Бахшҳо

"Оё хизматчии давлатӣ ҳақ дорад, шаъни дигареро паст занад?"

Як гуруҳ аз хабарнигорони вилояти Хатлон бо ирсоли нома ба Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илм ва Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси вилояти Хатлон хостаанд, ба қазияи Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), рӯзноманигори “Набзи Қӯрғонтеппа” расидагӣ кунанд. Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, Хоналӣ Қурбонзода, мудири маорифи вилояти Хатлон, барои либосаш Ашӯргулро борҳо таъна зада, дар чанд ҳолат монеи фаъолияти хабарнигорияш шудааст. "Таҳқири ҳамкасбамон Ашӯргул Солеҳоваро мо – журналистон таҳқири худ мешуморем ва ин номаро ба хотири изҳори ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ӯ иншо намудаем",-гуфта шудааст дар нома.


Матни комили нома:

Ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид
Ба раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич


Мо, гурӯҳи журналистони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, нисбат ба фаъолияти пурсамари кории Шумо арзи ихлосу эҳтироми худро баён дошта, аз ҳамкорӣ ва иртиботи мустаҳкаматон бо расонаҳои хабарӣ изҳори қаноатмандӣ ва сипос мекунем.

Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ВАО ва рӯзноманигорон дар рушди ҷомеаи мардумсолорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таблиғу ташвиқи меҳанпарастӣ мақом ва саҳми назаррасе доранд. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳам матбуотро ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо арзёбӣ карда, гуфтааст, ки он бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.

Аммо гоҳо ҳолатҳое ҳам ба вуқӯъ мепайванданд, ки боиси нороҳатӣ ва эҷоди монеа дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигорон мешаванд. Дар ин робита, мехостем таваҷҷуҳи Шуморо ба қазияи ахире, ки бо ҳамкасби мо – Ашӯргул Солеҳова, ходими адабии рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа», рух додааст, ҷалб намоем.

Ашӯргул Солеҳова (тахаллуси адабиаш Шабафрӯз), ба гуфтаи худаш, ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш чанд маротиба мавриди таҳқири Хоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қарор гирифтааст.

Рӯзи 7-уми июн дар литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими «Занги камолот» барпо шуд, ки дар он иштироки раиси вилоят Д. Қ. Гулмаҳмадов дар назар буд. Қабл аз ташрифи раиси вилоят ва оғози чорабинӣ Х. Қурбонзода журналист А. Солеҳоваро дида, бо вуҷуди он ки фаҳмидааст, ки вай барои иҷрои вазифаи касбиаш омадааст, ба ӯ таҳқиромез гуфтааст: «Барои аксбардорӣ омадӣ? Аксат ба касе лозим нест! Рав, дар қатори талабаҳо ист!». Бо ин ҳол, ба Ашӯргул иҷоза надодааст, ки аз ҷараёни ин чорабинӣ матлаб омода кунад.

Қобили зикр аст, ки чунин рафтори сардори Раёсати маорифи вилоят хилофи нишондодҳои қонун мебошад. Зеро тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист…» қатъиян манъ буда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Гузашта аз ин, шаъну шараф ва эътибори шахсро Кодекси граждании Тоҷикистон низ ҳифз мекунад.

Қабл аз ин ҳам сардори Раёсати маориф журналист А. Солеҳоваро дар долони бинои раёсат вохӯрда, чунин бархӯрди номуносиб кардааст:

- Ту кӣ ҳастӣ?! Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!
- Ман журналистам, - гӯён ҷавоб додааст А. Солеҳова.
- Ҳмм, аз ҳамин сару либосат маълум, ки журналистӣ, - бо тамасхур гуфтааст Х. Қурбонзода.

Ашӯргул Солеҳоваи 34-сола журналист ва шоири ҷавону умедбахши хатлонист, ки солҳо боз бо ҳамсару се фарзандаш дар шароити нохуби иҷтимоӣ, дар хонаи иҷора умр ба сар мебарад. Вай зани ботамкин, хушодоб ва соҳибқалам буда, ҳамеша сарулибоси хоксоронаи тоҷикӣ ба бар мекунад. Ҳақмузди моҳонаи ночизе (358 сомонӣ) дорад ва шояд ба худаш иҷоза дода наметавонад, ки пираҳани гаронбаҳою шинам бихарад. Тӯли 12 соли фаъолияти рӯзноманигориаш ҳамеша худро ҳамчун нафари муаддабу боқаноат муаррифӣ кардаю хизмати халқу Ватанро поквиҷдонона анҷом додааст.
Шабафрӯз соҳиби се маҷмӯаи шеърӣ, аз ҷумла «Гули бодом», «Қисмати миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» буда, барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар бахши адабиёт (2013) мебошад.

Баъзе аз рӯзноманигорони хатлонӣ ҳам аз бархӯрди гоҳе номуносибу бадгӯии сардори Раёсати маорифи вилоят, номзади илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода гиламанду нороҳатанд. Дар чанд маврид Х. Қурбонзода ҳисси бадбиниаш ба рӯзноманигоронро ошкор менамуд, аммо азбаски аз касе мушаххасан ном намегирифт, таҳаммулпазириро пеша мекардем. Он рӯзноманигороне, ки дар нишастҳои матбуотии раёсат ва баъзе чорабиниҳои марбут ба соҳаи маориф ширкат кардаанд, мисолҳое равшане доранд, ки ин хизматчии давлатӣ на ҳамеша худро идора карда метавонад ва дар муносибат бо кормандони ВАО гоҳе дурушт асту ҳамлаҳои лафзии холӣ аз мантиқ мекунад.

Мо ҳама гуна мавридҳои таҳқир, сӯйистифода аз мақоми хизматӣ, монеагузорӣ дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигор ва ба шахсияти ӯ расиданро маҳкум намуда, ба ин андеша ҳастем, ки чунин бархӯрди номуносиби шахси мансабдор хилофи этикаи сиёсӣ мебошад.

Суол ин аст, ки оё хизматчии давлатӣ будан ба касе ҳақ медиҳад, ки шаъну эътибори дигареро паст занад? Магар чунин рафтор ба номзади илм ва муаллифи чанд китоб, нафаре, ки дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва бахусус узви комиссияи одоби парлумони Тоҷикистон буд, обрӯ меафзояд?

Таҳқири ҳамкасбамон Ашӯргул Солеҳоваро мо – журналистон таҳқири худ мешуморем ва ин номаро ба хотири изҳори ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ӯ иншо намудаем.

Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки қазияи рухдода аз ҷониби Шумо, ҳамчун мақомоти болоӣ, мавриди арзёбии холисона ва чораандешии қатъӣ қарор хоҳад гирифт.

Бо эҳтиром,
Усмон Тӯйчиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа», узви ИНТ
Ҳамро Салимов, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон
Мирзо Сулаймонов, собиқадори матбуоти тоҷик
Абдувалӣ Абдувоҳидов, сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо»
Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»
Мурод Сотиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Новый Хатлон»
Дилором Маҳкамова, н.и.ф., мудири кафедраи рӯзноманигории
ДДҚ ба номи Носири Хусрав
Юсуф Мираков, муовини сардори Раёсати телевизион
ва радиои вилояти Хатлон
Умар Камолов, директори ТВ «Қӯрғонтеппа»
Давлат Султонов, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»
Саттор Қарахонов, собиқадори матбуот, узви ИЖТ
Носирҷон Маъмурзода, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон
Зокир Ҳасан, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири телевизиони вилоят
Ҳангомаи Исмат, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Латофат Чориева, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Шералӣ Саид, мудири шуъба дар телевизиони вилояти Хатлон
Сайраҳмон Назриев, хабарнигори ОИ «Азия-плюс»
Махфират Шоимова, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Мирзомуддин Икромов, муҳаррири рӯзномаи «Вахш»
Исматулло Ҳасанов, муҳаррири рӯзномаи «Баҳористон»
Адолат Сайфуллоева, муҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод»
Орзуи Карим, хабарнигори радиои «Бибиси»
Азизи Фаттоҳ, муҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз»
Маҳмадшариф Абдулҳаев, журналисти ТВ «Хатлон»
Рустами Сафар, муҳаррири рӯзномаи «Бешкент»
Умедҷон Почоев, муҳаррири рӯзномаи «Навиди Балх»
Фарҳод Маҳмудов, муҳаррири рӯзномаи «Бохтар»
Умед Мирзоев, тарроҳи нашрияи «Хатлон»
Далер Шарифов, мухбири радиои «Садои Душанбе» дар вилояти Хатлон
Холмурод Ниёзӣ, мудири шуъба дар ТВ «Хатлон»
Саидҷаъфар Сафаров, ҳуқуқшиноси Раёсати телевизион ва радиои вилоят
Наргис Қосимова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Сурайё Мерганова, хабарнигори телевизиони вилояти Хатлон
Наргис Бозорова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Рокия Абдуллоева, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Сангинмурод Шарифов, устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, мухбири радиои вилояти Хатлон
Мӯҳр
Шабафруз
Сипос, дустони арчманд барои дастгирию хамфикри.

