Бахшҳо

Умед Бобохонов: Ман ҳам қариб ҷосус мешудам...

Умед Бобохонов, муассиси медиа-гуруҳи “Азия-Плюс”

Қазияи баҳсбарангези боздошти олими тоҷик, Александр Содиқов, ба иттиҳоми ҷосусӣ аллакай тамоми расонаҳои ҷаҳониро чарх зад. Ба ҳимояти ӯ бисёри созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 30 ҳазор олим аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон-Русия, Қирғизистон, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса баромад карданд.

Зимнан мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки далелҳои фаъолияти ҷосусии Содиқовро рӯи даст доранд. Чунин шуд, ки ман низ ғайриихтиёр иштирокдори ин “қазияи ҷосусӣ” шудам. Як бор ҳам не, ду бор.

Инак дар иттилоияи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон омадааст, ки Александр 16-уми июн ҳангоми иҷрои супориши хадамоти махсуси яке аз кишварҳои хориҷӣ дар Хоруғ боздошт шуд: “Санҷиши пешакӣ нишон дод, ки Содиқов 9-уми июн тариқи почтаи электронӣ ба мулоқот бо яке аз намояндагони кишварҳои хориҷӣ даъват шуд... Вохӯрӣ бо ин намоянда 10-уми июн сурат гирифт. Бегоҳи он рӯз дар бошишгоҳи сардори хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ, ки зери ниқоби дипломатӣ фаъолият мекунад, супориши мушаххас ва маблағи муайян гирифта, барои дарёфти иттилооти хусусияти ҷосусидошта аз Алим Шерзамонов озими Хоруғ шуд.”

Дар асоси ин Содиқов аз рӯи моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ дар хиёнат ба давлат муттаҳам мешавад, ки барои он то 20 соли зиндон бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Акнун, ин қазия ба ман чӣ рабт дорад? Батартиб шарҳ медиҳам. Рӯзи 10-уми июн ман низ, чун Александр Содиқов тариқи почтаи электронӣ аз сафорати Британияи Кабир ду даъватнома гирифтам. Аввал рӯзи 11-уми июн маро ба ғизои шом ба бошишгоҳи сафир даъват карданд, ки ба ифтихори ташрифи олими Донишгоҳи Эксетери Британия-доктор Ҷон Хизершоу ташкил шуда буд. Даъватномаи дуюми барои 13-уми июн ба чорабинии сафорат ба муносибати мавлуди Маликаи Британияи Кабир буд. Чун рӯзи 11-уми июн ба муносибати рӯзи Русия ба қабули сафири ин кишвар дар Душанбе даъват шудам, қарор кардам, ки он рӯз русиягиҳо ва 13-уми июн пайравони Маликаи Британияи Кабирро табрик кунам ва чунин ҳам кардам.

Тавре маълум аст, Александр Содиқов замони боздошташ дар Хоруғ аз рӯи лоиҳаи Хизершоу кор мекард ва эҳтимолан маҳз дар вақти ғизои шоми 11-уми июн аз Хизершоу суолномаи таҳқиқот ва роҳкироро гирифтааст. ( Дар иттилоияи РКДАМ-и Бадахшон вақти мулоқот дар бошишгоҳ 10-уми июн сабт шудаст, аммо ин ҷо мумкин хато шудааст, чун сафир 10-уми июн дар Хоруғ буд ва танҳо рӯзи 11-уми июн ба Душанбе баргашт. Намедонам, ки оё дипломати дигари Бритониё дар набудани сафир ҳаққи қабули меҳмононро дар бошишгоҳаш дорад ё на?!)

