Кабирӣ: "Агар... натавонистанд, ҲНИТ омодааст, масъулияти кишварро ба дӯш гирад"
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҳизбаш гуфт, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 24 июн, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ. Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукмати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”
Раиси ҲНИТ дар ин суҳбаташ, инчунин, аз бархӯрди номуносиби мақомот бо намояндагони аҳзоби мухолиф шикоят кард ва гуфт, дар ҳоле ки ҳизбу ҳаракатҳои дунё мансабу мақому вазорат мехоҳанд, ҳизбҳои оппозитсионии Тоҷикистон мехоҳанд, фақат мақомот иҷоза диҳанд, ки ҷаласаашонро баргузор кунанд. “Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад”,-афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |