардани давлати Мисрро надоштаанд. Аъмоли «Ихвонулмуслимин» бояд барои наҳзатиҳо дарси ибрат бошад, то дониста сухан кунанд”,-омадааст, дар матлаб.

Дар охир бо овардани назари шарҳнависон фаъолият ва шахсияти раиси ҲНИТ зери тозиёнаи танқид кашонида шуда, хотирнишон шудааст, ки агар замоне як ҷониб бо наҳзатиҳо даст дода буд, пас он ба хотири сулҳу субот буд, на чизи дигар.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли ҷорӣ, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ин ҳизб ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҲНИТ гуфта буд, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Ӯ афзуд, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ.

Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукумати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”
Мӯҳр
Хакикатако
аз "Чумхурият" факат хамин жели маколахоша мехонаму тамом рост игап...

хабарнигор
Чумхурият о тура чиву ба Кабири чи? як бор дар бор намешавад аз президент нависи? аз гурези магзхо? аз киматии гушт? аз 5 сомон шудани картокаи бечораи безабон? аз бекорию мухочирати ичбори? аз манапояи иктисоди кишвар? аз гуломии очики бечора? аз проблемаи барк? аз бегази? аз фасодиу ришва? аз заминфрушии макомот? аз хазор гапу хабари дигар? ёфтед хамин Кабириро. Уро бахона карда гапро ба дигар тараф мебаред. магар дар ин точикистон проблемае гайри хизбу хизбози нест: фарз кардем Кабири набошад, магар проблемахои дар боло гуфташуда хал мешаванд? чаро мардумро фиреб мекунед? илтимос хамон чор тангае ки ба шумо медиханду бо он барои зану фарзандатон нон мехаред онро халол карда гиреду ба фарзандонатон нони халол дихед то оянда ростгуву росткор шаванд!

И Фарход Салимуш бо ки боша.. ба фикрам хаму сафири нав дар Амрико навис нависа сар кард

ТУРА АЗ ЧОРКУ
Тоҷик,
Точик,
А-а,
эээх шумо худатон ин кадар лаганд бордорхастед ки номи худатонро наменависед гуе кабири шуморо бад аз раисчумхур шуданаш мебандад натарсетон

А-а номам Абдулла-2
ТУРА АЗ ЧОРКУ,
Ба тубарин бесаводи кухистони ки мондааст,ки ба сиёсати давлатдори хамрох шави лаганд бордорхо мо шумоёд. Агар сиёсати давлати хозира нафорад ба Афгон куч банд. Ин Кабирит сазовори раисчумхур нест ва хеч кас аз Кабири сари тарс надорад. ба гуфти як бародар дар пушти зан руи худро пинхон надарад. ОЗОДАГОН илтимос чоп кун.

Бенфика
Истифодаи нахзати исломи барои миллати мо чизеро нахохад дод,ба чои инкишофи исломи фанатизм(хазор соли бедавлатии точикон бо истифодаи сиёсати бепоя ва зидди милии исломии Темурланги алайхилаъна ва Султон Махмуди гаддор шахсони мукаддасанд).Бубинед чараёнхои панарабии Сауди,Катар,Аморат(точики бесавод исломро аз панарабизм фарка намекунад)миллати моро бо таргибашон ба чи оварда расонида истодаанд.Тафаккури то андозе боло ва пешкадами аврупои-миллии моро ба даврони феодализм(бо асбобу анчоми технологии имруза) поён фуровардаанд.Гузашта аз ин мисли андешаи манкуртии то соли 1924,ки точик аз точикият ва порсии худ инкор мекард ва сарзаминхои Варорудии худро аз даст додем имруз низ махз тавассути масчидхо ва беназоратии 10 соли охир тавассути нимчамуллохо суханхои фанатзми-миллат нест -мо мусулмонем.Ин чамъият ва кори давлат фоидае надорад,андешаи киёматро кард барин фалсафаи гуломона ва бесаводонаи манкуртиро руи об бароварда истодаанд. Хамон араби гуломи амрикои ва яхудиё миллиардхо долларо бо супориши ЦРУ ба банкхои амрикои-яхуди гузошта истодаанд , маблагхо хангуфти маросими хач низ дар бонкхои амрикои-яхуди дар гардишанд ва даъвои табдили номи халичи Форсро бар халичи Араб доранд,холо он,ки ин ном 3 хазор сол боз бо номи халичи Порс дар чахони офаридаи худои ягонаи тамоми олам маъруф хаст.Сиёсати панарабизм тарики муллочахо ва нимчамуллохои точик то хадде рафта расидааст,ки номхои зебои ориёнаи Сухроб,Чамшед,Бежан,Манижа ва гайрахоро таъкиб намуда,онхоро номхои чохилият мехонанд.Холо он,ки номхои зебо ва кадимаи точики бо дин коре надоранд.Хамон арабиномхо хазорхо сол пеш аз ислом дар Арабистони чохилият вучуд доштанд.Инчо пропагандаи панарабизми кишвархои араби(на дини ислом) бо пурраги ба назар мерасад.Ба чомеъаи точик лозим аст,ки барои пешгузории фарханг ва манфиатхои милли чорахои таъхирнопазир андешад вагарна фаромуш набояд кард,ки зери сиёсати панарабизм сиёсати нажоди оли будани арабхо(занги ба шустан нагардад сафед) рафта истода,сиёсати панисломи бошад барои миллати мо хавфи калон дорад.Хануз ибтидои солхои 20 пантуркистон аввал зери ин сиёсат амал карда,баъан аз зери он никоби туркгароиро берун карда,кариб буд,ки моро аз байн баранд.Сабаби ба бухрон афтодани андешаи халки точик ба бисёр афсонахои дини(китобхои зиёди гайрилми ва таърифи султонхои турку мугул ва мадхияхо бо забонхои поррси ва араби мавчуданд,ки муллохои бесавод чун таърихи инкишофи хаёти точику дигар миллатхои минтакаро намедонад бо онхо андешаи чавонони бесаводро барда мекунанд)ин бесаводии муллочарангхо ва сустии мактаби дунявии мост.Бояд барои маориф.махсусан омузиши фанхои таъриху чугрофия маблагхои зиёде сарф карда шавад то чавонони мо мафкураашон васеъ гардад.Ба мулло гуфта тавонад,ки макбараи Увайси Карани дар Ховалинг балки дар Шом аст.Арабхо баъди 50-60 соли халокати ин шахс ба Хатлонзамин хучум кардаанд.Ин макбараи Увай Мирзои мугул,набераи душмани миллати точик Темурланг хаст,ки то соли 1526 дар инчо чун султони Хатлону Бадахшон хукуматдори кардааст.

ДОНИШЧУИ РОХИ ХАК
Бенфика,
ИСЛОМ КИ БАРОИ ТУ ФАНАТИЗМ БОШАД . ПАС ТУ АЗ ИСЛОМИ АСИЛ ОГОХ НЕСТИ . БАРОДАР ХАТОИ САХТ МЕКУНИ . ВА БО ИН СУХАНОТ МАРДУМРО ГУМРОХ КАРДАНИ ВА АЗ РОХИ ИСЛОМ ДУР КАРДАНИИ НАМЕТОНИ . ИСЛОМ РЕШАИ БА КУВВАТ ДОРАД . ЧУН ИН ТАЪРИХ АЗ ОДАМ ТО ХОТАМ ВА ТО БА ИНДАМ РАСУЛОНУ ПАЁМОВАРОНИ ХУДРО ДОРАД . ВА САРВАРИ ИН ДИНУ ОИНИ ИСЛОМ ВА ЗАМОНАТАШ ФАКАТ ПАРВАРДИГОР АСТ . ВА КАСЕ КИ ФИКРО МЕКУНАД КИ ДАР ТОЧИКИСТОН ИСЛОМ БИЁЯДУ ХАМА БА ФАКРУ ГУРУСНАГИЮ АКАБ МОНДАГИ МЕРАСАД МАХЗ ДУРУГ АСТ ВА САХТ ХАТО МЕКУНЕД . ДИНИ ИСЛОМУ КУРЪОН МУЪЧИЗА ВА ЗАМОНАТИ ХУДОВАНД АСТ . ВА ХЕЧ МАВЧУДЕ МУКОБИЛА КАРДА НАМЕТАВОНАД ВА САРНАВИШТИ ИН РОХРО ДИГАР КАРДА НАМЕТАВОНАД . ИСЛОМИ ФИСКУ ФАСОД РО АЗ БАЙН МЕБАРАД. РИШВАВУ ХУДПИСАНДИНРО АЗ БАЙН МЕБАРАД . ФАКИРУ ДОРО РО ЯК МЕКУНАД . ЖИП САВОРУ ХАР САВОРУ ШУТУР САВОР РО ЯК МЕКУНАД . ХОНАИ ХАСКАПАИ ФАКИРУ БОЙ ЯК МЕШАВАД . АДОЛАТИ ХУДО БАРПО МЕШАВАД БАРОДАРИВУ ХОХАРИИ МУСАЛМОНОН БАКУВВАТ ТАР МЕШАВАД . ОЗОДИИ ВА ОМУЗИШУ ИЛМУ ТЕХНИКА ВА ПЕШРАФТ МЕШАВАД . ВА .....ГАЙРА . МАНА АЗ ЧИ ЧИЗ ШУМО МЕТАРСЕД .

А-а
ДОНИШЧУИ РОХИ ХАК, Ба мардум фирибе чи мегуа бародар, оё куръонро ба мафиати худ истифода кардан мумкин аст. Ин домуллою муллохои зохиразамон барои як тиловаташ 50-100 сомони ме гирад. Ин аст магар рохи мусалмонии мо.

ДОНИШЧУИ РОХИ ХАК
А-а,
АЛБАТТА КИ НЕ БАРОДАР . ХАТО МЕКУНАД ОН ДОМУЛЛОИ АБЛАХЕ КИ РУИ РОСТ БАРОИ ТИЛОВАТИ КУРЪОН ПУЛ ТАЛАБ МЕКУНАД . ВАЛЕ БАЪЗЕ ДАСТ БА ХАЙРОНЕ ХАСТАНД КИ АЗ ДИЛУ НИЯТИ СОФ ХАМЧУН ХАЙР БА ДОМУЛЛО МЕДИХАНД ИНРО ХАМ НАБОЯД ПУЛ СИТОНИИ МАЧБУРИ ХИСОБ КАРД. СИЛОМ ЯК РОХИ ВАСЕЪТАР АЗ ОНЧИЗЕ ХАСТ КИ ШУМО НОМ БУРДЕД БАРОДАР . БАЛКИ ЯК РОХУ РАВИШУ АКИДАЕСТ КИ БЕ ИНТИХО ОЗОД ТАР БА ХАР КОНУНУ КАВОНИНИ ОДАМИСТ !

агар давлатро хнит ба даст орад хамин лагандбардорон дар васфи кабири чунон шеърхо эчод мекунан ки ба акли хеч каси мо намегунчад.

агар давлатро хнит ба даст орад хамин лагандбардорон дар васфи кабири чунон шеърхо эчод мекунан ки ба акли хеч каси мо намегунчад.

А-а
курбонали, Агар давлатро ин бесаводони ХНИТ-хо сохиби шаванд Точикистони зебои ба чи табдил меёбад медони? БА АФХОН!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)