Бахшҳо
19 июн 2014 08:00Тоҷикистон / Акс / Видео

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

Субҳи 19 июн мақомоти вилояти Суғд ба тахриб ё вайрон кардани бинои дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд идома додаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, “агарчӣ гуфтушуниди ҳайати мо бо мақомот шурӯъ шуд, аммо тахриб кардани бино идома дорад”.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҷараёни вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ-ро намояндагони Шӯрои уламо дар шимоли кишвар ҳам назорат доранд. Вай афзуд, дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хуҷанд алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, ки дар Суғд қарор дорад, эътироз кардаанд. Дар чанд наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дида мешавад, як зан бисёр мехоҳад, бо намонядагони ҲНИТ аз наздик суҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, гуфтаниҳои зиёде барояшон дорад.



Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июн, баъд аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо муовинони раиси вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, тахриби қароргоҳи ҲНИТ дар ин минтақа боздошта шуда буд. Сухангӯи ҲНИТ гуфта буд, ҷонибҳо ба натиҷае расидаанд, ки то музокироти 19 июн бино тахриб нашавад.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд баъд аз зуҳри 18 июн ба вайрон кардани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шуруъ карданд. Ба қавли онҳо, бар асоси нақшаи куллии маркази вилояти Суғд бояд қароргоҳи ҲНИТ вайрон шуда, дар ҷояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Маҳмудҷон Файзраҳмонов гуфта буд, намояндагони сохторҳои давлатӣ барои вайрон кардани бинои дафтари онҳо қарори раиси шаҳри Хуҷандро пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воҳидова, ин кор танҳо бо қарори додгоҳ имконпазир аст.

Чанд рӯзи қабл мақомоти Суғд бо ирсоли огоҳиномае аз масъулони дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд дархост карданд, то биноро холӣ кунанд. Масъулини ҳукумат дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки бинои дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд бояд хароб ва ҷойи он кабудизор карда шавад. Вале баъдан, 17 июн, масъулони ҳукумат ва намояндагони бахши ҲНИТ дар Суғд ба мувофиқа расиданд, ки бинои ҳизб танҳо баъд аз мушаххас гардидани қимат ва ҷудо гардидани замин барои бунёди дафтари дигар тахриб карда мешавад.


ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ


ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ

ВИДЕО: Вайрон кардани қароргоҳи ҲНИТ ва эътироз алайҳи Кабирӣ
Мӯҳр
Ҳамаи аҳзоби ғайриҳукуматӣ маслиҳат карда, фаолияти худро қатъ бикунед, зеро фазои фишору таъқибу туҳмату сангпартоие, ки бароятон эъҷод шуда истодааст, аз он далолат медиҳад, ки ин ҳукумат намехоҳад бо шумо муросо бикунад. Барои онҳо аҳзоби лаббайгӯяки кисагӣ даркор аст, ки дар пеши назарашон, ба қавле, "пашша нашаванд". Ҳукумат ҳукумати автократӣ (яккатоз) аст. Ҳамаи сару садоҳо дар бораи сохтани ҷомеаи плуралистӣ (бисёрҳизбӣ, чандақидагӣ) ва демократӣ, мардумфиребие беш нест. Ин ҳукуматро бо ҳизби яккатозаш танҳо бимонед. Ку, бе алтернативаи сиёсӣ чӣ гуна фаолият мекарда бошанд? Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ боз чи ваҷъ (баҳона) меоранд? Агар ҳамин тавр накунед, аз ду сар рӯзатон намедиҳанд. Бахусус ҲНИТ ва Ҳизби сосиал-демократиро, ки воқеан фаол ҳастанд ва камбудиҳои ҳукуматро ошкоро танқид мекунанд. Ҳизби коммунист ва ба ном Ҳизби сосиалистӣ аллакай кисагӣ шудаанд. Аз ин хотир болои онҳо фишор ҳам нест. Беҳуда нагуфтаанд, ки сиёсату сиёсатбозӣ худ як чизи ифлосу чиркин аст. Инҷо ду рӯй доштан даркор. Дурӯя набошӣ (мисли комунистон ва сосиалистон), нобудат мекунанд.

Сафдар
Ин авомил як нишона дорад.точикон то хануз сиёсатро сарфахм намераванд ва сиёсатмадор низ надоранд.Хизби исломии Точикистон дар шароити фаъолияти густурдаи харакати салафия ва дигар чарайнхои ифродгароии пайдошаванда чун сипари боэътимоде шуда метавонад.Касе,ки чунин машварат медихад нисбати ин хизб у душмани миллату давлати точик аст.Кишвар дар марзи геополитикии хассос карор дорад.Наход акли чомеъашиносон ба хамин низ нарасад?

сухроб камолидин ва мухамадзои кош ки мисли Хучанди аклу фахмиш медоштед ва андешаронию чахонбини медощтед... шумобаринхо боъиси пастравии шууру маданияту фарханги миллат шудаанд... зиёда аз бист сол аст ки дар ягон соха пешрави нест чуз сохаи раксу суруд ва он хам бо пешрави не бо дуздии таронахои хоричи...мисли дуздии шабнами сраё ки шарм надошта лучмекна худша ...
озодагон озодона чоп кун бе каму кост

Альфа
Эй... Хучандию Чалол агар дини исломро дуст метошта боши пас онро бояд бо калби покат дошта боши набал,ки бо хар гуна хизбу ташкилот.
Давлат ба дасти шумобарин бесаводон намонад,ки....

Расо вохима карди. дуруст ки ин биноро мебардоранд. Набошад вай дар пеши масчиди Нури Ислом як хароба буд бинои вайрона ба чояш гул кунанд даромади мачити Нури ислом хушру мешад. ОО расмхои тарафи дигарашам нишон те чи хел хукумат бо намозхонхо Мачити хушру пушидаги

Агар тарафи дигара нишон дихад масчиди зебора бад хочахо пул намедиханд. Инхо точикистона атеистхо зер кардаги гуфта пула мекананд. масчиди Нури ислом ва ин офиси вайронаро бинанд бад ревизия мекунанд мепурсанд ки пулхоро кучо карданд. Барои хамин воихма карда худро чабрдидаю мазлум нишон метанд.

КУЛОБ
Э МУРЕДЕ БОЗ ОДАМОНАШОН ДАР ДОХИЛИ ( ОЗОДАГОН ) АСТ. Хама кор буд шуд акнун навбати чапа куни омад. Мардуми содда боз чи хел бовари доранд бо ин тавр идоракуни ман хайрон Озодагон шумохам бисёр тарсончак шудаед. Наход, ки ду мисра шеъри таъсиркунандаро ичозат надихед.

баъзе беклон навиштаанд, ки ХНИТ но даркори аст, майлаш Шумо но мусулмонон ин хел мешуморед, оек дар катори ХНИТ 6 хизби нодаркори аст вайро хам махкам кунанд ё дар чойхои онхо кабудизоркуни кунанд. бо бовари мегуям, рохбари хизбхое хастанд ки гайр аз ахлу оилаашон касе дигар намешиносад ана ин хел хизбхоро махкам кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)