Бахшҳо

Муродиён: “Вақте Тӯраҷонзода гап зад, хомӯш будед, ҳоло аз Хоналӣ душман метарошед”

Ҳасани Муродиён, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бо ирсоли номае назари худро дар бораи муроҷиати як гуруҳ хабарнигорон аз Хатлон ба раиси ҳамин вилоят -- Давлатшо Гулмаҳмадов ва вазири маорифу илм -- Нуриддин Саидов баён доштааст. Ин гуруҳи хабарнигорон аз раиси Хатлону вазири маориф ва илм хоста буданд, ба қазияи рӯзноманигор ва шоири ҷавон Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) расидагӣ кунад. Ба қавли онҳо, мудири маорифи Хатлон дар чанд ҳолат гӯиё Солеҳавро барои либосаш таъна зада, монеи фаъолияти хабарнигорияш шудааст.


Номаи Ҳасани Муродиён:

“Муроҷиати як гурӯҳ журналистони хатлониро ба раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи “Озодагон” оид ба рафтори “ношоям”-и сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода хонда, хеле мутаассир шудам.

Дар атрофи масъалаи “як пула савдо” арзишдошта сад пула ғавғо бардоштани журналистони хатлониро бори аввал мебинам, зеро қаблан садҳо масъалаҳои баҳсноке буд, ки эшон хомӯш буданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода Наврӯзро ҳаром ҳукм кард, аммо ягон журналисти вилоят профессорони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро дастгирӣ накарданд, вале имрӯз аз Қурбонзода душмани халқ метарошанд. Ман хуб медонам, ки қаблан ин журналистон худро дар либоси дӯст ҷилва медоданд, вале имрӯз алайҳи Қурбонзода табли ҷанг мезананд:

“Дӯст хуни ҷигарам мекунад, эй вой, агар,
Варақи меҳр бигардонаду душман гардад.”

(Толиби Омулӣ)

Ман аз Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз) сар карда, ҳамаи имзокунандагонро мешиносам ва яке аз онҳо фарзанди калонии ман аст (Зокир Ҳасан). Банда ҳайронам, ки шогирди мо ҷабрдида Шабафрӯз чаро худаш ба даҳон об гирифта хомӯш асту дигарон дар атрофи номи ӯ гап мезананд? Охир, ман хуб медонам, ки Солеҳова А. журналисти боистеъдод аст, қалами хуб дорад, шоираи тавоно низ мебошад, вале магар ӯ шарафи худро аз дигарон ҳимоя карда наметавонад? Баъдан, ман низ журналистам. Журналист барои ба даст овардани матлаб агар аз дар зананд, аз бом медарояд ва паси чунин суханҳо намегардад (Оқилон пайи нукта нараванд).

Инчунин, журналистони мо Хоналӣ Қурбонзодаро дар назари мардум чун як шахси дурушту дағали бадмуомила ҷилвагар сохтанд. Дар асл, ҳеҷ кас бе айб нест. Мову Шумо низ. Қурбонзода ҳам дар ин миён истисно нест. Тавре ки шоир гуфта:

“Накӯбин бош, агар ақлат ба ҷо аст,
Ки гар беайб меҷӯӣ, Худо аст!”


Агар муомилаи дурушти Қурбонзода шогирди мо Шабафрӯзро озурдахотир карда бошад, ман ҳамчун устод ба ҷойи Қурбонзода аз ӯ узр мепурсам. Чандин солҳо лозим мешавад, то ки як мутахассиси воқеӣ, як роҳбари кордон ва донишманд ба воя расад, вале барои шикастан ва дилмонда намудани ӯ лаҳзаяке басанда аст. Охир,

“Санге ба сад сол шавад лаълпорае,
Зинҳор ба як нафасаш нашканӣ ба чанг.”


Бинобар ин, журналистони муҳтарам, пеш аз навиштани ин матлаб як бор даст ба пешонӣ бурда, андеша кардан лозим буд, ки киро ва чаро мо сиёҳ мекунем? Оё косаи заррин агар шиканад, қиматаш кам мешавад? Ман оид ба ҷавонмардӣ, камбағалнавозӣ, ятимпарварии Қурбонзода метавонам садҳо саҳифаҳоро сиёҳ кунам. Он журналистон низ дар ин бора медонанд, вале худро нодида мегиранд. Боқӣ ҳакам Худост.

