Бахшҳо
16 июн 2014 08:48Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сӯиқасд ба ҷони Орзу Исоев: Кори дасти Q-Net (“Кю Нет”)?

Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, гӯиё намояндагони ширкати Кю-Нет ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд. Ин ровӣ дар муроҷиати расмияш аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи таҳдидгарон чораандешӣ кунанд.

Исоев дар шарҳи қазия гуфт, “намояндагони ширкат Кю-Нет ба воситаи зангҳои телефонӣ маро таҳдид мекунанд. Мегӯянд, дар пайи сӯиқасд ба ҷони ман ҳастанд.”

Муҷрии Радиои Имрӯз афзуд, таҳдидгарон аз рақамҳои 93 823 03 93, 918 24 22 11, 93 487 66 66 ба ӯ занг мезананд ва аз онҳое, ки шояд ин рақамҳоро мешиносанду аз дасти соҳибонаш фиреб хӯрдаанд, хоҳиш намудааст, бетараф набошанд. Ин хабарнигори тоҷик ахиран дар барномааш - “Баҳси имрӯз”, ки ҳамарӯза аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз мустақиман пахш мешавад, фаъолияти ширкати “Кю-Нет”-ро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.

Масъулини “Кю Нет” дар пайи пахши барнома Орзу Исоевро дар баррасии ғаразноку яктарафаи фаъолияти ширкат муттаҳам намуданд ва ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи ин кор аз ҳаққашон дар додгоҳ ҳимоя хоҳанд кард.
Мӯҳр
э мардуми гиромикадр! ин квест-нет у кю-нету дигару дигархоро бовар накунед ин мощенникхо одамхои давлати бечорара аблах медонанд мефахманд, ки мардум аз бекори ба хама чи мачбур зудбовар набошед дар чое, ки аз Шумо пул металабанаду шартномаву боигари ваъда мекунанд инхо мошенникхо дар домашон наафтед хунатона мемаканд инхо бо крышахои калон доранд ин международная сеть мошшеников иномаркхошона бинед ин аз хисоби халки бечора наафтед ба доми инхо!озодагон чоп кунед илтимос!

ин ширкат дар кишвархое фаъолят менамояд ки мушкили сангини иктисоди доранд.ва бо ин тарик чеби мардумро холи менамоянд.

э мардуми гиромикадр! инхоро квест-нет у кю-нету дигару дигархоро бовар накунед ин мощенникхо одамхои давлати бечорара аблах медонанд мефахманд, ки мардум аз бекори ба хама чи мачбур зудбовар набошед дар чое, ки аз Шумо пул металабанаду шартномаву боигари ваъда мекунанд инхо мошенникхо дар домашон наафтед хунатона мемаканд инхо бо крышахои калон доранд ин международная сеть мошшеников иномаркхошона бинед ин аз хисоби халки бечора наафтед ба доми инхо!озодагон чоп кунед илтимос!

Салом ба бехтарин журналисти Точикистон! Ман хаминро гуфтаниам ки ягон майда дар кисаш набош давом додан бги мо сад фоиз катите лекин мебинам ки тарсончак метоби. Натарс аз чи метарси одами хак наметарса касе ки нохакай аму метарса ту чаро метарси е ки ту хам ..........Джамшед,

хушер
Саид,

Саид,
бародар содда будаи . ин ширкат албаата крышаи бокувват дорад.зури макомот ба у намерасад. у аз конце боло АСТ.

Solim
Кю нет шунидам аз шиъахо будааст пеш аз аъзо шави чанд соат насихатхои дини мекардиян

Ееее Мардум ин хамааш вохимаи холи аст!!!Ин игвоангези миёеи мардум аст!

