Бахшҳо
17 июн 2014 15:38Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Изҳороти роҳбар ва ҳамсари Александр Содиқов, муттаҳам дар “ҷосусӣ”

Ҷон Хизершоу, академики Донишгоҳи Эксетер, ки роҳбари илмии Александр Содиқов мебошад, иттиҳоми Кумитаи амнияти Тоҷикистон алайҳи шогирдашро беасос хондааст. Хизершоу бо нашри баёнияе дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфтааст, Содиқов унвонҷӯи донишгоҳи Торонто буда, тариқи шартнома бо Донишгоҳи Экcетери Бритониё ба пажуҳиши таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми ҳалли низоъ машғул аст.

“Содиқов ахиран ба пажуҳиши ҳалли мусбати низои 21 май дар Хоруғ машғул буд ва зимни суҳбат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон боздошт шудааст”,-навиштааст ӯ.

Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр, низ иттиҳом алайҳи шавҳарашро беасос хонда, таъкид мекунад, ки Содиқов олим аст ва бояд Тоҷикистон аз доштани чунин шаҳрванд ифтихор кунад. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ хостааст, нисбат ба тақдири шавҳараш бетарафӣ зоҳир нагардад ва аз Хизершоу даъват намудааст, ки тамоми маводи марбут ба фаъолити илмиро ба мақомоту расонаҳо пешкаш кунад, то шубҳаҳо дар бораи фаъолияти шавҳараш бартараф гарданд.

Содиқова навиштааст, Хизершоу дар лаҳзаи аввали боздошти Александр ба ӯ изҳори ҳамдардию ҳимоят карда, аммо феълан ӯро аз рӯйхати дустонаш дар Фейсбук лағв намудааст. Ин зан таъкид намудааст, дӯсти асосӣ дар вақти мушкилӣ зоҳир мегардад.

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқов, як сокини кишвар дар Хоруғро тасдиқ кард. Ин ниҳод дар изҳороташ гуфтааст, Содиқов дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ ба Хоруғ рафта будааст. Аммо гуфта нашудааст, ки кадом кишвари хориҷӣ.

Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. “Санҷиши пешакӣ нишон дод, Содиқов рӯзи 9 июн тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Тоҷикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард”,-омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод мегӯяд, Содиқов баъд аз ин суҳбат вазифадор шуда буд, ба Хоруғ рафта, бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва дигарон дидору гуфтугӯ кунад. “Ҳангоми мулоқот аз Шерзамонов тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд. Содиқов бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқоти Содиқов бо Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид”,-гуфта шудааст дар изҳороти Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон.

Аммо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон, иддаои мақомот дар бораи ҷосусии Содиқовро рад карда, гуфтааст, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафтааст. Ба қавли ӯ, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
Агар чосус бо ШЕРЗАМОНОВ СУХБАТ КАРДА БОШАД , ПАС чаро ин касро намекапед????

Нодонак
Аз хондани ин матлаб хурсанд шудам. Офарин ба КДАМ! Инҳо гумон кардаанд, ки бо маймунбозӣ аз ин ҳолат мебароянд, вале иштибоҳ карданд. Ба Озодагон низ ташаккур, ки як нуктаи муҳимро қайд кардед, "профессор" донишҷӯ ва ҳамсари ӯро аз рӯйхати дустонаш хат задааст. Ин худаш таъкид ба дурустии чораҳои андешидаи мақомоти амниятӣ аст.

Aleksandr Sodikov shahrvandi Jumhurii Tojikiston va hatmkunandai fakultai Robitahoi baynalmilali va tarihi Donishgohi rusi tojikii slavyani meboshad.

Фантастика КГБ
КГБ Фантастиш,
Охир буродар вай давраи фаъолияти пинхонии КГБ гузашта рафт... Хозир чомеъа чунон пеш рафтааст, ки дар чои ошкоро мулокот карда ахбор мегирад ва агар капандша хам хама созмону чомеъаи шахрванди ба химояаш бармехезанд. амният бе асос дастгир намекунад. кори илмии ин бача - кори чосуси аст ин аник, ина бояд вай худаш хам донад агар милён бор гуяд ки ин кори илми аст....

точик
Вохимаи холи о хамин точикистон ягон сири махфи надорад. Хоричахоро бад бинед . пас чарт карзхову грантхояшонро нагз мебинед. Агар абаркудратхо хоханд дар точикистон дар ду руз табаддулот мекунанд. Ин ноухдабароен доимо душмани хоричи мекобанд. Ьарои миллат чи кореро анчом додед????

точик
Шанбиев Шероз,
Ба симои онхо чи кор дори?

Ин турист ягон отношение ба илм надораду ва волонтер мебошад.
Саволхои ки ба вай барои пурсиш дода буданд, сирри давлатиро бояд ошкор мекарданд. Яке аз саволхо буд ки чанд фоизи ахолии Бадахшон тарафдори автономи мебошад ва аз хукумат норози мебошанд.
Барои хамин хел саволхо махкам карданд ин марди метисро.
Шерзамонов агенти хоричи аст ва бо намояндаи САХА дар Точикистон вохури кард. Бародараш дар САХАи дар Душанбе буда кор мекунад ва ин вохуриро ташкил кард.
Арести Александр - ин барои хамаи он ки бо пули хархелаи хоричи разведка мекунанд огохи мешад

Шарт
Баъди мутолиахои ин чавобхо рости кас дар хайрат мемонад чунки точик сода ва зудбовар ба хама пастию баландихо ахмияти надода бо гапхои пучи хоричиён зуд бовар мекунанд. Наход як нафар ки дар руи он симои точики хувайдо набошад уро ба аспиранту олим талкин диханд. Содиков чосуси хозиразамон муосир аз тарафи давлатхои абаркудрат дар никоби Олим таёршударо ин кадар мардуми мо бовар кунанд харгиз не !!!!

Якумаш ин ки ягон чосус омаду худро хамчун чосуз ном намебарад. Хатман худро донишчуй пажухишгар муаллим ё дигару дигар шуда кор мекунад. Аз шакли руяш маълум аст ки чосус аст. Барои чи назди академикхо намеравад? барои чи аз китобхои навиштаи хамон солхо шинос намешавад. Ва танхо пеши намояндаи Оппозицияи гурухи 24 меравад? хама ин чихатоша ба назар гирифтан лозим аст

Бахри хиёнаткорон гуфтаанд:
Ин тоифа эхсоси дили мо нашиносанд
Бе дард маризанд мудаво нашиносанд
Аз шарки буриданду ба гарби нарасиданд
Дар бодияхо дидаи бино нашиносанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)