Бахшҳо

Давлат Сафар: “Мансаб надорам. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”

Давлат Сафар, собиқ раҳбари “Тоҷиккино”, сарусадо дар бораи таъин шуданаш ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ӯ ҳеч вақт ба мансаб ниёз надошту надорад. Оқои Сафар рӯзи 10 июн дар сӯҳбат бо “Озодагон” сарусадоҳои ахирро ҳангомае беш надонист.

“Ин гапҳо дурӯғ аст. Ҳоло дар хона нишаста, шеър эҷод мекунам. Аз соли 1997 то кунун достони “Зафарнома” менависам”,-афзуд ӯ.

Давлат Сафар дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ягон вазифа надорад ва танҳо садоқат ба Ватану модар барояш беҳтарин муқаддасот мебошад. “Бо ҳафтаномаҳо ҳамкорӣ дорам. Бекор нестам. Барои шоир вазифа даркор нест. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”,-таъкид дошт ӯ.

Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Оқои Сафар ба ин вазифа ду соли пеш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон омада буд, ки дар он ҷо ба ҳайси муовини аввали директор кор мекард.

Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.
Мӯҳр
Озод
шоирча, Бале бисёр хатарноканд. Хатмкунандагони литсейи точики-турки аз хад дониши зиёд доранд. Агар сохиби мансаб шаванд ту барин бесаводхо бо пул вазифаро харида наметавонед. Барои хамин хатарноканд.

Озодагон чаро шархи моро чоп намекунед ?

Яъкуб. Душанбешахр.
Давлат Сафар вакте барномаи Додрас мебурд як хафта ш.Душанбе бегаз монд чунон танкид кард Рохбари Точикгаз М.Искандаровро хама мегуфт бо чуръат журналист хаст.Кани чуръаташро хозир нишон дихад ку дахсолахо шуд мардуми Душанбешахр бегаз хаст.Ман гумон мекунам онвакт ба у супориш шуда буд то М.Искандаровро сиёх кунаду аз вазифа уро гиранду ьа Давлат ягон вазифача диханд.Кам хам ,ки буд дар давраи хамон Искандаров мврдуми Душанбе газро медид.Чанд соли дигар газро факат ба ТалКо ва ТочикСемент дода мешуду халос касе чуръат намекард,ки гуяд чаро факат барои ду заводу барои ахоли не....

хонанда
То дируз дар сари вазифа буди, чанд китобаки фачатро чоп карди, пас шоир набудай, ки имруз боз даъвои шоири мекуни. Агар таърихи адабиётро хонда боши хама Зафарномахоро муллифонашон бо супориш менавиштанд. Ин Зафарномай ту низ суфориши аст?

Айб хам ба эбаш. Чоплусй хам ба эбаш. Такаббурй хам ба эбаш. И наконетц, дуруг хам ба эбаш. Дар китоби "Санъати сухан"-и Туракул Зехнй санъати Игрок аст. Имрузхо Санъати Игрок псевдоним-тахаллуси Давлати Сафар ва пири маъонияш Мухаммади Гойиб гардидааст. Шоирони дарборй, аз кабили Фаррухию Манучехрй. Аз вазифа, ки гирифтаншон чун кудаки маъюб меноланд. Дар эчодашон Чаноби Олиро "Худои ломакон" тарошиданд. Хайфи каламу когаз.

Бале Д.Сафар Яке аз Шоирони Чандин Китоб нависта Ба хисоб меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)