Бахшҳо
10 июн 2014 13:13Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гуруҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб, баъд аз вохӯриаш бо ҷавонони ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”



Сардабири нашрияи расмии ҲНИТ меафзояд, афроди ҳамлагар ҳатто сӯи онҳо сангпартоӣ низ кардаанд, ки ба касе нарасидааст. Рӯзи 10 июн дар пайи баста шудани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар ҳавлии раҳбари бахши ҲНИТ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, қарор буд, ин мулоқот дар дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор гардад.

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб“Баъд аз он ки дари қароргоҳро муҳр заданд, мулоқот дар ҳавлии Муҳаммадшариф Набиев, роҳбари бахши ҳизбамон дар Кӯлоб, баргузор гардид”,-афзуд ӯ. Файзраҳмонов илова кард, Муҳиддин Кабирӣ тасмим дорад, рӯзҳои наздик бо ҷавонони Хуҷанд низ мулоқоте анҷом бидиҳад: “Дар Душанбе ҳар моҳе як бор мулоқоти раиси ҲНИТ бо ҷавонон баргузор мегардид. Дар ин мулоқот пешниҳод шуд, ки чунин чорабинӣ дар минтақаҳои кишвар низ доир гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ дар минтақаҳои кишвар бо ҳузури ҷавонон баргузор мегардад”.

Субҳи 10 июн масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баста шудани дарҳои дафтари худ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Тавре масъулони ҲНИТ хабар доданд, дафтари ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нозироти андози ин минтақа ба хотири нагузаштан аз қайди ин ниҳод баста шудааст. Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ин амали масъулини нозироти андози Кӯлобро ғайриқонунӣ донист. Ӯ гуфт, “кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд”.

Муовини раиси ҲНИТ аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки масъулини бахшҳои ҳизб на танҳо дар Кӯлоб, балки дар аксар манотиқи кишвар низ бо чунин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит ин иқдоми масъулини нозироти андози Кӯлобро амали тарҳрезӣшуда ном бурда, гуфтааст: “Мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи додгоҳӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб

ВИДЕО: Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб
Мӯҳр
kuloboy az Kulob
Ами вокеар аз авал хонед ба да сари кулобиё зане

ВАТАНДОР
ИН БОРИ АВВАЛ НЕСТ - БА ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН АЗ АВВАЛ САНГ ПАРТОИ БУД ВА МЕМОНАД = ВА БА КУВВАТ ШУДАНИ ЭМОНИ МУСАЛМОНОН ХАМ МЕМОНАД . ВАЛЛОХУ МАЪАССАОБИРИН .!!!!

Часур Кулоб
Аз бешарафии баьзе бародарон хам хандаи кас меояд хам ба холашон дилат мезусад. Охир то ба кай хукумату давлатро гунахгор карда мегардед? Агар Шумо дар назди мардуми Кулоб хурмату эхтиром медоштед Шуморо бо гулдаста першвоз мегирифтанд. Аз дасти Шумо намояндагони ХНИТ модарон Кулоби чигарбандони худро бо дахони пури сумала ва бо гушу бинии бурида мейофтанду занони Кулоб фарзандони худро ятим ба воя расонда чи азобхое накашидаанд. Боз мехохед, ки дар рохи Шумо Колин партоянд? Шумо шукри давлату хукумат кунед солим аз Кулоб баргаштед! Чавонони Кулоби дар хакикат фикри солим доранду корхояшон дуруст аст. Офарин! Агар поятонро мухтарам намояндагони ХНИТ мурча газад гуед, ки мурчахои хукумати буданд! Фикр мекунед, фариштаи бегунохед, охир чи кадар фахшу фохишагарии хизбатон фош шуда истодааст. Магар то хол шарм карданро пешаи худ накардаед?

salmon
Salom barodaron. dar haqiqat in yak sharmangaiast ,sharmandagii hukumat va millat. Man mutmainam ki in hodisa farmoishi buda va maqomot az habar dosht. In hukumat mardumro ba sulh da,vat menad yo jang meandozad? intavr boshad az in pas hamrohony Kabiriro lozim ast hamrohi hud siloh girifta gardand. Ozodagon hohish chop kun. salomat bosh

Чавон
Часур Кулоб,
Часур Кулоб,
Часур Кулоб,
Часур Кулоб,
Часур Кулоб,
Часур Кулоб,
Нахзат ба зудди Пируз хохад шуд. Мо чавонони бо нангу номус бо шумоем НАХЗАТИЕН!!!

Вокеан якин кардам, ки Нахзат дар масири дурусте, ки каблан Паёмбарон (а.с) бар онрафтаан будааст..
Вокеан якин кардам, ки макомоти давлати, хизби хоким аз нуфузу чойгохи Нахзат ташвишолудааст..
Вокеан якин кардам, ки хокимияти феълии Точикистон тавонеро, ки Нахзатиён доро будаанд, надоштааст..
Худоё кишвари мо ва Нахзати Исломии онро аз шарри фитнагаонри ноухдабаро хифз бинамо..
Мухатмо Гонди мегуяд:
"Агар рузе душман пайдо карди, бидон, ки дар расидан ба хадафи худ муваффак будаи.."
"Агар рузе тахдидат карданд, бидон, ки дар баробарат нотавон будаанд.."

диловаршох,
Бародари гироми! Ин чо сухан дар бораи хизб рафта истодааст, на дар бораи ташкилоти дини ё эхсонкори. Хизб ташкилоти чамъияти хисоб мешавад ва супорандаи андоз мебошад. Иловатан ба маълумоти Шумо мерасонам, ки худи ташкилотхои дини ва эхсонкори тибки Кодекс аз андоз озод мебошанд, ва кормандону хизматчиёне, ки дар ташкилотхои мазкур кор мекунанд хамчун супорандаи андоз хисоб карда мешаванд

аввалан салом ба хама бародарон кормандони кудративу махалли хобанд? бояд ба чои дари хнит-а бастана хамон 10 нафаре ки бадрафтори карданд 6 мох аз озоди махрум мешуданд кучост конун? хукукхои шахрвандон поймол мешавад. агар ин муносибат бо ягон вазир е вакили парлумон мешуд то 7 пуштша говсуд мекарданд аммо ин хнит аст чаноби кабири сабрро пеша кунед мо бо шумоем иншоаллох

Naboyad mahal ba mahal judo kard, ki in hizbro dust medorad va in kor kori in mahallagiho hast..
Hama boyad donad ki in kor dasti "hukumatdoron" ast..

Ба мардуми шарифи Тоичкистон як чиз ро фахмонам ки, гарчанде ки солхои 1992 аз пушти чунин бесаводон ин хукумати мо ба бечорагиву чанг мубадал шуд ин аз худо бехабарон мехоханд боз холати шахрванди Точикитсон аз ин хам бадтар шавад, аммо инро кайд кардан зарур хаст ки давлат, мардуми мо ба чунин бесаводхо аз чумла раиси ХНИТ дар минаткаи Кулоб ниёз надорад ва дар оянда низ нахохад шуд ин пропагандаи бесаводонаи ин раси хаст ки бо ин рох мехохад боз як шуриш бардоранд, лекин ин шуриш хеч фойдаи ба мардуми мо надоранд, як суханро кайд кунам, дар ин матлаб навишта шудааст ки мо гайри давлати хастем ва маоши намегирем аз кормандони маокомоти андози минаткаи Кулоб хохишмандам аз инхо пурсида шавад ки он мошинхо ва он дакадакахои бемаъни онхо аз кучо омада бошад, ба фикри Шумо ин раиси ХНИТ дар минаткаи Кулоб аз кучо даромад дорад то ки зиндаги худро ба пеш барад, албата ин айён хаст макомоти андоз ва амнияти милли минтакаи Кулоб бояд чунин саволхоро диханд то ки забондарози накарда калимаи зуровариро истифода накунанд, агар мутобики конунхои амалкарди ЧТ тахлил карда бароем тамоми хизбхои сиёси ва гайри сиёси ки ба кайд гирифта нашудааст бояд фаъолияти онхо катъ гардад лекин инро кайд кунам ки хакки мардумро бо чанг андохтан хурдан ин дуруст нест БАС МАРДУМРО ФИРЕБ ДОДАН

Маълум аст, ки ин хизб алакай зери пардаи сиёи макомотхои болои гирифта шудааст ва душманони ашадии Ислом мехоханд бо хар рох дини Худоро бархам зананд, аммо хайхот намедонанд, ки наздик аст он рузи сиёхе ки бар сари Намруду Фуръун ва монанди инхо омада буд, биёяд!!!

инхо хамаш душманони ислом хастан барои хами и кора кадиан

Man iftikhor mekunam shumo nazatiyoham boyad iftikhor kunen chun darTojikiston shumo az hama shakhsoni muhimi asten ki tamomi Davlat hamai koroshona memonan ba shumo dikat mekunan yane shakhsoni avalindarajai Tojikiston shumo hasten.
Badan ba hukumat doron guftaniyam ki inoki dar in rohi khudo hastan avvalan mutmain boshed ki muvafak meshavand badash ino ki az hichi shikanja va ozori shumo ozor namebinand chun ino be un oromishi manavi rasidaand badash inoki dar in roh hastan mutmainan ki podoshi dunyo va okhiratro dorand shumo chi na dunyo dorin na okhirat

Nizomi
Ин кадар тарсу будаед ки зуратона ба помидор нишон доден??? Мард бошен як ба як буроен!!!!

kulobi
ех садкатон бшам ,, соф пштии шиахора мегирен ,, ма ами одамо гирди шиаву суфида бинм у одамада ма пайрав намешам , пуштибони намекнм ,,, хубш кадан ,, дофи дига брава санг кати бзананш ,, мардма да таво фреб кадагиян ба акидаи гумрохи хдшон ,, огох бошен ки имруз пага Эмоми Хумайнитона кахрамони точикистон наган !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)