Тоҷик кист: Ориёӣ? Тӯронӣ? Нажоди муғулу турк? Ё..?
Сарабек БЕКЗОДА
Тамоми аҳли башар асосан ба 3 нажод тақсим мешаванд: 1) ҳиндуаврупоӣ; 2) муғулӣ; 3) африқоӣ. Аз миёни онҳо нажоди калонтарин ҳиндуаврупоист, ки қисми зиёди аҳолии Аврупо ва Осиёро ташкил медиҳад.
Соли 1850 китоби олими Фаронса Артур Гобино бо номи “Опят о неравенстве человеческих рас” аз чоп баромад, ки тамоми мардумро ба нажодҳо тақсим намуда, аз ҳама нажоди пастро африқоиҳо ва нажоди муғулу турк дониста буд. Аз ҳама нажоди воло аз нигоҳи Гобино нажоди аврупоӣ буд. Албатта, ин тақсимбандӣ қобили қабул набуда, балки тамоми инсоният новобаста аз баромад, мавқеи ишғолкардаи он дар тӯли таърих ва ҳиссаи онҳо дар рушду нумӯи ҷамъият баробаранд ва онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан қобили қабули ақли солим буда наметавонад. Ҳанӯз баробарҳуқуқ будани тамоми қавму қабоилро дар асри 13 милодӣ фарзанди барӯманди тоҷик Шайх Саъдӣ пешкаши аҳли башар кардааст:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Дар Осиёи Миёна ягона халқе, ки ба нажоди ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ ворид мешавад, халқи тоҷик аст. Тибқи гузориши бисёр олимони соҳаи таърих ва нажодшиноси Аврупою Осиё нахуст ватани мардуми ҳиндуаврупоӣ Осиёи Миёна мебошад, ки дар аҳди атиқа кишвари Таҷик-Тоҷик (Тӯрон) ном дошт ва ин таърих на кам аз 18 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар рисолаи «Дарки таърих» Арнолд Тоинби изҳор медорад, ки асноди Мисри қадим шаҳодат медиҳанд, ориёҳо аз «Дашти бузург», аз он ҷое баромадаанд, ки баъд аз 3 000 сол туркҳо пайдо шудаанд».
Яъне, гузаштагони дури нажоди турку муғулӣ баъд аз 3 ҳазор соли пайдошавии нажоди ҳиндуаврупоӣ, ки ба он халқи ориё-тоҷик низ ворид мешавад, қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштаанд. Воридшавии халқи нажоди турку муғулӣ ба Осиёи Миёна, ё бо ибораи дигар кишвари Тӯрон (Тоҷик), ки аҳолии имрӯзаи давлатҳои Қазоқистон, як қисми Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро ташкил медиҳад, таърихи дурро дар бар намегирад, ки он аз асрҳои 10-12 оғоз гашта, дар асрҳои 15-у 16-и милодӣ бо омадани қавми узбаки соҳиби нажоди муғулӣ дар асри 16-и милодӣ аз дараи Чу, Дашти Қипчоқ ва Енисей, ки ба хотири хони муғулон - Узбакхон худро узбак номидаанд ба охир мерасад. Тибқи таърих аввалин бор калимаи узбакро дар асри 14 ҳамчун номи қабоили туркию муғулӣ аз тарафи Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ (1280-1350) дар китоби «Таърихи гузида» ба забон мегирад.
