Убайдуллоев: Такя ба имони тоҷирон кардем, ки нашуд...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи васеи корӣ аз болоравии беасоси нархи маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев изҳор доштааст, ки имсол шаҳрдорӣ ба имону инсофи соҳибкорон такя намуд ва барои ҷилавгирии нархҳо санадеро таҳия накард. “Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст,”- афзудааст, Убайдуллоев. Дар гузашта шаҳрдорӣ барои моҳи шарифи Рамазон нархномаи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия мекард, ки тоҷирон уҳдадор буданд, онро риоя намоянд.
Имсол шаҳрдори Душанбе аз тоҷирон ва соҳибкорони пойтахт даъват кардааст, ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр ва дарёфти савоби моҳи мубораки Рамазон нархи 20 навъи маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, нон, равған, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза то 10% ибтикоран поин бурда шавад. Инчунин раҳбарияти бозорҳои пойтахт, аз ҷумла бозори “Шоҳмансур”, “Саховат”, “ Деҳқон” ва бозори “Қарияи боло” муваззаф гардидаанд, ки фурӯши гушти гов бо нархи 36 сомонӣ дар моҳи Рамазон ба роҳ монда шуда, ба фурӯш гузоштани равғани чарбу аз сӯи қассобон манъ карда шавад.
Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои назорати супоришҳои мазкур қарор шудааст, дар тамоми дуконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб шавад: “Баҳри таъсиррасонӣ ва ба масъулият даъват кардани соҳибкорон бо дарназардошти тайи ду рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон бисёре аз дуконҳои гӯштфурӯшӣ худсарона фаъолияташонро қатъ кардаанд, 2 нуқтаи гӯштфурӯшӣ аз бозори “Саховат” ва 6 нуқта аз бозори “Шоҳмансур” аз соҳибкорони хилофкор гирифта ба ихтиёри ҶДММ “Ёвар” вобаста карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе ба хотири дастгирии соҳибкорону тоҷирони саховатманд, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мазкур машғуланд, омодааст, аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо кунад. Назорати фаъолияти бозорҳо ба зиммаи ВАО ва фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук вогузор карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |