Бахшҳо

Абдулқодирзода: “Дар сар саллаву дар тан ҷелаку... фаҳш... Хуни сарам то ҳол меҷӯшад” (САДО)

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар хост, дар мубориза алайҳи “муллоҳо”-и ҷодугару фолбинҳо ба мақомот кумак кунанд. Ӯ рӯзи 4 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳар куҷо ҷодугару фолбин ё ба ном муллое дидед, ки зану хонаҳои мардумро ҳаром мекунанд, зудтар ба Маркази исломӣ ё Кумитаи дину мақомоти давлатӣ хабар диҳед.”

САДОИ АБДУЛҚОДИРЗОДА

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон бетарафиро асоси бадбахтии инсон хонда, бо овардани ҳадисе аз паёмбар (с) таъкид дошт, ки ҳар кас дар баробар ҳақ хомӯш меистад, мисли шайтони гунг аст (Ас-сокиту ъанил ҳақ ка аш-шайтон ил-ахрасӣ): “Мову Шумо набояд дар ин бора худро бетараф гирем.”

Абдулқодирзода дар идома ибрози таассуф кард, ки дар ҷомеа бархе нафарон аз Ислом ва бесаводии мардум истифода карда, даст ба номуси занҳои дигарон дароз мекунанд: “Дар наворҳо ҳам тамошо кардем, ки чанд нафари ба ном мулло дар либоси руҳонӣ дохил шуда, дар сар саллаву дар тан ҷелаку риш мондагӣ чӣ корҳоеро анҷом медиҳанд?! Суистифода аз Ислому илми исломӣ ва бесаводии мардум карда, дар роҳи ҳарому ҳаромхурӣ мераванд. Чанде қабл қисмате аз навореро оварда нишон доданд, ки ҳоло ба намоиш гузошта нашудааст, хуни сарам то ҳол меҷӯшад.”

Ин даъвати раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии кишвар вақтҳои охир борҳо аз боздошти бархе нафарони ҷодугару ба ном “мулло” тавассути барномаҳои вижа аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод шоми 3 июли соли ҷорӣ низ аз боздошти Бурҳониддин Асомуддинови 86-сола, сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Ашт ба иттиҳоми раво дидани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон хабар дода буд.

Ба иттилои манбаъ, гӯиё Асомуддинов солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муррифӣ намуда, ҳангоми табобати духтарони ноболиғ ва занҳои безурёт ба номуси онҳо низ дастдарозӣ менамудааст. Манбаъ мегӯяд, “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда, дар манзили зисти худ корафтодагонро қабул ва дуохониву табобат мекардааст.
Мӯҳр
Мунсиф
Ин ТВ ҷодугару фолбину бинаку ҳар касофати дигарро муллои аҳли суннат муаррифӣ мекунад, то мардумро ба Исломи азиз бадбин кунад, бехабар аз он ки Худованди ҳаким бо дасти мунофиқон фосиқонро ошкор мекунад.

Адл
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар масъалаи басо мухим ибрози назари дуруст кардааст. Дар байни мусулмонон чунин нафарони фиребгари бо ном мулло, чодугар ва табиб набояд бошанд. Мо дида истодаем, ки чи тавр Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи тозагии сафи мусулмонон ва пуркувват намудани Ислом фаъолият дорад. Баъзехо ба чойи дар бораи муллохои маккору хилагар гап задан дар дигар мавзуъ изхори назар доранд, ки ин аз доираи одоби бахсу мунозира берун буда, сиёхдили ва назари танги онхоро нишон медихад.

МУКАРРАМ КУ БА САВОЛХОИ БАРОДАРИ МО КИ НОМАШРО "КОЗИ" НАВИШТААСТ ЧАВОБ ДИХЕД!:


"Чаноби муфти бисёр хуб гуфтед ки шайтони гунг аст касе дар баробари хак хомуш бошаду бетараф бошад.
Акун шумо гуед, ки касе ки дар баробари манъ кардани хичоб хомуш меистад чи аст?
Касе ки дар баробари манъи чавонон аз рафтан ба масчид хомуш меисьад чи аст?"
Касе ки дар баробари ришвахорон хомуш местад чи аст?
Касе ки дар баробари мансабфуруши хомуш меистад чи аст?
Касе ки дар мукобили зулм хомуш меистад чи аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)