Ҳасани Муродиён,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор,
Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон,
узви Иттиҳодияи журналистон”

Мӯҳр
Самаки Айёр
Аслан ин кор чи тавре,ки олими филолгия мегуяд"як пула савдо" нест.Чун чомеъа пешрафта нест,хар як журналистеро мекубанд ва тахкир мекунанд барои бархе аз болонишон,ки завку андеша ва чахонбинии баланд надоранд якупула савдо хохад шуд.Холо он,ки дар чомеъахои муттамаддини имруза ва хатто замони социализми муттараки низ чунин набуд.Сардори раёсати маорифро матлабхояшро хондаам,вокеъан чавонмарду зиёист,лекин дар ин асос тахкири журналист дар чомеъаи демократи ва дуняви низ амали хуб нест,хосатан,ки Шабафруз низ шоираи сохибистеъдод аст ва имруз журналистикаи точик,журналистикаи аз хама кафомонда дар сатхи собик шурави,ки бар асари камбагали ин холат руй додааст ба дастгири на тахкир ниёз дорад.Аз ин амалхо метавонанд,ки раисону мансабдорони зиёде,ки вокуеъан онхо миллати моро ба Чамшуд(чукчаи руси) табдил додаанд пайваста истифода кунанд.Мана дар инчост хавфи чамъиятии чунин тунди ва дурушти.

Мунакидиён
Ними Республик имзояшро барои дифои Шабафруз дарег надоштааст.
Устоди Аълочи, пушти МАХДсарои майл кардааст, баъзами ин АРГУМЕНТИ чудоям зур - писараш ЗОКИРЧОНРО курбони МАХДУ САНО кардааст.

Хочи
Ростгуяк,
Писарат аз ту боаклтар будааст,устод! Одам то ин дарача хушомадгуй намешавад. Чи вай шоира духтари очаи мудир буд. ки уро тахкир мекунад?

"Банда ҳайронам, ки шогирди мо ҷабрдида Шабафрӯз чаро худаш ба даҳон об гирифта хомӯш асту дигарон дар атрофи номи ӯ гап мезананд?",-навиштаед устод. Аммо банда низ ҳайронам, ки чаро сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода ба даҳон об гирифта хомӯш асту Шумо дар атрофи номи ӯ гап мезанед? Журналистон аз ҳамкасбашон дифоъ мекунанд, ки Шуморо набояд ба щайрат меовард. Хоналӣ Қурбонзода аз қонун сарфи назар кард, бояд ҷавобашро диҳад.

ХОКСОР
МАН БА ШУМО ЯК ЧИЗ ГУФТАНИЯМ УСТОД ШУМО БОЯД ХУКУКИ ЗАН МОДАРРО ХИМОТ КУНЕД ШУМО АЗ ЗАН МОДАР БА ДУНЁ ОМАДА БА ВОЯ РАСИДАЕД ДАР ИН БАХС ХУКУКИ ШАХС ПОЙМОЛ ШУДААСТ КОНУН БОЯД ИН ЗАНРО ХИМОЯТ КУНАД ШУМО АГАР УСТОД МЕБУДЕД ПЕШ АЗ ХАМА АЗ АХВОЛИ ШОГИРДАТОН БОХАБАР МЕШУДЕД НАИНКИ ТАРАФИ МУДИРИ МАОРИФРО МЕГИРИФТЕД ДУЮМ ИН КИ МЕХОХЕД БО РОХИ ТУРАЧОНЗОДАХО МУДИРИ МАОРИФРО МИСЛИ ШИР САФЕД КУНЕД ЯК ЧИЗРО ФАРОМУШ НАКУНЕД ХАР НАФАР БАРОИ АМАЛХОИ КАРДААШ ХУДАШ ЧАВОБ МЕГУЯД БАХСИ ТУРАЧОНЗОДАХО ДАР ИН БАХС ЯГОН МУНОСИБАТ НАДОРАД БАРОИ ИН МАСЪАЛАРО ХАЛ КАРДАН БОЯД СОХИБОНИ ВИЛОЯТ ЯГОН ЧОРА МЕДИДАНД ТОКИ ТУРАЧОНЗОДАХОРО ИЧОЗАТ НАМЕДОДАНД КОНУНРО ВАЙРОН КУНАНД ХОКИМОНИ ВИЛОЯТ БАРОИ ЧИ ЧОРА НАДИДАНД ОХИР ДАВЛАТДОР АВАЛ БОЯД ЧОРАИ ИНХЕЛ ШАХСОНРО МЕДИД БА ОН ШАВРТЕ КИ АГАР ГУНАХГОР МЕБУДАНД ЛЕКИН МАН БОВАРИ ДОРАМ ИН ЯК БАХОНА АСТ КИ МЕХОХЕД БО ИН УСУЛ МУДИРИ МАОРИФРО ХИМОЯТ КУНЕД.

шахрванд аз Душанбе
Устод Муродиён, фарзанд ва шогирдонатон аз Шумо дида боаклтар будаанд. Симои асосии инсон баъд сохибмансаб ё сармоядор шудан аён мегардад.

точикписар
Мухтарам Хасани Муродиен. Шумо навиштаед: "Инчунин, журналистони мо Хоналӣ Қурбонзодаро дар назари мардум чун як шахси дурушту дағали бадмуомила ҷилвагар сохтанд. Дар асл, ҳеҷ кас бе айб нест. Мову Шумо низ. Қурбонзода ҳам дар ин миён истисно нест".
Вале, устоди азиз, вазифаи давлатие ки Курбонзода дорад, аз чумла аз у такозо мекунад, ки эхтироми дигаронро донад. Дар мо бощад, агар сохиби мансаб шаванд, шумон мекунанд ки сутуни осмон шудаанд. Писаратон дуруст кардааст, ки имзо мондаст. Таффакури шумо агар дар "периоди застой" монда бошад, чавонон фикри пешравиро доранд, ва ахсан ба журналистоне, ки хамкасби худро дастгири мекунанд

Солех
Акаи Ҳасани Муродиён, Ман хамчун як омузгор суханронии ин Хоналиро шунидаам-гумон мекуни ки ягон "боевик" сухан кардаистодааст.
Ва шумо эрод гирифтаед, ки онхое имзо гузоштаанд ёрони Хонали будаанд-О хамин ёрон ин шахсро ором накунанд ,ки ин мудири давраи куханро ором менамоянд Муродиён натарсед ба фарзандатон ягон кор карда наметавонад- натарседдддд.

МУХОЧИР
БА МАНФИАТИ ДИГАР КАСОН НАРАС. АЗ ТАРС ДИГАР ЧИ КОР КАРДАНОТОНРО НАМЕДОНЕД, ХА ГАПХО МЕНАВИСЕН. ЖУРНАЛИСТИ БЕЧОРАРО АЗ ДАР РОНДЕДУ БОЗ УЗРПУРСИ МЕКУНЕД. АЗ КУРСИАТОН МЕТАРСЕД. ШУМО БАР ЗИДИ НАВИШТАХОИ КУРОН РАФТОР КАРДА ИСТОДАЕД.БА ЛИБОСПУШИИ ДИГАРОН ЧИ КОР ДОРЕД, ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИ АСТ, ХАЧИ ХОХАД КАРДАН МЕГИРАД.

Шогирди Муродиён
Устод Хасани Муродиён баъди Хонали Курбонзода сардори Идори маорифи вилоят таъин шуда буданд ва аз Хонали дида дар вокеъ сад бор дар ин вазифа арзандатар буданд. Афсус, ки бемориву фишорро дар ин самт тоб наоварда аз ин мансаб ба хотири саломати даст кашиданд. Хуб медонем, ки бо Хонали чи гуна муносибатхо доранд. Наход устод Муродиён хулку атвори Хоналиро надонанд??? Чаро то ин муддат як бор ин дусти худро насихат накарданд???? Беайб хамаи мо хастем, дуруст, аммо ба хотири нодори шаъни одамро паст задан хич чои зарурат надошт ва ба касе, бахусус шахси мансабдор ва боз сохаи омузишу парвариш, инро касе ичозат намедихад ва аз ин пуштибонии шумо аз конуншикании мансабдор сахт дар таачубам, агарчи Курбонзода дусти шумо аст!!! Аммо дар мукоисаи рафтори Сардори Идораи Маорифи Вилояти Хатлон, Номзади Илм, Собик Вакил ва Собик Узви Кумиссияи Парлумон оид ба Одоб (хамаашро махсус бо харфи калон навишщтам) бо изхороти Турачонзода дар бораи Навруз, ки гуфта буд, ки агар аз ин ид хамчун як иди мазхаби чашн бигирем, харом аст ва агар аз ин ид хамчун як иди милли чашн бигирем раво аст, мантикро намебинам.
Бале, устод, мо шогирдони каламкаши шумоем, аммо имруз аз мавкеи Шумо, ки танхо ба хотири чурагиатон ин матлабро навиштаед, хич вакту хич гох пушбтибони намекунем. Ман зери ин мактуб имзо накардаам, аммо як ба номи имзокунандагон назар андозед. Шумо низ бо ин мактубатон тамоми журналистикаи вилоятро ба хангомасози муттахам кардед. Сар карда аз сардори идораи телевизион, мухаррирони тамоми расонахои давлати, хабарнигорони расонахои мустакил зери он имзо гузошгтаанд ва хам фарзанди Шумо, ки намояндаи рузномаи расмии Хукумати Точикистон аст. Пас, мо, хама рузноманигорони хатлони, то имруз танхо хангома месохтаем???!!. То имруз хамкасбони мо чандин ин гуна пастзанихову нописандии Курбонзодаро тахаммул кардаанд ва чун коса пур шуд, мерезад, устод!!! Чаро вакти кори шумо дар ин мансаб касе шикояте надошт, чаро вакте Чурабой Собиров дар ин мансаб буд, касеро паст намезад??? Чаро Шумову Собиров ними мактаби 12- и шахри Кургонтеппаро аз худ накардед??? Чаро то имруз хама аз фаросату накуиву муносиботи одиву хоксоронаи Шумову Собиров мегуянд???. Мефахмам, аз шогирди худатон ва аз хама мухим аз фарзандатон ин гуна рафторро интизор надоштед, аммо ин натичаи тарбияи худи шумо аст, ки ростро рост, сафедро сафед нишон доданро ба мо омухтед ва аз мо такозо мекардед. Боки Худо Шуморо нигохбон бошаду саломатиатонро хохонем.