Чанд рӯз баъд ҷонишинам ба ман хабар дод, ки замони сафар доштанам, ӯ барои мулоқот бо олими хориҷие розигӣ додааст, ки ба омӯзиши Тоҷикистон машғул аст. Ҷонишинам гуфт, меҳмонон ба дафтари мо баъди 30 дақиқа ҳозир мешаванд ва агар хоҳам, метавонам дар ин мулоқот иштирок кунам. Баъди ним соат ба утоқи кориям Александр Содиқов ва нафари бароям номаълумро ворид намуд. “Доктор Хизершоу, Донишгоҳи Эксетер”- худро муаррифӣ кард меҳмон.

Аз суҳбат бо доктор Хизершоу маълум шуд, ки ӯ низоъшинос аст ва мушкилоти Тоҷикистонро беш аз 10 сол омӯхта, дар ин бора чанд китоб ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ навиштааст. (Дертар дар сомонаи донишгоҳ ман дар бораи Хизершоу иттилои муфассал пайдо кардам, ки воқеан ҳам дар ин донишгоҳ ба ҳайси муаллими калон кор карда, матлабҳои зиёде дар бораи минтақаи мо навиштааст.” Профессор изҳор дошт, ки дар бораи низоъҳои минтақаи мо кори илмӣ менависад ва Александр розӣ шудааст дар фасли тобистон ба ӯ кӯмак кунад. Суҳбати мо ҳудуди ним соат идома ёфт ва меҳмонон миннатдорӣ баён намуда, рафтанд.

Чанд рӯз пас аз боздошти “ҷосус Содиқов” хабар паҳн гардид...

Баъди ин ҳодиса ман ба худам суолҳое медиҳам, ки ҷавобашонро намедонам: Агар ман ҳамон рӯз ба ғизои шом дар бошишгоҳи сафир ҳозир мешудам, ман ҳам ҷосус ҳисоб мешудам ё шарики ҷосус? Оё олимони тоҷики дигаре, ки дар он “мулоқоти махфӣ” иштирок доштанд, ҷосус ҳисоб мешаванд? Агар сотсиал-демократ, Алим Шерзамонов, ки замони мулоқот бо ӯ Содиқов боздошт шуда буд, барандаи иттилои ҷосусӣ бошад, оё ман чунин баранда нестам? Агар бошам, оё ғайриихтиёр дар мулоқот бо олимони бритониёгӣ ягон асрори давлатиро фош накардаам?

Бояд дар оянда ман ё ҳамкоронам-рӯзноманигорон бо олимону рӯзноманигорони хориҷӣ мулоқот кунем, ё аз онҳо ҳазар намоем, то аз рӯи моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ айбдор нашавем? Месазад, ки ба масоили мубрами ҷомеаамон, аз қабили фасод, мухаддирот, геополитика, Ислом, энергетика ва амнияти озуқаворӣ машғул шавем, ё он ҳамчун ҷамъоварии иттилооти ҷосусӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд?
Мӯҳр
Нодонак
Аки Бобохон, о Грин картро гирифта чӣ даъвои патриотӣ доред?!
Ҷои пушида нест, ҳама медонанд, даромади Медиа холдингатон аз ҳисоби реклаиаҳои хориҷӣ аст.
Пеш аз пода чанг нахезонед, агар ягон далел бошад, навбати шумо ҳам мерасад.
Мақомот ягон далел доранд, ки Содиқовро боздошт кардаанд ва доду фиғон баровардани "доираҳои илмии" хориҷӣ нишон он аст, ки зери коса нимкосае ҳаст. Ба хусус Америка ва Британия дар таҳлука афтодаанд, барои ҳамин доду вояшон бисёр.
Боварӣ дорам, мақомоти мо аз Содиқов бисёр чизҳои "ҷолибро" дарёфт хоҳанд кард.
Пушида нест, ки маҳз олиму ходимон барои гузаронидани корҳои ҷосусӣ-омӯзишӣ истифода мешаванд, инро ҳама медонанд.
Гуфтаҳои Содиқ сад дар сад дуруст ва ҳақанд.

Доно
нодонак ва содик як одам ва маризии худтаърифи дорад, ту кучову Умед Бобохонов кучо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)