Як чизро бояд ба хонандаи азиз арза дорам, ки дар Узбакистони имрӯза зиёда аз 15 миллион аҳолиро, ки қиёфаи ориё-тоҷикӣ доранд ва қабилаҳои худро намедонанд ва дар шаҳрҳои Тошканд, Хоразм, Андиҷон, Фарғона, Намангон, Қӯқанд ва Марғелони Узбакистон ва деҳаҳои ободи он зиндагӣ мекунанд ва худро узбак муаррифӣ менамоянд, тоҷикони забонгумкарда мебошанд. Мо аҳолии шаҳрҳои Самрқанду Бухороро дар ин гуруҳ ворид намесозем, зеро дар Самарқанду Бухоро то ба имрӯз мардуми ориётабори тоҷик зиндагӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ, ки ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ забони аҳли миррихиён аст, ҳарф мезананд. Дареғу сад дареғ, ки ба воситаи зӯрӣ ҳуҷҷатан онҳо дар шиносномаҳошон худро узбак менависанд. Он узбакҳое, ки номҳои қабилаҳои худро медонанд, аз ҷумлаи лақай, қунғурот, батош, барлос, қипчоқ, бургут, қатаған ва дар атрофи шаҳрҳои Осиёи Миёна зиндагӣ намуда, шакли муғулӣ доранд, узбакҳои воқеӣ мебошанд. Дар бораи шаклу шамоили узбакҳо ва дигар қабоили турк ҳанӯз дар асрҳои мухталиф аз тарафи таърихнигорони арман, аз ҷумлаи Степанос Арбелян, Моисей Каганкатватси, олими рус Гумилёв Л.Н, инчунин, олими шинохтаи қазоқ Чукан Валихонов ва олими англис Роберт Ша дар асарҳои худ борҳо иброз доштаанд. Улуғбек низ дар китоби худ дар бораи намуди зоҳирии турку муғулони воқеӣ чунин баррасӣ намудааст: “Туркҳо ва муғулон ончунон шабеҳи ҳамдигаранд, ки кадоме аз онҳо турку кадоме муғул фарқ кардан бисёр мушкил аст”.
Шоири тавонои адабиёти классикии тоҷик, Мавлоно Ҳотифӣ, хоҳарзодаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асри 16 милодӣ сурату сирати туркҳоро дар шакли назм баён намуда, чунин иброз менамояд:
Аз он тангчашмони дуну данӣ,
На обистанӣ монду на растанӣ.
Имрӯз як гурӯҳ «олимон»-и узбак ё саҳеҳтараш олимони кирояи узбак аз ҷумлаи Левитин, Гога Ҳидоятов, Алишер Илҳомов ва Рустам Абдуллоеви нотавонбин ба ҳар роҳҳои ғайриилмӣ ва ғайритаърихӣ бо ҳарзагӯиҳои худ ба хотири ҳарчи ба дунёи куҳан расонидани таърихи узбакон мехоҳанд соҳибони марзу буми Осиёи Миёнаро, ки тибқи таърихи тасдиқшуда халқи ориё - тоҷик ва гузаштагони онҳо мебошанд, нодида гирифта, марзу буми таърихии ориётоҷикон, ки дар таърих бо номи Хуросон, Тӯрон (Тоҷик) шинохта мешавад, ватани узбакҳо бароварданӣ шуда, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста нодида мегиранд. Ҳол он ки қавмҳои турку муғул Осиёи Миёнаро ишғол карда, ҷавонтарин халқ узбакҳо мебошанд, ки воридшавии онҳо ба ин кишвар ба асри 16 милодӣ рост мегирад ва фаҳмиши калимаи узбак тибқи гузоришҳои Маҳмуди Қошғарӣ, Амир Темур ва набераи ӯ Бобур Мирзо барои халқияти бумии Мовароуннаҳру Хуросон ношиносу номаълум ва бегона буд ва вожаи узбак чун нишондиҳандаи халқ дар ин марзу бум ҳанӯз истифода намешуд.
Амир Темур дар асри 14 милодӣ дар «Темурнома» иброз медорад, ки «ман узбаки палиди манҳус набуда, балки аз хонадони Чингизхон насаб мегирам». Дар «Темурнома» Темур оид ба Хуросон, ки ватани бумии халқи тоҷик аст, тазаккур медиҳад: “Шунидаам, ки сарзамини Хуросон бисёр сермаҳсул аст ва ҳар як хуросонӣ шоири бузург ва ё олими бузург аст. Дар ман ҳамин хел тасаввур пайдо шуд, ки чи хеле Самарқанд ширинтарин харбузаҳоро ба ҳосил меоварад ва назирашро дар дигар кишварҳо намебинӣ, Хуросон низ олимон ва шоирони беназирро додааст. Хуросон абармардонеро ба дунё меорад, ки назири худро надоранд ва мисоли он Фирдавсӣ мебошад. Ӯ китоберо иншо кардааст, ки хуросониён аз он ҳунарҳо меомӯзанд». Дар китоби Темурнома, ки имрӯз дар шакли асл дар осорхонаи Лондон маҳфуз аст, Темур иброз медорад, «шаҳри Самарқанд таърихан шаҳри тоҷикон аст ва ба халқи тоҷик ҳамбастагии ногусастанӣ дорад».