Абдулло
Мухтарам Ҳасани Муродиён ба гуфти шумо агар Хоналӣ Қурбонзода онкадар одами халиму бо фахму бо фаросату хайрхох бошад пас чаро хоксори накарда худаш аз Солихова бахшиш напурсид???!!! Ё ин, ки хурури "ФАРХАНГ" дориаш нагузошт, ки аз як хабарнигори оди маъзарат пурсад?! ва чаро шумо Муродиён аз чойи дигар кас бахшиш мепурсед? хоб аз ин маълум мешавад, ки ба шумо фишор овардаанд, ё ин ки худатон аз тарси он, ки аз вазифаатон намонед аз чойи вай узурхохи намудед!!! Хохиш мекунам кам лаганбардори кунед!!! Харкас гунох кард назди Худо худаш чавоб мегуяд на Ҳасани Муродиён ва на дигарон.... Дигар ин, ки устод Муродиён он дастгирихое, ки шумо гуфтед Қурбонзода ба ятимону барчомондагон мекунад агар надонед дар ёдатон гиред, ки ба чуз худнамои дигар чизе нест ва дигар ин, ки он хайрхохие, ки он кас кардааст ба маблиги бечора муалимон аст, ки дар номи мудирону расону вазирон гузаронида мешавад!!! Инро на ман балки тамоми мардуми Точикистон медонанд!!! ман дар як матлабам гуфта будамку Аагр "Иттиходияи Журналистони" Точикистон аз ингуна вокунишхо метарсанд капам хато набаромадааст ва Шумо хам аз ин узвед!!! Бори дигар Ахсан ба хабаригорони Хатлонзамин аз чумлмла ба фарзанди шумо, ки аз падараш дида часуртар будааст ва мухточи вазифа нест!!!.... Озодагон хохиш чопашкунед.

Шумо тахкирро "як пула савдо" мешуморед. Хайф ба фахмишатон. На, на, На.... Фахмишатон хамин бошад узр. Ин навиштагии шумо закасной ку.

Ашрав
Як матал дорем ки дар шеър омадааст:
Душмани доно, ки пайи ҷон бувад.... Беҳтар аз он дуст, ки нодон бувад.
Дусти нодон гумон мекунад, ки ба "Шефи маорив" фоида мерасонад, вале дидед, ки ягон нафар ин мансабдорро тарафдорӣ накард, ҳама зиддаш навистанд, бо да болои ин "доктор"-ои ҳозирара ягон нафар бовар надоштанд инаш ҳам маълум шуд. Хапит соз набд? Ана аку биё бги. Ҳамихели одамо хдшува дуно меган неки ҳай сода бдан. Ё барои фойдаи хдш дига ҳама қонунора вайрон кадестан.

Дангара
Ман Хоналиро мешиносам ва шумо устоди гироми Муродиён уро мешинеосед ва медонед, ки чи гуна инсоне хаст. Барои чи худатонро дар ин бахс задед ва чи манфиате доред шумо?
Манки медонам шумо то чое бо хам ракобат доред ва дустони хубе нестед?
Шумо як мудат дар вазифаи у кор кардед ва боз Хонали дар он вазифа аст.

журналист
Шумо устод хасани муродиён чашмотона колон кушоеду дунёро нигохкунед ин Х Курбонзода аз хад гузарондагияи ваи дар хама мачлисхои хукумати вилоят худашро аз хама боло метарошад ман ваиро нагз мешиносам дар мачлисхо иштирок мекунам мебинамки ваи чигуна рафтор дорад ваи кияи худаш сардори раёсати маорифи вилоят монданша барои таъна задани мардум холо он ки гунохе ки маорифчиёни вилоят доранд ягон кас надорад маорифро ба бозор табдил доданд. хакиката гапзан дар назди худо чавоб мегуи ба ин дуруггуиёт ваи журналист чи гунохдошт ки таъна мезанад ба оиликаш зиндаги мекунад хамин кадар зураш мерасад шумо одамизода аз руи сару либосаш бахо медихед аз руи саводаш не. Бародарон дар охир гуфтаниям ки хечгох одама аз руи сару либосаш бахо надихед аз руи одобу ахлокаш бахо дихед ин курбонзода барои ин халку милат чи кадаст ки таърифаш мекунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)