Худочонам бароям як истеъдод ато кардаст,
Аз он шодам, сухандонам Худо кардаст.
Надорам хонаю манзил, надорам зевари дунё,
Хамон хастам, хамон бошам, хамон тавре Худо кардаст.

Дар посух ба ин навишта: "Барои курта нахаридамаш маколаи танкиди навист". Бародари азиз, ман мухточи куртаи хеч кас нестам.
Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе хавас накардам...

Сипос, дустони арчманд барои дастгирию хамфикри.

Худочонам бароям истеъдод ато кардаст,
Аз он шодам, сухандонам Худо кардаст.
Надорам хонаю манзил, надорам зевари дунё,
Хамон хастам, хамон бошам, хамон тавре Худо кардаст.

Дар посух ба ин коммент: "Барои курта нахаридамаш маколаи танкиди навист". Бародари азиз, ман мухточи куртаи шумо нестам.

Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе хавас накардам.

Сипос, дустони арчманд барои дастгирию хамфикри.

Худочонам бароям истеъдод ато кардаст,
Аз он шодам, сухандонам Худо кардаст.
Надорам хонаю манзил, надорам зевари дунё,
Хамон хастам, хамон бошам, хамон тавре Худо кардаст.

Дар посух ба ин коммент: "Барои курта нахаридамаш маколаи танкиди навист". Бародари азиз, ман мухточи куртаи шумо нестам.

Ман нома ба номи кас накардам,
Инъоми касе хавас накардам.

мехрафруз
салом, андешахои поён маро бетараф гузошта натавонист наход шахсе, ки доимо аз маърифату одоб ва муошиирати хоксори сухан мегуяд номзади илм асту ва маколахои зиёд барои пешрафти маориф навиштааст имруз мавриди сухани баъзе нафароне, ки худ калимаро ба калима пайваст карда наметавонанд карор бигирад. чунин сиёсатмадоронро мехохем миёншикан кунем бо ки мо ва чи гуна давлати худро пеш мебарем!

Мурољиати як гурўњ журналистони хатлониро ба раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар сомонаи «Озодагон» оид ба рафтори «ношоями» сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналї Ќурбонзода хонда, хеле мутаассир шудам. Дар атрофи масъалаи «як пула савдо» арзишдошта сад пула ѓавѓо бардоштани журналистони хатлониро бори аввал мебинам, зеро ќаблан садњо масъалањои бањсноке буд, ки эшон хомўш буданд. Њољї Акбар Тўраљонзода Наврўзро њаром њукм кард, аммо ягон журналисти вилоят профессорони ДДЌ ба номи Носири Хусравро дастгирї накарданд, вале имрўз аз Ќурбонзода душмани халќ метарошанд. Ман наѓз медонам, ки ќаблан ин журналистон худро дар либоси дўст љилва медоданд, вале имрўз алайњи Ќурбонзода табли љанг мезананд:

Дўст хуни љигарам мекунад, эй, вой, агар,
Вараќи мењр бигардонаду душман гардад.
(Толиби Омулї)

Ман аз Ашўргул Солењова (Шабафрўз) сар карда, њамаи имзокунандагонро мешиносам ва яке аз онњо фарзанди калонии ман аст (Зокир Њасан). Банда њайронам, ки шогирди мо љабрдида Шабафрўз чаро худаш ба дањон об гирифта хомўш асту дигарон дар атрофи номи ў гап мезананд? Охир, ман хуб медонам, ки Солењова А. журналисти боистеъдод аст, ќалами хуб дорад, шоираи тавоно низ мебошад, вале магар ў шарафи худро аз дигарон њимоя карда наметавонад? Баъдан, ман низ журналистам. Журналист барои ба даст овардани матлаб агар аз дар занандаш аз бом медарояд ва паси чунин суханњо намегардад (Оќилон пайи нукта нараванд).
Њамчунин журналистони мо Хоналї Ќурбонзодаро дар назари мардум чун як шахси дурушту даѓали бадмуомила љилвагар сохтанд. Дар асл њељ кас бе айб нест. Мову Шумо низ. Ќурбонзода њам дар ин миён истисно нест. Тавре ки шоир гуфта:

Накўбин бош, агар аќлат ба љо аст,
Ки гар беайб мељўї, Худо аст!

Агар муомилаи дурушти Ќурбонзода шогирди мо Шабафрўзро озурдахотир карда бошад, ман њамчун устод ба љойи Ќурбонзода аз ў узр мепурсам. Чандин солњо лозим мешавад, то ки як мутахассиси воќеї, як роњбари кордон ва донишманд ба воя расад, вале барои шикастан ва дилмонда намудани ў лањзаяке басанда аст. Охир,

Санге ба сад сол шавад лаълпорае,
Зинњор ба як нафасаш нашканї ба чанг.
Бинобар ин, журналистони муњтарам, пеш аз навиштани ин матлаб як бор даст ба пешонї бурда, андеша кардан лозим буд, ки киро ва чаро мо сиёњ мекунем? Оё косаи заррин агар шиканад, ќиматаш кам мешавад? Ман оид ба љавонмардї, камбаѓалнавозї, ятимпарварии Ќурбонзода метавонам садњо сањифањоро сиёњ кунам. Он журналистон низ дар ин бора медонанд, вале худро нодида мегиранд. Боќї њакам Худост.
Њасани Муродиён, доктори илмњои филологї,
профессор, Аълочии маориф, матбуот ва
фарњанги Љумњурии Тољикистон, узви
иттињоди журналистони Тољикистон.

Хучанд
Хасани Муродиён, хостед боз вазифаатон баланд шаваду даррав барои дастгирии мудири маориф маколача эчод кардед? Мансабталошон зиёданд.
Мепурсед, ки чаро худи Шабафруз хеч чи нанавиштааст? Кучо нигох доред? Ин мактубро хамкоронаш хамчун дастгири навиштаанд ва худи Шабафруз дар комменти боло фикри худро баён кардааст.
Раиси Вилояти Сугд барои журналитсон замин чудо карда хона такдим карданд. Кани акнун ин амал нек аз тарафи Раиси вилояти Хатлон хам анчом дода шаваду дар аввал ба Шабафруз, ки чанд сол боз дар ичора мезистааст, хона такдим карда шавад. Ё журналистони хакикатгуйро хеч кас дастгири намекунад?
Офарин журналистон! Офарин Шабафруз!

Шарифчони Фатхудин
Дуруги махс аст, ки журналист бо 350с маош каноат карда кор кунад!Бояд кайд кард,ки роххои дигари даромадашон хам хаст,ки чанд баробари ин маошро дар як мох меёбанд! Масалан:Барои нишон надодани наворхои танкиди аз баъзе корхонаву идорахо ришва ситонида гунохи онхоро мепушонанд.Аз ин бармеояд,ки Хонали Курбонзода "чойпули"-и Ашургулро надодааст ва зери танкиди хамкасбони у карор гирифтааст!!!!!!!

Дилмонда
Набояд инкадар нисбати зан модар бетараф буд на хама порахур хасту нахама бемасъул гап инчо сари он меравад ки модари точик инкадар зери по шудасту хатто мансабдоронхам ба иззати нафсашон дастдарози мекунанд шумо бошед Шарифчони фатхудин хатто инро хам хис накардед хатто андеша накардед ки модари точик имруз чаро инкадар бекадр шудааст танхо фикри порагирию порахуриро кардед.

Сухани бегараз аз бандаи мухлис бишнав,
Эй ки манзури бузургони хакикатбини.
Хонандаи азиз, нафаре, ки ба макоми баланд-рохбари омузгорони вилоят пайи хам 2 маротиб омадааст, аз бовари рохбарият ва кордонии уст. Бонуи азизу "Сохибкитоб" гаразат агар аз ягон хисоби дигар бошад, чаро сару калобаи мардуми зиёиро гич карда, ихтилоф меандози. Аз Худо шармат ояд.

Дар ҳақиқат матолиби нашркардаро мутолиа кардаму то ин андоза ба муболиға роҳ доданашро аз xониби аҳли зиёву соҳибэҳтироми вилоят чашмдошт набудам. То xое ба фаъолияту кори ин марди дарвоқеъ сарсупурдаи тарбияи маънавии насли наврас шиносоb дорам, боварам намеояд. Наход, дидаву дониста, намедонам мақсад чист?, ба тақдири инсоне, ки ҳастияшро сарфи манфиати миллb равон мекунад чунин муносибату нигоҳ дошта бошем. Инсоф диҳед, аҳли қаламу зиёии баркамолу соҳибманзалати вилояти Хатлон!
Бароям мояи шарафу ифтихори басо бузург аст, ки хомаи ихлосу сипос ва меҳру садоқат барои нафаре рӯйи авроқи оҳарӣ аз самимият ранг мечаконам, ки дар тақдири тарбияи маънавии насли дар саргаҳи эъмори давлати навин қарордошта рӯйи кор асту манфиатбахшу роҳнамо ва роҳкушои насли ояндасози миллати худ гардидааст. Инсоне, ки хислатҳои волою ҳамидаи ба худ хосеро доро, худшиносу худогоҳ, соҳибилму донишвар, миллатдӯсту ватанпарвар, дилогоҳу дардошно, соҳибманзалату маърифатандӯз, серкору пурмаҳсул, муаллими некрою ботадбир, ҳамсӯҳбати шафиқу дидадаро ва дар маҷмӯъ фардест комил, инсонест наҷиб, дӯстест ҷонӣ, устодест хирадманд. Дар кору зиндагӣ аз худ ситора наметарошад, аз ин рӯ медурахшад, дар бораи худ кам гап мезанад, аз ин рӯ шарафманд аст, худро муаррифӣ намекунад, аз ин рӯ маъруф аст, худро аз дигарон боло намегузорад, аз ин рӯ бологузар аст. Ба ин маънӣ метавон васфи инсоне, ки ҳастияшро барои миллат ва ояндаи рахшони фарзандони он бахшидааст, беохир гӯему …
Бовар дорам, ки ҳар нафаре ин шахсиятро медонаду боре дар суҳбаташ нишастааст, дар фаҳми худ мўйро аз хамир xудо намуда, ба виxдони инсонҳои некдилу ғараздошта холисона баҳои худро медиҳад. Дониста бошем:
Ҳар киро бинb ба роҳи носавоб,
Сар ба роҳаш ор, то ёбb савоб.

Эй ки хамрайъи, ба лофи бехуда бовар кардаи, аз ман бишнав, Курбонзода на чунин аст, ки ту мегуи:
Сухани бегараз аз бандаи мухлис бишнав,
Эй ки манзури бузургони хакикатбини.
Ё дар чойи дигар:
Дигар онро, ки бошад фахш гуфтор,
Наёбад назди мардум кадру микдор.

манижа
эй журналистони вохимачи аз пашша фил сохтаед! агар Худо акаи Хоналиро нагз намедид сардори раёсати маорифи вилоят намешуд ва агар шуморо нагз медид хабарнигор (хабаркаш) намешудед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)