Бобур Мирзо дар асри 16 милодӣ иброз дошта, ки «қариб 140 сол шаҳри Самарқанд ба хонадони мо тааллуқ дошт, номаълум аз кадом ҳавза қавми узбаки ба мо бегонаю душман омада, онро ба тасарруфи худ даровардааст». (Бобур. Асарҳо, саҳ. 101)
Дар ҷои дигар Бобур Мирзо изҳор медорад, ки аҳолии шаҳрҳо ва деҳоти ободи давлати Кобулро халқи тоҷик ташкил менамоянд. Ин суханҳоро дар асарҳои худ Амир Темур ва наберааш Бобур Мирзо иброз дошта гуфтанианд, ки онҳо ба қавми узбак ворид намешаванд, зеро дар асри зиндагии онҳо узбакҳо, ки ҳанӯз ҳамчун халқ ташаккул наёфта, дар сатҳи қабилавӣ арзи ҳастӣ доштанд, аз дараи Чу, ҳавзаҳои Дашти Қипчоқ ва Ҳафтрӯд вориди Мовароуннаҳру Хуросон нагашта, балки қабила ба қабила, ки хоси ҷамъияти ибтидоист, дар ҳавзаҳои дар боло зикршуда зиндагии кӯчиро аз сар мегузарониданд. Олим ва таърихнигори рус Андреева В. дар китоби «Миф об узбекском государстве» (қисми 1): «Великие предки» и исторические фантазии Ислом Каримов»-ро таҳлил намуда, ба чунин хулоса меояд: «Именно Шайбониды на кончиках своих копии принесли в Среднюю Азию само название узбеки которые не имело в то время никакого реального этнического содержания. Узбеки это конгломерат пришлых кочевых турко-монгольских племён и по выражению Чокан Валиханов, союз племён пришедших на территорию Средней Азии в эпоху позднего средневековья. Нынешние узбеки являются весьма неоднородний в рассовом отношении этносом. Среди них есть представители как черезвичайно европоидных, так и сильно монголоидных и множество смешанных в разной степени индивидуумов». (Тарҷума: Маҳз Шайбониҳо дар нӯги найзаҳои худ фаҳмиши узбакро овардаанд, ки он ягон нишонаи нажодро дар он аҳд таҷассум карда наметавонист. Узбакҳо ин чамъи қабоили омадаи кӯчии туркию муғулӣ буда, тибқи гузориши Чокан Валихонов, қабоили муттаҳидшудае мебошанд, ки ба ҳудуди Осиёи Миёна дар солҳои охири асрҳои миёна омадаанд. Узбакҳои имрӯза аз чиҳати баромад, нажод якгуна нестанд. Дар байни онҳо мардуми бисёр шакли аврупоӣ дошта ва беандоза бисёр андоми муғулӣ дошта ва одамони омезишёфта дида мешавад»)
Ақидаи Андрееваро ҳанӯз олими англис Роберт Ша ба тарзи муфассал дар асарҳои худ баён карда, иброз медорад: «Узбакҳо дар кунҷи даҳон ва зери манаҳ якчанд тори мӯй доранду халос. Агар дар рӯи баъзеи онҳо ришу бурути комил бинед, бидонед, ки ин натиҷаи дар шараёнашон хуни тоҷикӣ доштан, асари муддати тӯлонӣ дар Бухорову Қуқанд дар байни тоҷикон зистан аст».
(Идома дорад)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |