Бахшҳо
17 июн 2014 10:24Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният: “Александр Содиқов барои ҷосусӣ ба Хоруғ рафтааст”

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқов, як сокини кишвар дар Хоруғро тасдиқ кард. Ин ниҳод дар изҳороташ гуфтааст, Содиқов дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ ба Хоруғ рафта будааст.

Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. “Санҷиши пешакӣ нишон дод, Содиқов рӯзи 9 июн тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Точикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард”,-омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод мегӯяд, Содиқов баъд аз ин суҳбат вазифадор шуда буд, ба Хоруғ рафта, бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва дигарон дидору гуфтугӯ кунад. “Ҳангоми мулоқот аз Шерзамонов тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд. Содиқов бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқоти Содиқов бо Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид”,-гуфта шудааст дар изҳороти Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон.

Аммо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон, иддаои мақомот дар бораи ҷосусии Содиқовро рад карда, гуфтааст, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафтааст. Ба қавли ӯ, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
Ахсан ба чекистони точик АХСАН, Рости гап ин хабарро дар фейсбук ва кариб хамаи сайтхои дигар хондам, хеле хурсанд шудам. Аз хурсанди чи кор карданамро надонистам. Канд занед ЧЕКИСТОН. Кош ман хам чекист мебудаму ба Ватанам содикона хизмат мекардаму ана хамин хел чосусони миллатро капида турма мекардам. Иншоаллох ман бовари дорам, ки Александр Содиков дар ваксти пурсупос гап мезанад, ки нахзативу социалдемократу, салафиву тахриру, толибу дигару дигар хамаашон ЯКТАН буда, максади дигаргун кардани сохти давлатдори ва конститутсияи ТОЧИКИСТОН мебошанд. Ба АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ гуфтани хастам, ки бо кадом аклу хушаш барои пул шуда манфиатхои миллату давлаташро мефурушад.

Мардуми Бадахшон, бингаред хоричиён мехоханд, ки шахри Хоругро бо дасти зархаридони худ Алими Шерзамон ва дигар наркобаронхо боз ноором созанд. Агар амният саривакт бохабар намешуд, ин "мехмони нохонда" бо дигар наркобаронхо низ вохурда супоришхои хочагони хоричии худро оиди ноором сохтани вазъи минтака мерасонд. Хоричиён кушиш намуданд, ки чунин "супориши мухим"-ро ба зархариди худ Алими Шерзамон на ба воситаи телефон ё почтаи электрони, балки ру ба ру ва чашм ба чашм расонанд. Бечора агенти хоричи Алими Шерзамон сираш фош шуд, акнун чи хел дар байни мардуми Бадахшон сар бардошта мегашта бошад.

Мардуми Бадахшон, бингаред хоричиён мехоханд, ки шахри Хоругро бо дасти зархаридони худ Алими Шерзамон ва дигар наркобаронхо боз ноором созанд. Агар амният саривакт бохабар намешуд, ин "мехмони нохонда" бо дигар наркобаронхо низ вохурда супоришхои хочагони хоричии худро оиди ноором сохтани вазъи минтака мерасонд. Хоричиён кушиш намуданд, ки чунин "супориши мухим"-ро ба зархариди худ Алими Шерзамон на ба воситаи телефон ё почтаи электрони, балки ру ба ру ва чашм ба чашм расонанд. Бечора агенти хоричи Алими Шерзамон сираш фош шуд, акнун чи хел дар байни мардуми Бадахшон сар бардошта мегашта бошад.

Posle etix kommentariev men toshno stalo, stranna idiotov i pridurkov. Idioti neznaut, chto i kak pravoditsya issledovanie, chto takoe nauchniu trud i zachem nujen voprosnik.Takix elementarnix vesheu ne budu vam obesnayt. Esli rasskazat eto v drugix normalno razvitix stranax, vse so smexu umrut. Negramotnost razvivaetsya so skorostu sveta v strane. UJASŚ

Рустам
"Озодагон"-и ноозод ва гайрикасби фикрхои моро хам чоп кун чаро дируз аз моро нашр накарди.

Шамс
Агар кумитаи амният номи давлвти ҷосуса мегуфт, то мо аз фиребҳои дарнақшадоштаи ояндаашон хабардор мешудем.

Чавонони точик аз амали Александр ибрат гиред! Одамон барои хифзи манфиатхои миллати хеш чонфидои мекунанд, на ин ки барои пул ба миллати худ хиёнат мекунанд.

Хамаи бетартибихое, ки имрузхо дар баъзе давлатхои чахон мавчуданд кори разведкави-тахрибии давлатхои Гарб аст., онхо ба оромии Точикистон чашм ало намуда истодаанд. Александрро аз кучо ёфта чалб намуданд?! Касоне, ки дар хорич тахсил доранд, ояндаи хешро фикр кунанд, зеро ба Точикистон ба назди хешони худ хох но хох бар мегарданд.

Вой бар холи чунин чавонписароне, ки дар Точикистон ба воя расида, дар хорич тахсил карда, мебоист ба давлати худ фоида расонанд. Аммо барои пул шуда хиёнат мекунанд.

Вакте Александ бо аъзоёни ХСДТ робита дошта, аз онхо барои давлати хорича маълумоти разведкави дастрас кардан хостааст, маълум мешавад, ки ХСДТ низ дар назди миллати точик хиёнаткор будааст. Ин хизб баста шавад.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)