Ассалому алейкум...
Суикасд!!!!!
Магар як занги телефони-(хулоса аз  варакаи интернетии "баранда"-Орзу Исоев)-,ки шояд дашном буд е фахмондани ки барномахои у яктарафабинона сари хар мавзуь дида мешаванд,шояд ин буд,,,аммо  худи "баранда"-инро ба "тахдид" мубадал кард,сайти интернетии "Озодагон",онро ба "Суикасд",гумонам ки фардо дар радио "тахдиди Орзуву,"Суикасди"-Озодагон"-ба ЧП умуми чумхурияви садо дода мешавад!!!Чаро ва ба чи максад,яз як пашша фил сохтан???Магар   сухани телефоние ки холо тасдик нашудааст е шояд танхо занги телефоние буд,ки дар он  сухане гуфта шуд ки на дашном буд на "тахдид",метавонад ба ин кадар "вохимаи" табдил ебад??!!??
 Магар барои як МАРДи точик,мусалмон ба ном "журналист",ки "баранда"-Орзу Исоев,худро аз хамин кавм "мешуморад" ,аз дашном додан е ба кавли худи "баранда", "тахдид" кардан дар телефон,ин кадар овозаву вохима  бояд кард????
Орзу Исоев,ки худро ин кадар "часур"-нишон медихад дар барномаи яктарафабинонаи худ е дар варакаи интернетии худ,пас чаро ин "марди майдон",аз як занги телефони ба таалука афтодааст?!!!?
Е магар ин таалукаву тарси У нишони е маьнои он нест ки мавзухои барномаи У яктарафабинонаву ва бе шунидани тарафи дигар ба гуши  шунавандахои барномааш  мерасад?!??! Е чаро У дар барномааш тарафхоро даьват намекунад?чаро У аз мавзуь бурун ба шахсияти тарафайн мегузарад(хулоса аз барномахои у ки падар модар ва вазифаи падару модар,е тичорати онхоро мисол меорад,ин мисол биерии гаразнок чи гуна метавонад ба мавзуь е бахси мавзуь фоида биерад????)...журналисти хакикатчуй бояд бе  гараз ва бе тарафгири,гушкунандаи пурра  фикру акидаи харду тарафи мавзуь е бахс  бошад, на ин ки дар вакти суханронии тарафи дигар ба куштани телефони занг зананда(хол он ки хар як занги телефони хох сухан гуи хох на 1,70-дирхар гирифта мешавад!!!!ку гами мардум???)- е ба бахонаи эьлон(реклама) маьн кунии иброзу акидаи тарафи дигар онхоро аз гуфтани сухани ва позицияи худ маьн кардан,маьнои суистифода  аз макоми журналисти доштаи худ нест???Е гаразнок????......Ин худ поймол кунии хукукхои озодона баени фикру андеша инсон нест???!!!!
Хулосаи аввал журналист(журналисти хакики)-бояд хаматарафбин ва бе гараз бошад,е ки дар хама холат,нейтралитети журналистиро бояд риоя кард!!!
Ва дуюм холоса,ин ки суистифода аз озодии ВАО,набояд бар манфияти касе ва е гарази шахси истифода бурд.....
Озодии  ВАО,ба Орзу Исоев хукуки онро надодааст ки у микрофонро,интернетро е газетаро бар манфияту гарази шахсии худ е каси дигар истифода барад....

Qnet
Александриец,
о мо ягон касро мачбур намекунем, ки омада кор кунанд дар ин ширкати Qnet. Интихоб озод аст бародарон. Касе, ки хохад кор мекунад агар не равад кори худашро кунад наин, ки танкид кунаду ва аз тахдиду нафрат тарсад. Ин орзу хамагишда аз зарардидагон сухан гирифтааст. Орзу эхтиёт кун ки вазъиятат чудо хам безеб шудааст. Интихоб озод аст, ман чандин нафаронро медонам, ки корашон хуб аст ва бизнесашон рушд ёфтааст. Дунё дигар шудаги аст - дунёи раками мегуяинд. Бояд талош кард ва бизнеси худро рушд кард! Хамин одамоне. ки дар ширкати Qnet кор мекунанд - доимо дар фикри хайру саховат ба мардуми бечора хастан - моненд кор кунанд ва ёрдам расонанд ба дигар мардуми бечора - на ин, ки гайбат кунанду бад тарсида-тарсида харф зананд ба монанди орзу

синои кулоби
[quote=шахрванд
Гуш кунед бародар хаму акаи Орзу ба фикрам вазифадор нестай ки худаш танхо рафта аз номи хар яки шумо гап занад шумо хам худатона мардак мегирен рафта дар бараш рост шавен.

Фикр мекунам давлати мо бесохим нест ки касе хохад суикасд анчом дихад.Иншооллох ин афроди нопок ба максади худ намерасан

ман журналист
хамкасб акаи Орзу зик нашавед хамаш хуб мешавад ва ба хамаи шахрвандонеки аз ширкати кю нет зарар дидаанд хохиш мекунам ки ба акаи орзу ёри диханд то хукумати мамлакат нисбати ин гуна афроде ки гаири конуни ташкилот мекшояду мардумро фиреб мекунад ба чавобгарии чинояти яъне ба хабси абади гирифтораш кунанд. Ин ширкати кю нет як ширкати гаири давлати буда кораш факат мардумро фиреб кардану ягон суми онхоро канданаст э мардум ба хархел гапу калоча бовар накунед ва сари худро дар бало назанед... Ои мардум хушёр бошед. ба акаи Орзу исоев ори дихед ............

Хахахаха ман медонистам ки рузе мешавад кю-нетчиён сархам мешаванд ооо у айфонотон ай сартон мемона бо меган кюнет ба кавле шев надоштай хахах шефи кю-нет дар Хиндустон дам грифтастай вой ба холи миллати ман вой ба хооли мардуми ман ай ис камерохо ай ис кюнет то кая мо чохканда афтидан мегирем ха эй народ!

ss
Чаро Хукумат онхоро назорат намекунад?

Ассаламу Алейкум бародарон ва хохарон, ин ширкати кю-нет як ширкати фасодкор, харомкор, дуруггу , ва харобкунандаи иктисоди мардуми мо шудаст. ин ширкатро бори аввал такрибан соллхои 2005 ё 2006 се ё чор нафари шиахои ирони ба ЧТ мо оварданд. омузишхо ва дарсхои онхо
сар то по чи гуна инсонро ба доми худ галтондан аст. Аз хама мухим ин ки фаъолияти ин ширкат ва системаи корие ки пешниход кардааст ХАРОМ аст.....................барои щахсоне ки кор мекунанд дар ин ширкат инро гуфтаниям ки барои дуруза фоидаи худ КИЁМАТИ худро насузонед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)